Categories Интихобот

Оё интихобот шаффоф мегузарад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҳамоиши бистумин
солгарди Сарқонуни кишвар ба ҳама сохторҳои марбута бо баргузории интихобот супориш
дод, ки барои баргузории интихоботи парлумонӣ дар сатҳи боло ва ташкили он дар
фазои озод ва шаффоф тамоми шароитро фароҳам кунанд.

Ҳамаи гуфтаҳои боло дар ҳоле аст, ки ҳамеша ҳангоми рӯйдоди ин маъракаи
сиёсӣ дар кишвар садои аҳзоби сиёсӣ дар ғайри шаффоф гузаштани интихобот ва
озодона овоз нагирифтани аҳзобу шахсиятҳо ва дуздани овозҳо баланд мешавад.

Ба суоли он ки “Президент дастури баргузории
интихоботи шаффофро доданд, ба фикри Шумо бо қонунҳои ҷорӣ ва шароите, ки дар
ҷомеаи мо вуҷуд дорад интихоботи оянда то чӣ ҳад шаффоф мегузарад?” ба якчанд
рӯшанфикрон муроҷиат кардем!

Оро Маъруфпур, рӯзноманигор: Интихобот ин як навъ санҷиши ҷомеа мавриди демократия аст. Вале иллат дар он
аст, ки дар шакл ва мазмуни маъракаи интихобот амалдорон дар зери тафаккури
шахшудаи шӯравӣ мондаанд. Хоса дар маҳалҳо кулли захираҳои ҳукумати маҳаллӣ ба
он равона карда мешавад, ки номзади дилхоҳи ҳукумат пирӯз шавад. Ёд дорам, соли
2000 дар газетаи ноҳиявии як минтақаи шимоли ҷумхурӣ ду ҷумла хабар нашр шуда
буд, ки мулоқоти Нурӣ бо интихобкунандагон доир гардид. Худи ҳамон рӯз 7000
нусха тиражи газетаро аз типография гирифта, оташ заданд ва як хабарро оиди
наслгирии чорво гузошта газетаро аз нав нашр карданд. Боварӣ дорам, ки тасмими
Президент бобати шаффовияти ин маърака хуб аст. Ба шарте ки дар маҳалҳо роҳбарони тамаллуқкор ин шаффовиятро
зери суол қарор надиҳанд.

Раҳматуллоҳи Раҷаб, коршинос: Аввалан дар
интихоботи солм 2010, президент худро кафили интихобот номида
буд. Акнун супориш дод, ки бояд интихобот шаффоф
баргузор шавад. Инчунин ба комиссияи нав зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид
дошт, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои
эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии
интихоботӣ бояд барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин карда
шавад.Вале ман бовар надорам агар чунин мебуд. Ба қонуни Конститутсиони ҶТ дар
бораи интихобот тағйиру иловаҳоро дар бораи қабули узви участкаҳо аз ҳизбҳои
сиёсӣ қабул мекарданд. Дар интихобот танҳо ҳамон қуттиҳо шаффофанду халос, яъне
интихобот дар Тоҷикистон шаффоф ва демократӣ нахохад буд. Ҳатто бо қонуни нави қабулкардаашон участкаҳои интихоботӣ дар Руссия бударо аз
24 то ба 3 участка поин оварданд. Ин аз он далолат
мекунад, ки райъи мардуми муҳочирбударо ба нафъи
худ медароранд.

Сафари Саид,
муҳочире, ки тули 20 сол шуд дар ғарибӣ аст мегӯяд, гумон мекунам дар ҷомеае,
ки 23 сол як нафар роҳбарияш мекунад хеҷгох ягон интихобот шаффоф нахоҳад
гузашт! Интихоботҳо дар кишвари мо масрафҳои беҳудаанд ва саҳнаи ҳаҷвиро
мемонад! Ҳама медонанд ин, ки маърака як бозии ҳаҷвӣ аст ва ҳама чун масхарабоз
дар он иштирок мекунанд,. Ҳарчанд, ки медонанд интихобот дар кишвари мо таинӣ
аст! Вале ҳукуматдорон бояд фаромӯш накунанд, ки соли 2015 соли 2010 нест! Дар
соле таҳавулоту инқилобҳои хунини ҷаҳонӣ ҳушёр бошанд ва дар пайи интихоботи
шаффоф бошанд!

Шокирҷон Ҳакимов,
ҳуқуқшинос: Бори аввал нест, ки президент ба таври расмӣ тариқи садою симо ва нашрияҳо ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои дахлдор дастур медиҳад, ки аз дахолат ба раванди интихобот худдорӣ намуда баргузории интихоботи шаффофро таъмин
намоянд. Вале чунин ба назар менамояд, ки дар сатҳҳои мухталифи идораи давлатӣ маркази алтернативие вуҷуд дорад, ки дастури президентро инкор карда бар хилофи қонун ва манфиатҳои миллӣ амал мекунанд.

-Ҳамагӣ дар чанд ҳавзаи интихоботӣ шахсиятҳои боэътибори ҷомеа нияти иштирок карданро
дар интихобот доранд. Ва маҳз дар чунин ҳавзаҳо баъзе кормандони давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муқобили номзадҳои арзандаи заминаи иҷтимоии қавӣ дошта шахсони тасодуфӣ аз илм ва таҷрибаи сиёсӣ ноогоҳбударо номзад ба вакилӣ пешбарӣ намуда, бар хилофи рақобати солим бо тафриқаандозию иғвогарӣ машғул мешаванд. Дар натиҷа интихобот на воситаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳусни тафоҳуми нирӯҳои созандаи ҷомеа, балки боиси зиёдтар гардидани эътироз ва муташанниҷ шудани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар ҳавзаи мушаххас ё минтақа мегардад.

-Агар интихоботи ҳаққонӣ баргузор гардад тақрибан
30%-и ҳайъати Маҷлиси Намояндагон вакилони ҳизбҳои дигар ва номзадҳои мустақил
мешавад, ки боиси беҳтар гардидани сиффати қонунҳо ва масъулияти вакилон низ
мешавад. Аммо барои дарки моҳияти масъала дар робита ба зарурати интихоботи
шаффоф фаросати сиёсӣ ва хиради давлатдорӣ ва дарки масъулияти миллӣ зарур аст.
Бо баҳонаи интихобот таваҷҷуҳи шаҳрвандонро ба таҳлилу баррасии масъалаҳои
мубрами давлатдорӣ ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ҷалб намудан бояд стратегияи интихобот
бошад. Мардум тассавуроти кофӣ дар бораи шахсиятҳои алоҳида ва ҳизбҳои сиёсӣ
бояд дошта бошанд ва дар асоси шунидану дидан ва муқоисаи барномаҳои
пешазинтихоботии номзадҳо мавкеи худро муайян кунанд. Ва дар интихобот огоҳона
иштирок бикунанд.

-Миллат пешвоҳо ва шахсиятҳои боистеъдоди зиёд
дорад ва маҳз интихоботи озоду хаққонӣ метавонад дар ин хусус афкори мусбати ҷамъиятиро
ташаккул додад. Тарсу ҳарос, маддоҳию бегонапарастӣ ва аз ҳама муҳимаш манқуртшавии
миллатро пешгирӣ намояд. Ҳамин
тавр агар ин интихобот ҳам ба мисли интихоботҳои дигар таҳти фишору таҳдид ва
дахолати ғайриқонунии идораю муассисаҳои давлатӣ баргузор гардад, пас гуфтан
мумкин аст, ки ё президент самимӣ набуд. Ё дар маъмурияти президент ва дигар
сохтторҳои давлатӣ шахсоне кору фаъолият мекунанд, ки президентро ҳамчун
сардори давлат эътироф намекунанд ва ба манфиатҳои гурӯҳии худ авлавият медиҳанд.

Қобили зикр аст,
ки зимни суханронии худ раисҷумҳури кишвар дар бораи рақобаташ бо пракурори
вақти ноҳияи Данғара ва фишорҳо ба худашон ҳам ёдовар шуданд. Аммо маълум нест,
ки ин суханро масъулин барои таъйиди амалҳои ғайриқонунии худ истифода хоҳанд
кард ё аз он дарси ибрат гирифта инбор ба интихобот дахолат намекунанд.

Ба ҳар ҳол то
куҷо ин ваъдаи президенти кишвар амалӣ мешавад, инро вақт нишон хоҳад дод ва
рӯзи 2 –юми март хоҳем дид, ки масъулини ҳукумат то чӣ андоза ба дастуроти роҳабари
давлат арзиш қоиланд.

More From Author

You May Also Like