Categories СИЁСАТ

Оё тағйиротҳои дар ҳукумат сурат гирифтаро ислоҳот гуфтан мумкин аст?

Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи ҲНИТ: “Ман онро ҳаргиз ислоҳот ҳисоб намекунам, Ин танҳо иваз кардани ҷои муҳраҳо дар таҳтаи шоҳмотро мемонад. Агар ислоҳот сурат мегирифт бояд ҳамаи вазирон куллан бо кадрҳои ҷавон иваз мешуданд. Мутаассифона, чунин нашуд ва соли дигар ягон беҳбудиро интизор шудан нашояд.”

Исфандиёри Назар, шоир ва зиёӣ: “Рости гап, ман ин тағйиротҳои кадрии ҳукуматро тозакориву дигаргунӣ ҳисоб карда наметавонам. Ҳеҷ, ҳамон Аҳмади порина! Ин чӣ гуна тағйирот аст, ки тағоро аз кор мегиранду хоҳарзодаро ба ҷояш мегузоранд?! Охир ин тақсими мерос, ки нест.”

Ёқуби Саид, хабарнигор: “Тағйироте, ки то имрӯз сурат гирифт, ҳаргиз ислоҳот нест. Тақрибан ҳамаи онҳое, ки соҳиби вазифаҳои нав шуданд, аз қабл баон ошно буданд ва узви ҳамин команда буданд. Мутаассифона, ҳатто нафареро аз инҳо ислоҳотхоҳу навовар номидан иштибоҳ аст. Зоҳиран ин ҳукумат ислоҳот ва тағйиротеро ба роҳ монда наметавонад. Иваз кардани номи чанд вазорат ва интиқол додани кадрҳои аз даврони шӯравӣ меросмонда аз курсӣ ба курсии дигар ислоҳот нест.”

Умед Ҷайҳонӣ, фарҳангшинос: “Ин тағйиротро ислоҳот намедонам. Аз ин ки якеро аз нахуствазирӣ гирифтанду дигареро ба ҷояш гузоштанд, кор ислоҳ намешавад, магар ин ки аз ихтиёроти раисҷумҳур кам кунанд ва бар ихтиёроти нахуствазир бияфзоянд, то воқеъан раиси давлат бошад.”

Аюб Эгамов, коршинос: “Чи хеле ҳамаи коршиносон аз қабл назарпардозӣ карда буданд, дар ҳукумат ҳамин хел тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Вале инро ислоҳот гуфтан мумкин нест, зеро кадом шахсияти ҷадид ё амали инқилобие пайдо нашуд. Аз вилоятҳо гирифтанду ба вазоратҳо оварданд ва баръакс касонеро, ки аз вазоратҳо холӣ карданд ба вилоятҳо ва ё маҷлисҳои сатҳи гуногун мефиристанд. Номгӯйи чанде аз вазорату кумитаҳоро каме тағйир доданд, агарчи ҳайат ва салоҳияти он боқӣ монд. Хуллас, аз ин ҳукумати нав ягон пешравиро дар 7 соли оянда интизор шудан аблаҳист!”

More From Author

You May Also Like