nahzat.tj
Намояндаи Додситонии кул ба пурсиши Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар Бадахшонро оғоз кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, яке аз айбҳое, ки бо он Мамадбоқировро муттаҳам мекунанд, ташкили гирдиҳамоӣ дар назди бинои ҳукумати шаҳри Хоруғ будааст. Ин гирдиҳамоӣ, ки рӯзи 11-уми август барпо шуда буд “ғайриқонунӣ” будааст.
Ин эътирозот пас аз ҳалокати ду шаҳрванд, аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дар постгоҳи Бидурд, дар майдони назди шаҳрдории Хоруғ, баргузор шуда буд.
Дар он гирдиҳамоӣ зиёда аз 500 сокинони шаҳр, асосан ҷавонон ширкат варзида, ба дунболи ваъдаи мақомот дар мавриди оғози парвандаи ҷиноӣ ва таҳқиқи мунсифонаи ҳодиса, пароканда шуда буданд.