Categories Uncategorized

400 тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифтанд

Мақомоти давлатӣ дар устони Красноярск дар минтақаи Сибири Русия аз ибтидои соли ҷорӣ ба 400 тоҷик мақоми шаҳрвандӣ эъто кардаанд.

Ба гузориши “tajik.irib.ir”, ба нақл аз хабаргузории идораи Хадамоти муҳоҷират дар устони Красноярск, тайи ҳашт моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар ин минтақа як ҳазору 884 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба унвони коргарони муҳоҷир фаъолият мекунанд ва дархости касби шаҳрвандии Русияро матраҳ намдуданд, посухи мусбат дода шудааст.

Тибқи хабаргузорӣ, аз ин теъдод, 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бар асоси ин гузориш, тайи ин муддат афроди зиёде барои пайдо кардани кори муносиб ба ин устон омадаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор доранд.

Бо ин тартиб Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия эълом кардааст, ки дар охирҳои тобистони соли ҷорӣ дар қаламрави ин кишвар 5 миллиону 166 ҳазор нафар коргари муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври расмӣ ҳузур доштаанд, ки 1 миллиону 100 ҳазор тан аз ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

More From Author

You May Also Like