Categories БА СУИ НУР

Панду андарз

Чашм бикшову нигар ҷумла Каломуллоҳро,
Оя-оя ҳамагӣ маънии Қуръон адаб аст.
(Мавлонои Балхӣ)

КАЛОМИ ҲАҚ
Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонадони худро аз оташе раҳо намоед, ки ҳезумаш одамизод ва сангпораҳост.(«Таҳрим», ояти 6)
Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад,барои ӯ кушоиш мебахшад. Ва аз ҷое барояш ризқ медиҳад, ки дар ҳисобаш набуд. («Талоқ», оятҳои 2-3)
Эй касоне, ки имон овардаед,агар шумо аз Худо битарсед, бароятон василае барои ҷудоии ҳақ аз ботил медиҳад ва тамоми гуноҳҳоятонро мепушонад, шуморо омурзиш мекунад. Ва Худованд дорои фазилати бузург аст. («Анфол», ояти 29)
Ҳеҷ мард ё зани муъмине ҳақ надорад, чун Худо ва Расули Ӯ кореро дастур дод, ихтиёре дошта бошанд. Он ки Худо ва Расули Ӯро исён мекунад ошкоро ба гумроҳӣ рафтааст.(«Аҳзоб»,ояти 31)
Оё шумо чунин мепиндоред, ки шуморо беҳуда офаридаем? Ва шумо ба сӯи мо боз намегардед? («Мӯъминун», ояти 115)

АҲОДИСИ ШАРИФ
Ҳар кӣ имон ба Худо ва рӯзи охират дошта бошад, бояд ҳақиқатро гӯяд, ё хомӯш нишинад.
Мӯъмин дар баробари дигар мӯъминон ба монанди сар аст аз бадан, аз дарди мӯъминон азият мекашад, ҳамчуноне, ки тамоми бадан ба дарди сар шариканд. (Ривояти Аҳмад ва Албонӣ низ саҳеҳ гуфтааст)
Ҳар ки ба бародари мусалмонаш зулме карда бошад, дар мол ё обрӯяш, бояд онро имрӯз баргардонад, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки на мол дорад ва на динор ва дар он рӯз амалҳои хуб ва бад ҳастанд. (Ривоти Бухорӣ)
Ҳеҷ зишткорие дар байни мардуме пайдо нашудааст ва мардум онро эълон накардаанд, магар ин ки дар миёни онҳо бемориҳое паҳн мегардад, ки дар пешиниён набуд. Ва дар вазну дар тарозу намезананд, магар ин ки онҳо гирифтори қаҳтӣ, сахтӣ ва зулми шоҳон қарор мегиранд. Ва закотро манъ намекунанд, магар ин ки аз оби борон маҳрум мешаванд. Ва агар чорвоҳо намебуданд, як қатра ҳам намеборид. Ва аҳди Худову Паёмбарро намешикананд, магар ин ки душмани бегона болояшон ҳамла мекунад ва он чи дар даст доранд, меситонанд. Ва агар имомони онҳо ҳукмро аз рӯи китоби Худо накунанд, дар байни худашон даргириҳо ба вуҷуд меояд. (Ривояти Байҳақӣ)

ПАНДИ БУЗУРГОН
Ҳеҷ ҷои дунё мисли Ватан азиз нест ва ҳеҷ кас набояд аз Ватан ронда шавад, ё ба тарзи зӯрӣ аз он маҳрум карда шавад. (Устод С. А. Нурӣ)
Ба андешаи банда нуктаи асл ва зарурӣ фарҳанги мусалмонии мост, зеро аксарияти қотеъи мардуми Тоҷикистон мусалмонанд;чи тоҷик, чи узбек, чи лақай, чи тотор ва чи ҳизбӣ ва чи ғайриҳизбӣ ба ин ақида гароиш доранд ва оммаи мардум ин низомро бештар мешиносанд ва ба асосҳои он пойбанданд. (Устод С. А. Нурӣ)
Дар Ислом бисёрмазҳабӣ вуҷуд дорад, дар дохили як дин мазоҳиби мухталиф арзи ҳастӣ доранд. Бисёр донишмандон онро ҳамчун раҳмат бар уммати исломӣ меҳисобанд. (Устод М. Ҳимматзода)
Таърихи гузаштаи дини мубини Ислом аз замони зуҳур то ба имрӯз бозгӯи он аст, ки ин дин аз гуногунфикрӣ ҳимоя мекунад. (Устод М. Ҳимматзода)
Эй хуфта дар ғафлат, ҳавои симу зар аз сина вогузор, ҳол он ки вақт аст, тухми тақво дар сина бикор. (Эшони Тураҷон)
Ҳар касе метавонад бинависад, вале ҳар касе наметавонад биофарад. (Эшони Тураҷон)
Он неъмате насиби мо аст, ки қадри онро медонем, вагарна аз сурати зебо барои кӯр чӣ ҳосил. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Созандагони марому маслак агар сар аз гӯр бароваранду бубинанд афкорашон ба дасти чӣ касоне афтода ва ба чӣ сурат даромада ва чӣ ҳосиле дода,аз хиҷолат хоҳанд мурд. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Ҳасодат намегузорад бидонем ин муваффақият, ки насиби дигаре шуда ба чӣ қимат ва хуни диле ба дасти ӯ омада, мегӯем кори бахту иқбол аст, то айби бетадбирӣ ва коҳилии худро бипӯшонем. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Таҳсили илм ҷиҳати луқмаи дунявӣ чӣ мекунӣ? Ин расан аз баҳри он аст, ки аз ин чаҳ бароянд, на аз баҳри он ки аз ин чаҳ ба чоҳҳои дигар фурӯ раванд. Дар банди он бош, ки бидонӣ, ки ман киям ва чӣ ҷавҳарам? Ва ба чӣ омадаам ва куҷо меравам?…. (аз мақолоти Шамси Табрезӣ)
Андар талаби Дӯст ҳамешитобам,
Умрам ба карон расиду ман дар хобам.
Гирам, ки висоли Дӯст дархоҳам ёфт,

Ин умри гузаштаро куҷо дарёбам. (аз мақолоти Шамси Табрезӣ)
Арсаи сухан ба дарозасту фарох. Ҳар кӣ хоҳад мегӯяд, чандон, ки хоҳад.

Гуфтам: Арсаи сухан ба танг аст, арсаи маънӣ фарох аст. Аз сухан пештар о то фарохӣ бинӣ ва арса бинӣ. (аз мақолоти Шамси Табрезӣ)
Худои таъоло хирадро бар некӯтарин сурате биофарид ва фармудаш бирав, бирафт. Пас фармуд биё, биомад, он гоҳ ӯро гуфт:дар ҳама олам наофаридам чизе некӯтар ва бузургвортар аз ту ва ҳама халоиқро савобу иқоб ба ту хоҳам додан. (Имом Ғаззолӣ)
Саид ибни Ҷубайр гӯяд: ҳаргиз либосе надидам некӯтар аз хирад, ки мардум дарпӯшад, то агар шикаста шавад,дуруст кунадаш ва агар биафтад, бардорадаш ва агар хорӣ расад, азиз кунадаш ва агар аз чоҳе дарафтад, баркашадаш ва агар дарвеш шавад, тавонгар кунадаш. (Имом Ғаззолӣ)

Чун одамӣ аз модар ба дунё ояд, ангуштони дасти ӯ мақбуз (қабзкардашуда) бошанд, ва чун вафот ёбад ангуштони дасти ӯ мабсут (кушода) монанд. Пас қабзи панҷаҳо дар ҳолати вилодат ишора ба қабзи дунёро дорад ва кушодани панҷаҳо дар ҳоли назъи ҷон ишора ба тарки дунёро дорад. (Зиёуддини Нахшабӣ)

Вақте марде дар ҳолати пирӣ тавба кард, уро гуфтанд: ту дар тавба ҳам таъҷил кардӣ ва ҳам оҳистагӣ намудӣ, он ки оҳистагӣ кардӣ, он буд, ки тавбаро то пирӣ таъхир доштӣ ва он ки таъҷил намудӣ, он аст, ки пеш аз марг тавба кардӣ.

Фароҳамсоз
М. Асозода

More From Author

You May Also Like