Categories БА СУИ НУР

Панду андарз

Эй ки рӯҳат сахт побанди ғами дунё шуда,
Мекунад Қуръон туро аз ғам раҳо, Қуръон бихон.
АЗ КАЛОМИ ҲАҚ
– Баъзе аз мардум касонеанд, ки мегӯянд: имон овардем ба Худо ва ба рӯзи бозхост, ҳол он ки муъмин нестанд. Фиреб медиҳанд Худо ва муъминонро, лек дар ҳақиқат намефиребанд, магар худро ва огоҳ намешаванд. Дар дилҳояшон беморист (аз куфру нифоқ), пас афзун дод ба онҳо Худо ин бемориро ва ишонрост азоби дарднок ба сабаби дурӯғ гуфтан (сураи «Бақара», 8-10).
– Яқинан онҳое, ки кофар шуданд, ҳаргиз бартараф накунад аз болояшон чизеро (азобро) на молу на фарзандон, инҳоянд оташангези дӯзах. Ҳоли инҳо монанди ҳоли одамони Фиръавн аст ва онҳое, ки пеш аз фиръавниён буданд ва такзиб намуданд (дурӯғ шумурданд) оёти Моро, пас азоб кард онҳоро Худо ба сабаби гуноҳашон ва Худо сахткӯб аст.
Бигӯ (ай Муҳаммад), кофирҳоро, ки мағлуб ва ҳашр хоҳед шуд ба сӯи дӯзах, ки бад ҷойгоҳест он (сураи «Оли Имрон», 10-12)
– Ҳар кӣ итоъат кунад Худову Расулро, пас ин гурӯҳи итоъаткор ҳамроҳи касонеанд, ки Худованд инъом карда барояшон, ки (онҳо) паёмбарону содиқон ва шаҳидону солеҳонанд, некӯ рафиқанд ин ашхоси (мунъим)(сураи «Нисо», 69)
– Нест хубие дар машваратҳои пинҳонии онҳо, лек хубиву некӣ дар машварати касест, ки мефармояд ба садақа додан ё кори хубу нек ё ба ислоҳ намудан миёни мардум. Ҳар кӣ ин корҳои некро ба хотири талаби ризои Худо бикунад, бидиҳемаш аҷру савоби бузурге (сураи «Нисо», 114)

АЗ АҲОДИСИ ШАРИФ
Эй бандагони Ман! Шумо гумроҳед, магар он касе, ки ҳидоят кунам. Пас аз Ман ҳидоят талабед, ҳидоятатон мекунам.
Эй бандагони Ман! Шумо ҳама гуруснаед, магар онҳое, ки Ман серашон кунам. Пас шумо аз Ман таъом хоҳед, то сератон кунам.
Эй бандагони Ман! Шумо ҳама бараҳна ҳастед, магар он касе, ки ӯро пӯшонам. Пас шумо аз Ман пӯшиш талаб кунед, то бипӯшонам шуморо.
Эй бандагони Ман! Шумо ҳама шабу рӯз хато мекунед ва Ман тамоми гуноҳонатонро мебахшам. Пас аз Ман омурзиш талабед, то биомурзам шуморо, (Ҳадиси қудсӣ, ривояти Тирмизӣ)
– Мардест роҳи дарозро тай карда, мӯйҳояш парешон бо либоси ғуборолуд. Дастони худро тарафи осмон бардошта мегуяд: Худоё, Худовандо, дар ҳоле, ки таъомаш ҳаром, нӯшокиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва ғизояш ҳама ҳаром аст, пас аз куҷо дуъояш қабул мешавад? (Ривояти Муслим)
– Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти Ӯст, шумо ё амри маъруф ва наҳйи мункар мекунед ё ин ки Худованд бар сари шумо азобашро равон мекунад. Он гоҳ ҳарчанд дуъо кунед, иҷобат карда намешавад, (Имом Тирмизӣ)

АЗ ҚАВЛИ БУЗУРГОН
– Рӯзе он ҷаноб парандаеро бар дарахте диду фармуд: Ай паранда, бар ту муборак бод! Қасам ба Худо, дилам мехоҳад мисли ту бошаму ба ҳар дарахте мехостам, менишастам, чӣ мевае дилам мехост, мехӯрдам, зеро бар ту на ҳисоб асту на азоб, (ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р))
– Қасам ба Худо, ман ҳеҷ гоҳ хилофатро хоҳиш надоштам, ҳаргиз инро аз Худо нахостам; на дар танҳоӣ ва на ошкоро, (ҳазрати Абубакри Сиддиқ)
– Бо бузургсолон ва мӯйсафедон якҷоя роҳ марав! Зеро агар онҳоро аз худ муқаддам дорӣ, яъне пеш гузаронӣ, ин кор ба илмат хорӣ ва латма оварад, агар худат аз онҳо пеш гузарӣ, ба шаъни ту лоиқ набошад, зеро онҳо дар синну сол аз ту бузургтаранд. Паёмбар (с) дар ин маврид фармуд: Касе ба калонсолони мо эҳтиром нагузорад ва ба хурдсолони мо раҳму шафқат накунад, аз мо нест, (аз пандҳои Имоми Аъзам ба шогирдаш Имом Абӯюсуф)
– Ҳеҷ гоҳ бар сари роҳ манишин, агар маҷбур шудӣ барои дар берун нишастан, пас дар масҷид бинишин.
Дар дӯконҳо манишин, дар бозору масҷид чизе махӯр, (Имоми Аъзам)
– То вақте ҳукм дар Қуръону ҳадис ошкор ва зоҳир аст, дар он иҷтиҳодро дахл набояд дод. Агар хилофи он дар кутуби муҷтаҳидин барояд ҳам, чашм бояд пӯшиду тамассук бо Қуръону ҳадис кард, вагарна насхи Қуръон аз қавли муҷтаҳид лозим ояд.
Аз ин ҷиҳат Абуҳанифа (р) гуфтааст: Агар қавли маро мухолиф ба ҳадис ёбед, ба девор бизанед онро.
Боре ҳам дар ин маврид гуфтааст: Ҷоиз нест амал кардани касе, то оне, ки надонад, ин сухан аз куҷо гуфтаам», (Аллома Аҳмади Дониш)
– Инсонро нафси шаҳвонӣ ва шайтонӣ ба сӯи маъюсиву гуноҳ тела медиҳад. Ин ҳама қонуншиканиву харобкориҳо дар ҷомеъа ба хотири он аст, ки нафсу шайтон бар мардум ғолиб шудаанд, (устод С. А. Нурӣ)
– Худованд аз бас мехоҳад, ки бандагонаш ҳақиқаткору адолатпеша бошанд, мефармояд: Адолатпеша бошед, он ба тақво наздик аст.
Аз ин маълум мешавад, ки тақво меҳвари адолатпешагӣ, ҳақиқаткорӣ ва тамоми корҳои хуб аст. Аз дигар ҷониб тақво кушояндаи гиреҳи ҳамаи мушкилот буда, наҷотбахши бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоъӣ ва сиёсист, (устод С. А. Нурӣ)
– Дар ҳақиқат миллате, ки зеҳн ва фикри мустақил надорад, наметавонад дар боқӣ шууни зиндагӣ мустақил бошад. Вобастагиҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва низомиву сиёсӣ аз вобастагиҳои зеҳнӣ ба вуҷуд меоянд. Барои ҳамин бояд бикӯшем, то пеш аз ҳама ҳувияти миллӣ дошта бошем. Яъне нангу номуси миллӣ дар ҳимояи ақидаву фарҳанг, урфу одат, марзу бум, умуман тамоми муқаддасот доштан лозим аст, (устод С. А. Нурӣ)
– Ин неъмати бузург, даъват ба Ислом ба гузаштагонамон насиб накард. Агар фарҳанги имониву исломӣ касеро фаро гирифта бошад, ин як давлат аст. Дар ин роҳ кас бояд аз молу манол маҳрум шавад, захмин гардад ва шаҳодат диҳад, (устод С. А. Нурӣ)
– Дар суҳбате устод Нурӣ пурсид: Чаро Худованд парандаро болотар аз ҳар махлуқи дигар ҷойгоҳ додааст, дар авҷи осмон?
Ва худ посух медиҳад: чунки парранда амири нафси худ аст….
Иловатан мепурсад: Чаро абрро боло, Офтобу Моҳтоб ва ситорагонро аз ҳама болотар ҷой додааст?
Худ мегуяд: Барои он ки онҳо ҳама бахшандаанд, чизе тамаъ надоранд, (Раҳими Мусулмониён).
– Пеши бузурге, пас аз салом лаб бибанд: мева пас аз гул, то аз навозиши офтоб наболаду нарасад, бӯй намедиҳад, (Раҳими Мусулмониён)
– То мапурсанд чизе магӯ. Замин шудгор нашавад, тухм намепошанд; агар гӯш накунанд, хомӯш бош, бо мурдаю нафари хуфта сухан намегӯянд.
Даҳон кӯза аст, кӯзаи асал ё заҳр, пас бояд донӣ, ки дар куҷо мерезӣ, (Раҳими Мусулмониён)
Бузургмеҳри ҳаким гӯяд: Агар хоҳӣ, ки аз абдол гардӣ (яке аз табақаи авлиё, ки ададашон то ба ҳафтод тан мерасад), таҳвил кун ба хӯи кӯдакон.
Гуфтанд: Чӣ гуна?
Гуфт: Андар кӯдакон панҷ хислат аст, агар он дар бузургон будӣ, ба ҷои абдолон расидандӣ: яке он ки ғами рӯзӣ нахӯранд ва дигар он ки чун бемор шаванд, аз Худои таъоло гила накунанд. Сеюм бо якдигар хӯранд он чизе ҳаст, чаҳорум чун бо якдигар ҷанг кунанд, кина нагирифта, зуд оштӣ кунанд. Панҷум бо андак бим битарсанд ва об дар чашм оваранд, (Имом Ғаззолӣ)
Бузургмеҳр гӯяд: Се гурӯҳанд, ки ғаму андӯҳ доранд: яке дӯсте, ки аз дӯсти хеш ҷудо шавад, дувумӣ падари меҳрубон, ки фарзандро гум кунад. Савуми тавонгаре, ки дарвеш шавад, (Имом Ғаззолӣ)

Фароҳамсоз
М. Асозода

More From Author

You May Also Like