Categories Ахбори рӯз

Панҷакент: Баҳси тахриби дафтари ҲНИТ анҷом наёфтааст

Ҳукумати иҷроияи шаҳри Панҷакент ба мактуби Р. Мутиҳов, узви раёсати ҳизб дар Панҷакент дар мавриди пардохти зарари тахриби бинои ҳизб ҷавоб додааст

Тавре Сино Ҳасанзода, раиси бахши ҳизб дар Панҷакент ба “Наҳзат.тҷ” хабар дод, ҳукумат ба ивази бинои тахрибшуда дар бозори “Деҳқон” нуқтаи тиҷоратӣ пешниҳод кардааст. Мақомот ин тасмимро бар он асос кардаанд, ки бинои тахрибшуда дар гузашта дукони тиҷоратӣ буд ва ҳоло пардохти зарар ҳам дар ҳамин асос сурат мегирад, яъне ҷуброн нуқтаи тиҷоратӣ дар бозор.
Агарчи дафтари бахши ҲНИТ дар гузашта ҳамчун мағозаи молҳои хоҷагӣ ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар он ҷо фаъолияти тиҷоратӣ не, балки фаъолияти ҳизбӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо ҳукумати маҳаллӣ барои қисман гирифта шудани бинои ҳизб ду дуккони тиҷоратӣ дар бозори нав, ки сохтмони он идома дорад, пешниҳод менамояд. Вале барои ин ду дуккони тиҷоратӣ аз мо падохти наздик ба 20 – ҳазор сомонӣ тақозо мешавад. Агар маблағи дуконҳои навро пардохт намоем, пас ҷуброни зарар аз ҷониби ҳукумат аз миён меравад, чун дукони нав харидорӣ мешавад.
Ҷои ёдоварист, ки чанде қабл мақомот дар Панҷакент ваъда дода буданд, ки барои дафтари ҲНИТ аз мавзеъҳои наздик ба шаҳр қитъаи замин ҷудо мекунанд, вале ин ваъда то ҳол амалӣ нашудааст.

More From Author

You May Also Like