Ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон суолоти зиёде дар ростои аҳкоми рӯза ба назар мерасад. Аз ин гуна суолот, албатта, чунин бардошт мешавад, ки ҷомеа мехоҳад ҷиҳати талаботу аҳкоми Худованд дар бораи рӯзадорӣ бештар дониста бошад. Бо бардошт аз ин тасмим гирифтем, ҷиҳати равшанӣ андохтан ба баъзе масоили рӯзадорӣ ҳузури Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси кумиссиюни тафтишоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чанд суолеро матраҳ намоем.
– Ҷаноби Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, нахуст аз фурсати муносиб истифода намуда, Шуморо бо фарорасии моҳи пурфайзи Рамазон табрику муборакбод мегӯям.
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва салому дуруд ба Паёмбари гиромиву олу асҳобашон. Ва ташаккури зиёд, шуморо низ ба ин моҳи муборак табрику муборакбод гуфта, ҳамчунин фарорасии ин моҳи шарифро ба кулли мардуми кишвар муборакбод намуда, дуогӯи онам, ки сулҳу салоҳ дар хонадони мардуми мусалмон ҳукумфармон бошад.
– Назари Шумо дар робита ба масъалаи ифтор намудани рӯза барои афроде, ки дар аснои гармо зери офтоби тафсон кор мекунанд, чӣ буда метавонад ва дар умум, тибқи аҳкоми шаръ, барои чанд тоифа мардум иҷозаи ифтор намудани рӯза дода шудааст?
– Бояд гуфт, ки Худованд азза ва ҷалла бандагонашро маҳз барои озмоиш халқ кардааст. Аз ин рӯ, барои бандагони худ дастуру супоришҳое додааст, ки бандаи сипосгузори Ӯ бояд супоришоти Аллоҳи худро иҷро намояд.
Тибқи аҳкоми Ислом, воқеъан, барои ду тоифа мардум иҷоза аст, ки дар моҳи мубораки Рамазон рӯза нагиранд. Ин гурӯҳҳо беморон ва мусофиронанд.
Дар гурӯҳи аввал барои ҳама навъи беморон иҷоза ҳаст, ки рӯзаи худро ифтор намоянд. Бубинед, дар мазҳаби Имом Шофеӣ (р) хӯрдани рӯза барои он беморе иҷоза дода шудааст, ки ҳалоки нафс доранд, яъне имкони фавти онҳо вуҷуд дорад. Вале агар хавфи ҳалок шудани он бемор набошад, иҷозат нест, ки рӯза нагирад. Вале дар мазҳаби Имом Абуҳанифа (р) бо ривоёт аз Ибни Аббос (р) мегирад беморе, ки захм ё табаш баланд шудааст, имкон дорад, рӯзаи худро ба рӯзи дигар монад. Яъне ба ибораи дигар гирифторони ҳар навъи бемориро Худованд иҷозат додааст, ки ифтор кунанд. Вале бояд бемор дар ёд дошта бошад, ки рӯзҳои рамазониеро, ки ифтор кардааст, дар рӯзҳои баъдӣ рӯза мегирад.
Тоифаи дигар, ки иҷозаи ифтор намудан доранд, тавре дар боло гуфтем, мусофиронанд. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривояти дигарест, ки гуфт: “Дар яке аз сафарҳо Паёмбари Худо (с) дид, ки мардум издиҳом намуда ва болои сари шахсе соя кардаанд”. Фармуд: “Ӯро чӣ шудааст?” Гуфтанд: “Рӯзадор аст”. Фармуд: “Дар сафар рӯза доштан кори писандида нест”, алалхусус дар он сафар, ки машаққатовар бошад. Вале агар барои мусофир имконият бошад, ки рӯза гирад, пас, рӯза доштани он мусофир ҷоизу хубтар аст.
– Баъзеҳо мегӯянд, ки барои шифо ёфтани зуком дар бинӣ дору чаконидан, ба монанди «нафтизин» рӯзаро ботил месозад, Шумо чӣ мегӯед?
– Афроде, ки бинӣ ё дигар узви баднашон дардманданд ё ягон иллат дорад, метавонанд ифтор намуда, дору истеъмол кунанд ва баъдан, ба ҷойи ҳамон як рӯзи бемориашон рӯза доранд. Бубинед, Ибни Аббос рӯзаашро ифтор намуд, аз ӯ пурсиданд, ки «чаро рӯзаатро ифтор кардӣ?», гуфт, ки «ангуштам захмӣ шудааст». Яъне тавре гуфтем, ҳар навъи беморие, ки бошад, Худованд иҷоза додааст, то фарди мусалмон ифтор намояд.
– Афроде фатво дарёфт кардаанд, ки ҳини дар фасли гармо омадани моҳи Рамазон набояд рӯза бигиранд. Оё ин андеша асос дорад?
– Дар гузашта чунин ҳарф вуҷуд дошт, ки дар гармои тобистон мардум ифтор намоянд ва баъдан, рӯзаи худро дар дигар рӯзҳо бигиранд, вале ин гуфтаҳо ягон асосе дар Ислом надоранд. Ва он хабарҳое, ки гӯё Ислом иҷоза дода бошад, то нафари мусалмон чанд миқдор об бинӯшад, дурӯғанд.
– Пас, афроди коргар дар ин айёми гармо зери офтоби сӯзон чӣ кор бояд кунанд?
– Афроди коргар ҳам дар ин айёми Рамазон бояд рӯза бигиранд. Ин гармое, ки дар кишвари мо ҳаст, дар муқоиса ба дигар давлатҳо ба таври воҳиманок фарқкунанда нест. Ҳар нафаре, ки иддаои мусалмонӣ дорад, агар бемор набошад, дар гармои тобистони Тоҷикистон ҳам бояд рӯза бигирад.
Бинобар ин барои афроди коргар хубтар аст, ки дар салқинии шаб кор кунанд ва дар рӯзи гармо истироҳат намоянд. Дар салқинии бегоҳ ҳам ягон соате кор кунанд, зарар надорад. Мардум ёздаҳ моҳи сол ифтор намуданд, вале ба хотири Холиқу Раззоқи худ чаро як моҳро, ки он ҳам подоши азим дорад, рӯза нагиранд!? Дуруст аст, ки онҳо нафақаи хонаводагӣ доранд, вале бояд донанд, ки дар сурати ифтор қазову кафорати онро пардохт намудан зарур аст.
– Пас, қазову кафорат чӣ гуна сурат мегирад?
– Мусалмоне, ки рӯзе аз рӯзҳои Рамазонро ифтор мекунад, барои қазову кафорати он рӯзи Рамазон бояд ду моҳ пай дар пай бояд рӯза дорад ё 60 нафар фарди нодорро таъом бидиҳад. Ва ё як ғуломро аз зиндон озод кунад. Дар ин сурат метавонад кафорати рӯзаи худро анҷом дода бошад.
– Ҷаноби Мавлавӣ, дар ҳавз оббозӣ намудани фарди рӯзадорро иддае аз ботилкунандаи рӯза медонанд, Шумо чӣ мегӯед?
– Оббозӣ намудан ё салқин намудани худ барои нафари рӯзадор дар об иҷоза аст, ба монанди дар наҳру канал ва ҷӯйҳо. Вале дар ҳавз оббозӣ намуданро баъзе уламо мамнӯъ гуфтаанд, ки он ҳам барои эҳтиёт аст. Агар фарди мусалмон ба худ кафолат дода тавонад, ки дар ҳавзи шиноварӣ оббозӣ мекунаду ба даҳони ӯ ягон қатра об ворид намешавад, пас, имкон дорад, ки дар ҳавз оббозӣ кунад. Вале чун об аз сар сарозер мешавад, мушкил надорад.
– Масаъалаи фидя чӣ гуна аст?
– Фидя барои калонсолону афроди нотавон, ки қудрати рӯза доштан надоранд, муқаррар шудааст. Ва он ба миқдори як садақаи фитр аст, ки шиками як нафарро ду вақт сер кунад. Ҷавонони солим ва мардони калонсол, ки имкони рӯза доштан доранд, бояд рӯза бигиранд. Вале оне ки пул дораду мехоҳад ба ҷойи рӯза доштан маблағ сарф кунад, барояш чунин иҷоза нест, агарчи қаблан чунин буд. Яъне фидя ҳам дар зарурат иҷоза дода шудааст.
– Дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки иддае рӯза медоранд, вале намоз намехонанд ва иддае дигар намоз мехонанд, аммо рӯза намедоранд, оё тарки як амал таъсире ба дигар амал дорад?
– Ҳар ибодат амали махсус аст, ки ба дигаре рабт надорад. Масалан, таҳорат намудан барои намоз аст, аз ин рӯ, бетаҳорат намоз дуруст намешавад. Намоз ба рӯзаву рӯза ба намоз вобастагӣ надорад. Фарде, ки намоз мехонад, барои хондани намозаш савоб мегирад. Вале барои рӯза нагирифтан гунаҳгор мешавад ва баръакс.