Парки ҷадиде ба номи “Асмоа Балтоҷӣ”, шаҳиддухтари доктор Муҳаммад Балтоҷӣ – узви Шӯрои марказии Ҳизби адолат ва озодии Миср, дар шаҳри Ёқутияи вилояти “замини Рӯм”-и Туркия арзи вуҷуд кард.
Дирӯз, 21-уми октябри соли 2013, Алӣ Куркут, шаҳрдори Ёқутия, воқеъ дар шимол-шарқи Туркия аз шаҳрвандон хост, ки дар маросими ифтитоҳи ин парк, ки дорои масоҳати 50 гектар, имконоти варзишӣ, ғизохурӣ ва шаҳраки бозӣ барои кӯдакон аст, ширкат намоянд.
Асмоа Балтоҷӣ, духтари 17-сола дар ҳамлаи маъмурони пулис ва амнияти Миср дар пароканда кардани майдони Робеъаи Адавия, ки тазоҳургарони тарафдори Мурсӣ ҷамъ шуда буданд, бо шумули 3 ҳазор нафари дигар (бино ба қавли “Ихвонулмуслимин”) ҷоми шаҳодатро чашид.
Асмоа вақте дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъии фейсбук ва одноклассники миёни тоҷикон вирди забонҳо шуд, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, нахуствазири Туркия дар як суҳбати телевизонӣ, ки ба марсияи доктор Балтоҷӣ барои духтари ғуррамаргаш гуш медод, гиряи шадид кард.
Он вақт нахуствазири Туркия чунин гуфт: “Бархе аз марсияи Балтоҷӣ ба духтараш ба ман ҳам рабт дорад, зеро ба сабаби корҳои зиёд ва машғул буданам, хело дер ба хона бармегардам. Бисёри вақт соатҳои як ё дуи нисфи шаб вақте ба хона бармегардам, ки фарзандҳоям дар хоб ҳастанд. Як маротиба духтарам дар дари утоқи ман варақаеро овех ва дар он чунин навиштааст: “Оё як шабро ҳам ба мо намедиҳед?”. Мо вақти холие надорем, ки барои фарзандҳоямон бидиҳем.”
Дар он марсияи Балтоҷӣ ба духтари шаҳидаш, ки дар сомонаи Наҳзат ба тоҷикӣ гардонда шудааст, чунин омадааст: “Асмоа, духтари дилбандам ва сарвари гаронқадрам, бо ту видоъ намекунам, чун ба зудӣ рӯзи васл фаро мерасаду ҳамдигарро мулоқот хоҳем кард. Сарбаланду сарфароз зистӣ, бо бузургону хушахлоқон будӣ. Мухолифи тамоми маҳдудиятҳову қайдҳо ва бандҳо будиву дилдодаи озодӣ ва озодагии бидуни марзро орзу мекардӣ.”
“Дар вопасин дидорамон дар майдони Робиаи Адавия гилламандона гуфтӣ: “Падарҷон, ҳатто вақте ки бо мо ҳам ҳастӣ, фикрат бо мо нест”. Ба ту гуфтам: “Азизам, ингор ин дунё зарфияту гунҷоиши онро надорад, ки аз ҳамнишинии ҳам комёб шавем, аз Аллоҳи пок масъалат дорам, то моро ба суҳбати якдигар дар Фирдавси аъло шодмон гардонад ва аз ҳамнишинии ҳам ком бигирему лаззат бибарем.”- омадааст дар марсияи падар ба духтари ғуррамаргаш.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат