Давлати Ҳоланд, донишгоҳи исломии Рутердомро пас аз 16 соли интизор ба унвони донишгоҳи мустақили расмӣ ба расмият шинохт.
Ба гузориши манобеи арабӣ, гурӯҳи мутолиоти исломӣ дар мақтаи коршиносӣ дар донишгоҳи исломии Рутердорми Ҳоланд эътибори расмии донишгоҳиро пас аз 16 соли интизор ба даст овард.
Ҳамзамон дарҳои ин донишгоҳ барои ироаи дархости ҳимояти молӣ аз давлати Ҳоланд боз мешавад, то шуъбаҳои дигари ин донишгоҳ дар ҳама кишварҳои аврупоӣ ифтитоҳ шавад.
Созмони эътиборбахши Ҳоланд ва Фландри бо ин тасмим барои нахустин бо ин донишгоҳи исломии мустақилро барои тадрис дар сатҳи коршиносӣ дар гурӯҳи мутолиоти исломӣ ва мутолиоти муроқибати маънавӣ ба расмият шинохт.
Бар ҳамин асос, ин иқдом гоме барои такмилу тақвияти омӯзиши исломӣ дар Ҳоланд ва Аврупо ба шумор меояд ва заминаро барои даври нави академияи исломӣ боз мекунад.
Донишгоҳи исломӣ Рутердом дар оғози соли таҳсили 1996 ва 97 таъсис шуд, ҳамзамон 16 сол бидуни эътибори расмӣ аз тарафи тахассуси донишгоҳӣ дар Ҳоланд фаъолият мекард ва ин донишгоҳ улуми исломии мухталифро дар сатҳи омодагӣ ва донишгоҳии олӣ тадрис мекард.
Проффессор Аҳмад Оқендуз, раиси ин донишгоҳ гуфтааст, ки ин донишгоҳ нахустин донишгоҳи исломӣ дар Аврупо ва Амрико аст, ки ба расмият шинохта шудааст.