Фақру нодорӣ падидаи тозае нест, балки ин мушкил гиребонгири ҳама ҷомеаи башарист. Омили мазкур аз мушкилотест, ки дар баробари сар заданаш мушкилоти дигареро низ дар ҳаёт ва фаъолият инсон ва ҷомеа ба бор меорад. Ҳамзамон метавон онро як мусибат барои як ҷомеа унвон кард. Чунки бисёр аз ҷурмҳо ва иртикоби ҷиноятҳо аз ҳоким будани фақр дар ҷомеаи башарӣ ба амал меоянд. Дар баробари ин, осудагии равонӣ ва фикрӣ аз байн меравад, ки ин омил дар пешрафт ва тараққии фикрии инсон хатари бузург дорад. Зеро дар ин ҳангом нооромии хонаводаро бар ҳам мезанад ва зиндагӣ оромиши худро аз даст медиҳад, ҳамчунин ояндаи неки як оиларо зери суол қарор мегузорад. Ин омил дар баробари он ки дар шахсияти як инсон зарарҳои худро мерасонад, ҳамчунин метавонад имони инсонро низ дар хатар гузорад ва василаи хатар ба амният ва оромиши ҷомеа шуда, сабаби ақибмондагии миллатҳо мегардад.
Иддаи зиёде аз башарият, имрӯз ба гуруснагӣ, ки аз фақр ба вуҷуд омада, даст ба гиребон ҳастанд. Донишмандон дар суҳбатҳо ва назарпардозиҳои худ, фақр ва нодориро бародари марг унвон карда, онро як мусибат барои ҷомеаи башарӣ медонанд. Ба ақидаи онҳо фақр ва нодорӣ инсонро ба роҳҳое мебарад, ки тасаввури он мушкил аст. Аз ҷумла оила ҷузъе аз ҷомеа ва асоси он ба шумор меравад, ҳангоми рӯбарӯ шудан бо ин мусибат оила зери хатар қарор мегирад. Пеш аз бесаводӣ ва бемории рӯҳӣ дар ин оила ҳукмфармо мегардад. Ба гуфтаи бархе аз донишмандони дигар, фақр ва нодорӣ падар ва сарчашмаи бадиҳост, ки бо бурузи он инсон иртикоби ҷиноятҳои бузурге хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо ҳама ҷурмҳои ахлоқӣ чун зино, дуздӣ, қатл, дуруғ, нифоқ аз фақр ва нодорӣ пайдо мешаванд. Ҳамчунин бархе аз донишмандон бузургтарин душмани башарият фақрро медонанд.
Донишмандони исломӣ фақрро зарбае бар пайкари дин ва асоси ахлоқӣ, ҳамчунин саодати башарӣ гуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки Паёмбар (с) бо тамоми боварии худ ва маърифаташ ба Худованд ҳар шому саҳар, балки дар пайи ҳар намоз аз он паноҳ хостааст ва онро ба куфр дар як радиф қарор дода чунин мефармояд: “Парвардигоро аз куфру фақр ва азоби қабр ба Ту паноҳ мебарам”. Дар ҳадиси дигар омадааст, ки : “Наздик аст, ки фақр ба куфр бианҷомад”. Ба ин тартиб фақр ва нодорӣ дар ҳаёти саҳоба (р) низ аз масъалаҳои нигаронкунанда ва хатаре барои ҷомеаи исломӣ ба шумор мерафт. Аз ҷумла, Ҳазрати Алӣ (р) дар ҷое чунин мегӯяд, ки: “Агар фақр шахсе мебуд, онро мекуштам”. Коршиносон низ дар ин маврид ибрози назар кардаанд, ки ҳар гоҳ фақру нодорӣ домангири фард шавад, ки тавоноии ҷисмӣ ва корро надошта бошад, аз рӯи маҷбурият ба гадоӣ рӯй меорад. Фақр офати хатарнокест, ки таъсири баде ба фарду ҷомеа мениҳад, ки олимон ва донишмандон таъсири онро табақабандӣ кардаанд.
Асари фақр бар ақида
Фақр ва нодорӣ дар баробари он ки тарафҳои зиндагии инсонро зери хатар мегузорад, ҳамчунин дар эътиқод ва ақидаи инсон метавонад ҳолатҳои хатарноктареро пайдо намояд. Барои мисол дар аксар вақт ин ҳолат инсонро дар нисбати Худованд машкук месозад. Хусусан дар ин ҳолат, ки Худованд дар сураи (Ҳуд), ояти 6 мефармояд: “Ҳама ҷунбанда дар рӯи заминро Худованд ризқу рӯзӣ медиҳад”. Аммо фақр вақте ҳолати фикрӣ ва равонии инсонро фаро мегирад, инсон беихтиёр ҳолати фикрии худро аз даст медиҳад ва ба чизҳое фикри худро машғул месозад, ки бештар ба эътиқодоти инсон зарар мерасонанд. Ҳатто фақр инсонро аз ибодат ба вижа аз намоз боз медорад. Шахси нодор вақте намоз мегузорад, намедонад, ки чанд ракъат адо кардааст, ҳамчунин баъзан вақт боис мешавад, ки воҷиботро тарк кунад. Хусусан шахси сустимон вақте ки баъзе аз афродро мебинад, ки дар нозу неъмат ба сар мебаранд, гумон мебарад, ки онҳоро Худованд дӯст дорад ва инро аз ҷумлаи онҳо қарор надодааст. Агар ӯро дӯст медошт, дар чунин ҳолатро ӯро қарор намедод. Ба ақидаи бархе донишмандон вақте чунин ҳолат инсонро дар иҳота мегирад, инсон бештар ба тарки воҷибот мепардозад ва ҳамеша худро хаставу нороҳат эҳсос менамояд. Ҳамеша ӯро дилшикастагӣ ва ноумедӣ ҳамроҳ аст.
Ҳатто ба ақидаи бархе, дар ингуна ҳолатҳо инсон суханҳое мезанад, ки тарсу бими аз дин хориҷ шуданаш ҳам ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки Шайх Зуннуни Мисрӣ мегӯяд, ки наздиктарини мардум ба куфр шахси фақирест, ки ӯ сабр надорад. Камтар касоне дар байни мардум вуҷуд доранд, ки сабр дошта бошанд ва дар муқобили фақр ва нодорӣ мубориза баранд. Ҳаёт ва зиндагӣ нишон дода, ки басо мардум аз рӯи фақр ва нодорӣ ба ҷиноятҳое даст задаанду худро вориди содир кардани гуноҳҳое кардаанд.
Асари фақр бар ахлоқ ва кирдор
Гуфтани дуруғ, роҳ додан ба ноадолативу ноҳққӣ, ки ҳар инсон медонад ин корҳо гуноҳанд, бештар аз фақру нодорӣ сар мезананд. Чунки инсон барои дарёфти луқмаи лоямут маҷбур аст ба чунин омилҳо даст бизанад. Инсон барои дур кардани гуруснагӣ ва дар амон мондани оилааш ҳозир мешавад то аз обуру, иззат ва иффати хеш бигзарад. Аз ҷумла дар ин росто метавон аз ҳаёти рӯзмарраи худ мисол овард, ки мо дар он афродеро мебинем, ки даст ба гадоӣ задаанду аз фақр ва нодорӣ меноланд. Ҳамчунин афзоиши фаҳшу фоҳиша дар ҷомеа, ки бештар ифлосӣ ва фасодӣ дар ҷомеаи башарӣ оварда, гувоҳ аз он аст, ки онҳо аз рӯи фақр роҳи дарёфти луқмаи нонро дар ин фасоди башарӣ дарёфт кардаанд. Ҳамин аст, ки уламо гуфтаанд, фақр ва нодорӣ ахлоқи нек ва хислатҳои писандидаро, ки асоси як ҷомеа аст, аз байн мебарад. Паёмбар (с) роҷеъ ба таъсир ва тағйире, ки аз асари фақр бар инсон пайдо мешавад фармудааст, ки: “Тӯҳфа ва ҳадяро ҳангоме қабул кунед, ки холис тӯҳфа бошад. Аммо агар дар бадали дин ва амале қарор гирифт онро нагиред, чунки он ришва аст. Ин дар ҳолест, ки фақр ва нодорӣ шуморо намегузорад, ки тарки он намоед”. Аз сабабҳои дигари факр дар ҷомеа он аст, ки инсонро водор месозад, то ба ришва ва ришвахорӣ даст бизанад. Хусусан, вақте инсон дар ҳукумат кор мекунад ва маоши кам мегирад, моҳона наметавонад бо он пули ба даст омада зиндагии худро беҳтар гардонад, пас аз роҳи ришва ӯ зиндагӣ ва ҳаёти дигареро ихтиёр менамояд. Ин дар ҳолест, ки ин омил низ дар дини Ислом қобили қабул нест ва он як омили фасод дар ҷомеа унвон шудааст. Ҳатто бо ривояти ҳадисе Паёмбар (с) ришвагиранда ва ришвадиҳандаро лаънат гуфтааст. Пас гуфта мешавад, ки ҷомеа агар гирифтор ба фақру нодорӣ бошад, пешрафт ва тараққии илмӣ ва ахлоқии он бештар мавриди хатар қарор хоҳад гирифт. Чунки аз сабаби паст будани маоши моҳона мардум рӯ ба фасоди молӣ меоранд, аз тарафи дигар дар таҳқиқ ва таълим бештар бетаҷрибагӣ ва бесаводӣ ба назар мерасад.
Асари фақр ба фикру андеша
Хатари фақр ва асари бади он танҳо бар ҷониби рӯҳӣ ва ё зиндагии модии инсон мунҳасир намонда, ҳатто бар фикр ва ҳуши инсон низ таъсири манфии худро мегузорад. Солимии бештари ҷомеаҳо ва пешрафти онҳоро саломатии фикр ва андешаи воло метавонад асос бошад, аммо вақте фақр садди роҳи афкор ва андешаҳои мусбат мегардад, солимии фикр дар ҷомеа низ рӯ ба ҳалокат меорад. Ҷомеаро аз фикру андешаи солим маҳрум месозад, зеро ҳамвора инсон роҷеъ ба луқмаи нон меандешад. Ғайр аз ин вақте инсон тавони дарёфти кути лоямутро надорад, чигуна метавонад фикри салим ва дуруст дошта бошад. Ҳамчунин афроди ҷомеаи фақир шабу рӯзи худро дар фикри аз куҷо пайдо кардани луқмаи нон сиапарӣ менамоняд ва ҳамеша пайи дарёфти беҳтар гардидани зиндагӣ меандешанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро агар мисол оварда шавад, ва хусусан зиндагии мардуми деҳотро, маълум мегардад, ки афроди кишвар низ имрӯз аз доштани фикри солим ва доштани андешаи мусбат танқисӣ мекашанд. Зеро асоси фикри онҳоро ҷамъи ҳезум дар фасли сармо ва бебарқӣ, муҳоҷират ба Русия барои дарёфти луқмаи нон фаро гирифта ва наметавонанд дар бораи масоили дигаре фикр кунанд. Дар робита ба таъсири манфии фақр дар фикру андеша Имом Муҳаммад Шайбонӣ, шигирди Имом Абуҳанифа ривоят мекунад, ки ӯ дар маҷлиси илму фиқҳ нишаста буд, ки канизаш омад ва ба вай гуфт, орд тамом шудааст. Имом Муҳаммад дар ҷавоб ба канизаш фармуд, ки Худо туро нобуд кунад бо ин суханат, чиҳил масъала аз масоили фиқҳро аз ҳофиза ва фикрам бурдӣ. Ҳамчунин аз Имом Шофеъӣ ривоят шудааст, ки мефармуд: “Аз касе, ки дар хонааш орд надорад, машвара нахоҳед. Зеро он шахс дар ин ҳолат фикри парешон ва машғул дорад. Шояд машварати маъқул, ки зодаи фикри ором астро тавон набошад”. Ин ҳақиқатро илми равоншиносӣ низ ба исбот расонидааст, ки вақте инсон ба чунин ҳолат гирифтор аст, наметавонад фикри мусбатеро ироа намояд.
Асари фақр бар истиқлоли миллатҳо
Ба таҳқиқи донишмандон, агар фақр дар ҷомеа аз сабаби камии манбаъҳои даромад ва ё зиёдатии нуфуси мардум бошад, дар ин ҳолат имкон дорад, ки эшон сабр кунанд, вале агар фақр ношӣ аз тавзеъи нодуруст ва ғайриодилонаи имконот бошад ва зулми баъзе мардум бар баъзи дигар раво бошад, дар ин сурат мардум хашмгин шуда фитнаҳо буруз карда ва парокандагиву ошуб ба миён меояд. Муҳаббат ва осоиштагӣ худ ба худ аз ҷомеа рахт мебандад. Эҳтимол дорад, ки фақр инсонро водор ба роҳзанӣ кунад, хуни якдигарро бирезанд ва оташи фитна шӯълавар шавад. Беназмӣ ва нооромӣ дар сатҳи давлатдорӣ ҳукмфармо бошад. Ба ақидаи коршиносони исломӣ, сохти ошёнаҳо аз ҳисоби мардум ва ғасби дороии мардум тавассути вазифа ва истифодаи он барои худ ва наздикон сабаби барангехтани фитна ва зиёд гардидани хашм миёни мардуми оддӣ хоҳад гашт, ки ин оқибати хубе барои сиёсати давлат ва амнияти ҷомеа надорад.
Ҳувайдои Абдуллоҳ