Вазорати умури хориҷаи Чин дахолати Амрико дар умури дохилии Ҳонг Конг ба баҳонаи таҳқиқ дар бораи бархӯрдҳои полис бо муътаризонро маҳкум ва эълом кард, ки Амрико ҳаққи дахолат дар Ҳонг Конгро надорад.
Ба гузориши “Ирна” ба нақл аз як хабаргузории арабӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин иброз дошта, ки ташкилкунандагони беназмиҳо дар ин кишварро дастгир кунед. Ба ақидаи вай ин иқдомот нақзи қонун буда ва дар ҳеҷ кишваре чунин вазъият қобили қабул нахоҳад буд.
Тайи ду ҳафтаи ахир кишварҳои Амрико ва Англия бо истифода аз вазъи кунунии ин кишвар тасмим гирифтаанд, то барои мудохила дар умури минтақаи ноором ва таҳқиқи он ба ин кишвар сафар намоянд.
Ҳамаи ин дар ҳолест, ки Пекин чунин як тасмимро аз тарафи ин кишварҳо қобили қабул намедонад ва таъкид медорад, ки дар робита ба вазъи Чин касе ҳаққи мудохиларо надорад ва хусусан Амрико.