Бузургтарин Қуръони ҷаҳон ба дарозии 2,28 ва паҳноии 1,55 паҳноӣ метр дар Кобули Афғонистон мавҷуд аст.
Ба гузориши як хабаргузории арабӣ, бузургтарин Қуръон ҷаҳон ба дарозии 2,28 метр ва паҳноии 1,55 метр дар Кобул, пойтахти Афғонистон вуҷуд дорад.
Қуръони мазкур ним миллион доллар ҳазина доштааст, бо 218 сафҳа 500 кг вазн дорад ва муташаккил аз варақу порча аст.
Ғилофи ин Қуръон аз пӯсти буз сохта шуда ва бо нақшу нигори барҷаста оро дода шудааст.
Муҳаммадсобир Ёқутӣ, хушнавис ба ҳамроҳи шогирдонаш хушнависии ин Қуръонро аз соли 2004 м оғоз кард ва 30 ҷузъи Қуръонро дар сентябри соли 2009 ба поён расонидааст.