Вазорати дифоъи Амрико бо интишори гузорише аз талошҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” барои нуфуз дар Афғонистон парда бардоштааст. Бино ба ин гузориш, талоши “Давлати исломӣ” хатаре барои кишварҳои ғарбӣ Покистону Афғонистон аст.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз гузориши Пентагон, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар соли ояндаи мелодӣ бо эҳтимоли зиёд метавонад дар Афғонистон мақоми бештаре пайдо намояд.
Вазорати дифоъи Амрико дар гузориши худ тасреҳ мекунад, ки аз чандин манбаъи мухталиф иттилоъ пайдо карда, ки ҷиҳодгароён азми Афғонистонро доранд ва хабари ин фаъолияту азмгириҳоро ба конгресси Амрико фиристода ва мавриди таҳлил қарор доранд.
Тибқи гузориши хабаргузориҳо, айни замон гурӯҳе бо номи “Вилояти Хурусон” рӯи кор омадааст, ки онҳо пештар дар гурӯҳҳои исломгаро фаъолият мекарданд ва ин гурӯҳ худро бахше аз “Давлати исломӣ” медонад.
Пентагон дар сентябри соли 2014 низ эълом карда буд, ки ба макону ҷойҳое, ки гурӯҳи “Хуросон” қарор доштанд ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.
Дар нақшаи ҷуғрофёӣ, ки гӯзномаи “Дайли майл” дар соли 2014 аз манобеи ДИИШ мунташир кард, бахши бузурге аз Эрон, Ҳинд, Афғонистон ва нуқоте аз Осиёи Марказӣ низ шомили “Вилояти Хуросон” мешуд.