Categories Uncategorized

Пешвозгирии Мавзуна дар фурудгоҳ

Умед Сиддиқ

nahzat.tj

Имшаб варзишгарони аъзои тими олимпии Тоҷикистонро, ки баргашт аз Бозиҳои олимпии Лондон буд, дар фурудгоҳи Душанбе беш аз 1000 нафар истиқбол намуданд.

Мухлисон  ва ҳаводорони варзиш интизори дидори Мавзуна Чориева, ки аз байни  16 узви ҳайъати олимпии Тоҷикистон бо медал баргашт буданд. Номбурда дар варзиши бокси занона дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Ҳамакнун Ҳукумати Тоҷикистон ба ин варзишгари 19-сола 200 000 сомонӣ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манзили дуҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе, раиси “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ва дигарон чандин мукофотҳои пулӣ ваъда кардаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки на ҳама ваъдаҳо вафо мегараданд. Ва вақт хоҳад нишон дод, ки масъулин ваъдаҳои ба Мавзуна намударо иҷро мекунанд ё на…

More From Author

You May Also Like