nahzat.tj
Ба воситаи нон ҳам мактуб фиристода мешавад? Агар ҳа, пас ба куҷо?
“Озодагон” мақолаи Ҳумайрои Бахтиёр “Воқеияти замон ва Эштону “эрка”-ҳои Тоҷикистон”-ро дар бораи сафари Кетрин Эштон, роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба табъ расонидааст. Хонум Эштон ба ғайр аз мулоқоти расмӣ бо роҳбарони Ҳукумати ҶТ бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ низ бояд вохӯрад. Вале муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит аз ин дидорҳо манфиатеро барои такмили ҷомеаи шаҳрвандӣ намебинад: “…давоми 20 соли фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон маслиҳату машварати ҳеч созмони байналмилалиро барои таъмини амнияти ҳуқуқи инсон ба инобат намегирад. Аммо ин созмон (ИА) ба хотири ҳифзи нуфуз ва манфиатҳои сиёсиаш дар минтақа ба мушкилоти Тоҷикистон чашм хоҳад пӯшид.” Ҳамчунин оқои Ҳайит ҳукумати Тоҷикистонро “мағрур” мешуморад, зеро ҳеч созише бо мухолифин надорад. Аммо муовини раҳбари МТС Сайфулло Сафаров баръакс ҳизбҳои сиёсиро “эрка” медонад.
Агар чунин буда, пас чаро дар тӯли даҳсолаҳо ба истиснои рӯзҳои интихобот мо ягон бор дар телевизиони ҳукуматӣ, ки аз пули мардум, аз ҷумла, аъзои аҳзоби сиёсӣ гардон мешавад, намояндаҳои аҳзоби мухолифинро надидем? Посухаш ҳам рушан аст: ва намебинем! Зеро он “моли ҳукумат” аст ва танҳо намояндагони ҲХДТ ва баъзе аҳзоби кисагӣ имконият доранд аз оинаи нилгун бемалол суҳбат кунанд.
“СССР” мақсад дорад бо Ёқуб Салимов суҳбате орояд, вале “мутаассифона. Салимов Ёқуб гирифтори зуком, грипп шудааст ва суҳбат бо ӯ ба дарозо партофта шуд. ” Мо ҳам умедворем, чунин дидор ба амал меоянд, зеро “СССР” метавонад!
Аммо метарсем, ки ин зукоми Салимов чандсола нашавад, чунки ӯ то имрӯз ба маҳбас гузаронида нашудааст ва шояд як сабаби нагузаронидан ҳамин “зуком” бошад? Ҳафтаномаи мазкур мақолаи сардабир Сайёфи Мизроб “Мултимиллонери тоҷик кист?”-ро низ чоп кардааст. Муаллиф иқтибос аз маҷаллае меорад, ки мувофиқи навиштаи он дар Тоҷикистон 40 нафар нафароне будаанд, ки аз 30 миллион доллар зиёд пул доранд. Бо сармояи 6 миллиард доллар, ки бо ин маблағ ду Роғун сохтан мешавад. “Инҳо кистанд? – мепурсад сардабир ва ҷавоб медиҳад. – Такпурсӣ накунед, мо низ намедонем…” Намедонад, вале чандтои онҳоро тахмин мезанад: Ғаффор Мирзоев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҷамшед Сиёев, Ҷӯрабек Охунов, Абдуқодир Эрматов, Аваз Назаров, Абдумалик Абдуллоҷонов “аз мултимиллионерҳои маъруфтаринанд…”
Шояд муаллиф танҳо миллиондоронро дар назар доштаасту миллиарддоронро не? Ё дар Тоҷикистон миллиарддорон умуман вуҷуд надоранд?
Дӯстон, охир Абдуллоҷонов, ё “наҳанги ҷумҳурӣ” ҳамон солҳо шояд барои 10 – 20 миллион доллараш “наҳанг” шуда буд ва дар муқоиса бо баъзе “наҳангҳое”, ки имрӯз ҳастанд, Абдуллоҷонов имрӯз шояд “моҳича” бошад!
Сардабир бо суоли бамаврид ва таъкид мақолаашро ба охир расонидааст: “Имрӯз сари ширкатҳои пасипардагӣ, ё худ оффшории Эрматов баҳс мекунанд. Пас чаро сари оффшорҳои имрӯза, ба мисли IRS хомӯшанд? Имрӯз ба ин суол посух бояд ҷуст, то фардо боз гурезаеро ба монанди Умаралӣ Қувватов аз ҳампаҳлӯҳои элитаи сиёсӣ гӯш кардаву гаранг нашаванд…”
Қариб ҳама нашрияҳо аз баста шудани Фейсбук дар Тоҷикистон иттилоъ додаанд. Аз ҷумла, “Фараж” “Бек Зуҳуров: Соҳиби “Фейсбук” пеши ман ояд!” ба доварии хонандагонаш гузоштааст: “…дар давраи рух додани воқеаҳои нохуши Бадахшон, ӯ сабаби қатъ шудани алоқаро дар шаҳри Хоруғ, осонакак “расидани тири шикорчӣ ба ноқил” гуфта буд, ин дафъа Бег Сабурович ба хабарнигорон сабаби қатъ гардидани фаъолияти шабакаи Фейсбукро дар бурдани “корҳои профилактикӣ” номид. Вале Асомуддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон… “қайд намуд, ки ширкатҳо аз Хадамоти алоқа «sms» гирифтаанд, ки шабакаи иҷтимоии Фейсбукро банданд…”
Ба ҳар ҳол ба Бег Сабурович бояд қоил шуд, зеро ин роҳбар хеле пеш рафтааст. Агар чанд моҳ пештар “гуноҳ”-ро ба шикорчие аз Ваҳдат бор карда бошад, ин бор рӯирост ба провайдерҳо «sms» фиристодааст! Ба ҷуръат ва ҷавонмардии Сабурович қоилем.
Бале, имрӯз роҳбари бавиҷдони ростгӯй кам мондааст. Баъзеашон имону виҷдонро қурбони вазифа карда, рӯирост дурӯғ мегӯянд, чунки аз ӯ ТАЛАБ кардаанд! Курсӣ ё дурӯғ!
Мухбирони «Азия Plus» Аваз Юлдошев ва Меҳрангез Турсунзода бовар доранд, ки аксари вазирону мушовирон ба 60 расида ё мерасанд ва ё гузаштаанд ва онҳоро “номзад ба бознишаста” номидааст. Оқил Оқилов соли 13-ум аст, ки сарвазир, Шералӣ Хайруллоев соли 17 – ум вазири мудофиа ва чанд нафари дигар ба монанди Матлубхон Давлатов, Амиршо Миралиев ҳастанд, ки аз як вазифа ба дигараш, аз дигараш ба аввалааш гардиш доранд… То ҳол нашунидаем, ки фалон раиси фалон дастгоҳ ё фалон вазир бо ин ё он ҷурми ҷиддӣ аз кор ронда шуда бошад.
«Азия Plus» менависад, ки синни миёнаи вазирони Қазоқистон – 48, Қирғизистон – 49, Туркманистон – 46, Гурҷистон – 32. Боз илова мекунад, ки вазирони ин кишварҳо камаш ду забони хориҷиро медонанд. Соли 1992 вақте сари ҳокимият омада буд, Раҳмон 40 – сола, сарварзир Абдуллоҷонов – 43-сола, муовини сарвазир Убайдуллоев – 40-сола… буданд. Вале имрӯз ҷавонтарин раиси кумита 43-сола будааст.
“Боиси қайд аст, ки дар тӯли 20 соли охир насле ба воя расидааст, ки ба он бовар намекунанд…”
“Нигоҳ” пешниҳодҳои Мирҳусейн Нарзиев, узви Кумитаи тадорукоти эътилоф, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро таҳти унвони “Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон чи тавр бояд тағйир ёбад?” таълиф кардааст: “Ин қонун дар заминаи Конститутсияи замони Шӯравӣ рӯи кор омада, ҷавобгӯи демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва мутобиқатнамоии он ба меъёрҳои Конститутсияи нав, ки моҳи ноябри соли 1994 қабул шуд, нест ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ карда наметавонад.”
“Тоҷикистон” хабар медиҳад, ки “Нархи қиматтарин саг дар Тоҷикистон 22 ҳазор евро аст.”
Ин саги бӯйгир Грейс Зотерховф ном дошта, ба Хадамоти кинологии Вазорати умури дохила мансуб будааст. Грейс на танҳо маводи мухаддирро аз бӯйаш меёбад, балки ба бӯйи доллар ҳам “шавқ” доштааст. Боре Грейс 50 ҳазор доллари дуздидаро ёфтааст!
Заринаи Хушвақт дар “Миллат” бо Иззатулло Шарифов, раиси Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, мусоҳибае оростааст бо номи “Маҳбусони мо эрка шудаанд” ва аз рӯи ин мусоҳиба шароит дар маҳбасҳои Тоҷикистон беҳтарин будааст ва намояндаи СММ аз зиндонҳо дидан карда, гуфтааст, ки “бигузор кишварҳои дигари атроф омада, тартибу интизом, тозагӣ, хурду хӯрок, муъомила ва муносибати кормандон бо маҳбусон дар зиндонҳоро аз Тоҷикистон ёд бигиранд. Ин суханҳои ман, Иззатуллоҳ Шарифов аст. Ин суханони шахсест, ки ӯро тамоми ҷаҳон мешиносад… Шукрона кардан даркор (лозим) аст, ки маҳбасҳои мо тинҷ (ором) аст. (вале ёдамон ҳаст, ки чанде пеш дар зиндони вилояти Хатлон чизе шуда буд… – идора)… Дар манзили падару модар дар як рӯз се бор хӯроки гарм намехӯранд, мо ин ҷо се бор хӯроки гарм медиҳем…” Ин суханони Шарифовро мехонему дар пеши назар ба ҷойи зиндон осоишгоҳ меояд… Аммо чун навиштаҳои “Нигоҳ”-ро аз забони собиқ маҳбус Саидалӣ мехонем, мӯйи сар мехезад.
Албатта, яке дурӯғ мегӯяд. Кӣ? Ин ба ҳаволаи шумо, хонандагони азиз аст.
Мактуб дар… нон
Бароятон як нақле, ки чанд сол қабл дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе рӯй дода буду як дӯст онро ба ман гуфт, меорам, ки ба мусоҳибаи Шарифов, ба фикрам, иртиботе дорад.
Корманди маҳбас дар хона маъракае ташкил мекунад, ки дар ҳамсояҳо, дӯстон, пайвандон ва имоми масҷид ҳузур доштанд.
Имом даст ба рӯй кашида, меҳмононро ба хӯрдан даъват мекунад.
Яке аз нишастагон нонеро мешиканад ва аз қабати он як пораи қатшудаи коғаз мебарояд. Кунҷкобӣ боло мегирад ва онро мекушояд. Он тика коғаз мактуби модар ба ҷигарбанди маҳбусаш будааст…