Умедҷон Тоҷиев, узви Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки 30 – октябри соли гузашта аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ бо ҷурми “терроризм” боздошт шудаву дар асари шиканҷа ва ба поин андохтани хеш пойҳояш шикаста буданд, ба беморхонаи маҳбаси рақами 19-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтааст. Агарчи дар ин маврид аз қабл тамоми наздикону раҳбарияти ҲНИТ хоҳиш карда буданд, вале прократураи ноҳияи Исфара нисбати ба қазия ҳамчун ба як ҷинояткори ашадӣ нигоҳ мекард.
Юсуф Дониёров, вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев гуфт: “Аз оне, ки пойҳои Умедҷон шикаста буданд, камее шифо ёфта буд, вале аз таъсири хунукӣ бемориаш хуруҷ пайдо карда, ӯро ба беморхона интиқол доданд.
Тибқи гуфтаи вакили дифоъ, Умедҷон то ба ҳамин марҳала дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешуд ва пеш аз соли нав ба беморхона интиқол ёфтааст. “Мо ба Прокуратураи вилоят ва Прокуратураи шаҳри Исфара нисбати милисаҳое, ки Умедҷонро шиканҷа додаанд, шикоят кардем, вале то ҳол ҷавобе дар ин маврид дастраси мо нашудааст», гуфт Юсуф Дониёров.
Соҳира Тоҷиева, ҳамсари Умедҷон Тоҷиев гуфт: бо шавҳараш як моҳ қабл вохӯрдаву пойи ӯ шикаста гаҷбандӣ шуда буданд. “Вақте шавҳарамро дидам пояшро ҷунбонида наметавонист ва кормандони маҳбас маро зуд аз пеши шавҳарам берун карданд. Ин охирин вохӯрии мо дар СИЗО буд ва шавҳарам гуфт, ба азоби зиёди кормандони ШКД-и ноҳияи Исфара тоқат накарда, худро аз ошёнаи савум ба замин партофтааст, афзуд хонум Соҳира.
Қаблан боздошти Умедҷонро ҷинояти маъмурӣ мегуфтанд, вале пулис дар пай ҳукми хешро тағйир дода, ӯро ба терроризм айбдор карда, зери шиканҷа мегирад, то ба ин аъмоли нокарда иқрор шавад. Хонум Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раҳбари ҲНИТ дар мавриди шиканҷа ба ин бовараст, ки «агарчи дар минбарҳои баланд мавҷудияти онро рад мекунанд, вале шиканҷа ҷой дорад. Бубинед, дар пайи он таблиғотҳои интихоботие, ки имсол сурат гирифтанд, чанд нафар аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои алоҳида ҳам мавриди шиканҷа қарор доштанд. Масъалаи Умедҷон Тоҷиев ҳам як гуна ба интихобот рабт пайдо мекунад, чун дар давраи таблиғотҳои интихоботӣ ин воқеа рух дод”.
Таври маълум, аз Умедҷон Тоҷиев дар ҳолати беҳушӣ ҳар чизе мехостанд аз забонаш кашида гирифтаанд, ки хилофи қонун аст. Хонум Соҳира, ҳамсари Умедҷон соҳиби 4 фарзанд мебошад ва имрӯз тарбияи ин тифлакон ба дӯши ӯ уфтодааст.
Модари Умедҷон ҳам рӯзҳои зиёд гирёну нолон зери биноҳои беморхона ва ШКД-и ноҳияи Исфара гашту гард карду даъвоҳое дар мавриди бегоуноҳии фарзанд ба ҳукумати маҳал ва прократура бурд, ҳатто муроҷиъа унвонии Президенти ҶТ карда буд, аммо касе ба додаш нарасид, ки боиси таъасуф аст.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи аз бинои ШКД-и шаҳри Исфара сарозер шудани узви ҲНИТ, Умедҷон Тоҷиевро маҳкум карда, аз мақомоти кишвар таҳқиқу тафтиши одилонаро талаб карда буд.
Дар зимн аз мақомоти кишвар тақозо шуда буд, ки аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, саҳлангории баъзе аз масъулини соҳа, беадолатиҳо дар рафти тафтишот ва такрори як чунин ҳодисаҳои нохуш, ки қаблан ҳам рӯх дода буданд, ҷилавгирӣ намоянд. Дар ин маврид кадом вокунише аз ҷониби мақомот зоҳир нашуд.
Танҳо баъди ирсоли дархости вакилӣ аз ҷониби М. Кабирӣ, Прокуратураи генералӣ бо имзои муъовини аввали хеш, А.Кишоварзода аз шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, аъзои ҲНИТ ҷавоби расмӣ дод, ки дар он амадааст: Муроҷиати Шуморо дар хусуси гӯё аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Исфара истифода шудани усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми боздошт ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Тоҷиев У. ва Иброҳимов З. бо моддаҳои 187, 307 қисми 1 ва 2 КҶ ҶТ мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки қаблан бо ҳамин мазмун адвакати онҳо ба прокуратураи вилояти Суғд ворид шуда, санҷиш ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби ШКД истифода намудани усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми боздошт ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Тоҷиев У. ва Иброҳимов З ошкор карда нашуда, оиди ин ҳолат бо дастравии моддаи 27 қисми 1 сархати 2 КМҶ ҶТ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст”.
Парвандаи Умедҷон Тоҷиев айни ҳол дар Суди ноҳияи Исфара қарор дорад. Вале ба гуфтаи вакили дифои ӯ то ҳол маълум нест, ки суд дар мавриди баргузор кардани мурофиъа ба чӣ қарор омадааст.
Қобили тазаккур аст, ки Умедҷон рӯзи 30-юми октябр аз тарафи кормандони ШКД боздошт гашта, ӯро рӯзи 2 – ноябр бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи шаҳри Исфара мебаранд. Аммо онҳо ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон худро аз ошиёнаи сеюми ШКД партофтааст. Наздикони ӯмедҷон ин ҳарфҳоро як туҳмати маҳз дониста, сабаби ба поин партофта шудани ӯро дар шиканҷаи пайвастаи мақомот мебинанд.
Рад шудани шиканҷа дар маҳбасхонаҳо аз ҷониби пулис дар ҳолест, ки ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова дар саҳифаи фейсбукии худ чунин менависад: Давлатёр Қурбонов, маҳбуси маҳбаси рақами 1-и шаҳри Душанбе, ки шаби соли нав мавриди шиканҷа қарор гирифта буд, гуфтааст, даст ба худкушӣ хоҳад зад.
Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусони маҳбаси рақами 1-и шаҳри Хуҷанд ҳам мегӯяд, Давлатёр Қурбонов, ки дар марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода буд, ӯро баъди интиқол додан ба СИЗО-и Хуҷанд мавриди шиканҷа қапрор дода, талаб мекунанд, ки аз шикоятҳояш даст бикашад, ки гӯё шиканҷаи Ҳамзаро надидааст.
Бале, Давлатёрро муддати як рӯз аз соати 11 то 17 тани луч дар болои барф нигоҳ доштаанд. Баъди ин ҳама шиканҷа шуданҳо маҳбус Давлатёр ба Маҳмурод Одинаев ва падару модари Ҳамза занг зада мегӯяд: Маро тамоми шаб шиканҷа карданд, агар як бори дигар шиканҷа шавам, худамро мекушам. Маҳмурод Одинаев сабаби шиканҷаи маҳбусонро дар ҳавасмандии кормандони маҳбасхонаҳо мебинад, яъне ин яке василаҳои ҷамъоварии маблағ мебошад ва бигузор озору шиканҷа дар маҳбасхонаҳо пойдо бимонад. Ин аст шиъори масъулини муассисаҳои ислоҳотӣ.