Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун пас аз анҷоми арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ ба таври шаффоф дубора оғоз хоҳад шуд.
Ин нуктаҳоро мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун” Хайрулло Сафаров, рӯзи чоршанбе, 14-ноябр зимни нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе иброз намудааст.
Ҷаноби Сафаров афзуда, ки дар ҳоли ҳозир корҳои тармиму бозсозӣ дар ин тарҳи стратегӣ идома дошта, дар соли ҷорӣ 600 миллион сомонӣ дар нерӯгоҳи мазкур сарф гардидааст.
Индар ҳолест, ки раҳбари гурӯҳи тағйироти иқлимии порлумони Урупо Иструон Истивенсун зимни як суханронии хеш дар Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон моҳи июли соли ҷорӣ гуфта буд, ки бар асоси дархости Бонки Ҷаҳонӣ тамоми корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, то замони анҷоми бозрасиҳо мутаваққиф гардида, зиёда аз 5 ҳазор коргар таътил шудаанд.