Пирузии адиби тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ

Хабарнигор ва шоири русзабони тоҷик Темур Варқӣ тавонист дар ҷашнвораи байналмилалии адабӣ миёни адибони 12 кишвари ҷаҳон ҷойи намоёнеро соҳиб шавад.

Дар ин бора бахши тоҷикии расонаи хабарии Би-Би-Сӣ иттилоъ дода, навиштааст: “Темури Варқӣ дар ин ҷашнвора барои баргардони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ ба забони русӣ дар бахши тарҷумонӣ ҷойгоҳи сеюмро ба даст овард”.

Бар асоси манбаъ, ҷашнвораи байналмилалии адабӣ, ки бо номи “Open Central Asia Book Forum & Literature Festival 2012” аз 24 то 25-уми ноябр дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор гардид, дар он беш аз 140 адиб аз 12 кишвари ҷаҳон осори худро бо панҷ забон, аз ҷумла тоҷикӣ, ӯзбакӣ, қирғизӣ, қазоқӣ ва инглисӣ ба ҳайати доварон пешкаш намудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Темур Варқӣ аз зумраи хабарнигорони саршиноси тоҷик ба шумор рафта, адабиётшиносон ба эҷодиёти шеърии ӯ баҳои баланд додаанд.

More From Author

You May Also Like