colorstart:#000000Бале, пирӯзии Раҷаб Таййиб Урдуғон дар интихоботи раёсатиҷумҳурии Туркия хушҳолии бисёре аз ҷамоъатҳои исломиро дар дигар кишварҳо низ дар пай доштааст ва гурӯҳҳое, ки зери унвони исломи сиёсӣ дастабандӣ мешаванд, ин пирӯзиро ҳамчун пирӯзии худ ҷашн гирифтанд.
Аммо ин эҳсоси ҳамбастагӣ то куҷо бар воқеъият такя дорад? Оё дастафшонии аҳзоб ва гурӯҳҳои ёдшуда бар асоси шабоҳати воқеъист ё он гунае, ки Мавлоно гуфтааст: Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман.
Исломгароёни Туркия барои шакл додан ба андешаи худ аз ду манбаи фикрӣ баҳра гирифтаанд: яке тасаввуф, махсусан андешаҳои Мавлоно ва дигаре мазҳаби Ҳанафӣ, ки идомаи мактаби аҳли раъй ва ақлгаротарин гароиши фикрӣ дар миёни ҷараёнҳои аҳли суннат аст.
Ин табори фикрӣ ва ҳифзи фосила бо гароиши салафӣ аз чашми аксари дигаре аз ҳаводорони исломи сиёсӣ пинҳон монда, то кунун ҷиддӣ гирифта нашудааст. Гароиши салафӣ бо бастани даричаҳои тафаккури озод ва таъкиди муфрит бар пайравӣ аз салаф (пешиниён), ба густариши зеҳният ва тарзи тафаккуре доман зада, ки дарро ба ҳар гуна навоварӣ ва ибдоъ мебандад.
Аз манзари хостгоҳи иҷтимоъӣ, исломгароёни Туркия ғолибан мутааллиқ ба табақоти шаҳрнишинанд ва ба ҳамин далел хотири умуми мардуми турк аз бурузи хушунат осуда будааст. Дар таҷрибаи бисёре аз ҷараёнҳои исломи сиёсӣ он чӣ дар зоҳир ба номи муборизаи исломӣ хонда мешавад, дар умқи худ набарде аст миёни манзумаи арзишҳои шаҳрӣ аз яксӯ ва арзишҳои рустоиву қабилаи аз сӯи дигар. Набарде, ки гоҳе хушунатбор ҳам мешавад. Даъво бар сари мазоҳир ва намодҳои мазҳабӣ монанди тарвиҷи ҳиҷоб байни бонувон ва гузоштани риш дар миёни мардон, ки аз сӯи дигар созмонҳои исломӣ бисёр ҷиддӣ гирифта мешавад, яке аз намунаҳои ин тафовут аст. Исломгароёни Туркия танҳо бар “ҳақ”-и ҳиҷоб барои хонумҳо таъкид кардаанд ва на “таклиф”-и ҳиҷоб, ки ду мабнои мутафовитро дар нигаришу ҷаҳонбинӣ ба намоиш мегузорад.
Шояд боризтарин тафовути ҷараёни исломгароӣ дар Туркия мавзеъи он нисбат ба секулоризм бошад, бар хилофи дигар ҷунбишҳои исломи сиёсӣ, ки секулоризмро намоди куфр медонанд.
Урдуғон дар аввалин рӯзҳои вуруди Ихвонулмуслимин ба интихоботи Миср, дар гуфтугӯе бо телевизиони “Мисри дрим” хитоб ба ҳаводорони ин ҳаракати сиёсӣ гуфт: Онҳо бояд дарёбанд, ки секулоризм на ба маънои бединӣ, балки ба маънои эҳтиром ба ҳамаи адён ва эътои озодии тадаюн барои ҳар фард аст. Онҳоро лозиму беҳтар он аст, ки дар Қонуни асосӣ таъкиду тасреҳ кунанд, яъне давлат нисбат ба ҳамаи адён мавзеъи яксон дошта бошад.
Ҳангоме давлат чунин мавзеъ дорад, ҳама эҳсоси амн мекунанд, ҳатто касоне, ки диндор нестанд, зеро давлат вазифадор аст, ки ба андозаи диндорон эҳтироми бединонро низ дошта бошад. Давлати Туркия бо ҳама робита ва мавзеъи яксон дорад ва ин ҳамон чизест, ки Ислом мехоҳад ва таърихи мусалмонон бар он таъкид дорад.
Аксарияти ҳаракатҳои сиёсӣ мухолифат бо дигарон, махсусан бо Ғарб ва мазоҳири тамаддуни ғарбиро бахши бунёдие аз ҳувияти худ сохта, набард бо онро аз вазифаҳои худ эълон кардаанд. Аммо исломгароёни Туркия бар исломӣ будани ҳувияти худ таъкид кардаанд, бидуни он ки онро лузуман бо маънои душманӣ бо Ғарб ва ҷабҳагирӣ дар муқобили он тафсир кунанд.
Ба ҳамин далел аст, ки онҳо илова бар ҳампаймонӣ бо Ғарб ва узвияти кишвари худ дар НАТО, талош барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро дар таблиғоти интихоботии худ гунҷонда, муждаи онро борҳо ба мардуми Туркия ҳам додаанд.
Сиёсати Туркия дар солҳои ҳокимияти Ҳизби адолат ва тавсеъа, сиёсати амалгароӣ буда, бо он чи расман ба номи сиёсати исломӣ пардозиш мешавад, миёнае надоштааст. Равиши амалгароии исломиёни Туркия аз ҷинси сиёсатҳои роиҷ дар дунёи имрӯз аст ва на оне, ки баргирифта аз “ассиёсатуш шаръия” ё низоми хилофати исломӣ қаламдод мегардад.
Дар арсаи иқтисодӣ бозори озод ба сабки ғарбӣ-амрикоӣ равише будааст, ки исломгароёни Туркия дар пеш гирифтаанд ва то кунун касе аз онҳо нашнида, ки баҳсе ҷиддӣ ба номи иқтисоди исломиро матраҳ кардаву худро аз таҷоруби дунёи ғарб бениёз дониста бошанд. Дигар ҷунбишҳои исломӣ чизеро, ки худ иқтисоди исломӣ мехонанд, роҳгушои мушкилоти башар дар асри ҳозир аст, агарчи то кунун ҳеҷ тарҳи иҷроие ҳам аз он ироя накардаанд. Албатта, бисёре аз донишмандон ва соҳибназарони мусалмон чанде қабл пазируфтаанд, ки чизе ба номи иқтисоди исломӣ вуҷуд надорад ва он чӣ аз нусуси Қуръони карим ва суннати Паёмбар(с) ё таҷрибаи мусалмонони садри ислом ба даст меояд, танҳо маҷмуъае аз арзишҳои ахлоқист, ки бояд дар арсаи иқтисод дар назар гирифта шавад.
Дар заминаи миллӣ, исломгароёни Туркия миллатро ба маънои мудерни он, ки тавассути миллигароёни турк поягузорӣ гардидааст, ба расмият шинохта, ҳеҷ гоҳ барои рад кардани он иқдом накардаанд. Онҳо роҳеро ёфтаанд, ки битавонанд ҳувияти миллии худро бо ҳувияти исломии хеш оштӣ бидиҳанд ва бо он ки ба манофеъи миллии Туркия ва пайвандашон бо турктаборони дигар кишварҳо боварии қотеъ доранд, ҳамзамон ин пайвандҳоро дар таноқуз бо ҳувияти исломии худ намедонанд.
Дигар ҷунбишҳои исломӣ бо таъкид бар мақулаи уммат дар муқобили миллат, навъе аз ибҳом ва ошуфтагии назариявиро дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ доман задаанд, зеро чорчӯби ҳуқуқии уммат дар ҷаҳони имрӯз бар мабнои қавонин ва паймонҳои байналмилалӣ қобили таъриф нест ва бештар ба як ҳувияти шиновари мутааллиқ ба асрҳои миёна ирҷоъ медиҳад.
Исломгароёни Туркия дар таъомул бо мудернизм низ масири мутафовитеро тай кардаанд. Онҳо дар садади он ҳастанд, ки бо афзудани унсурҳои исломият бар раванди модернизатсияи кишвар костагиҳоеро, ки дар ин раванд медиданд, ислоҳ кунанд. Дар таҷрибаи бештари ҷунбишҳои исломӣ модернизатсия навъе таҳоҷуми фарҳангӣ таъбир шудааст, ки барандозии дин бахше аз он аст ва аз ин ҷиҳат бояд ба муқобили он бархост. Исломгароии Туркия аз матни модернизатсия сар баровардааст, ба унвони такмили намунаи ватанӣ ва на вокуниши хасмона дар баробари он.
Бо ҳамаи инҳо қазовати ниҳоӣ дар бораи мизони муваффақияти ҷараёни исломгароӣ дар Туркия ҳануз пеш аз вақт хоҳад буд, зеро ин ҷараён бо чанд осебпазирӣ рӯ ба рӯст:
– Нахуст, ин ки ҷаҳиши ҷадиди ин ҷараён каме баста ба шахсияти харизмотики Раҷаб Таййиб Урдуғон аст ва ба таври табиӣ ҷараёнҳои муттакӣ ба фард ба ҳар ҳол бо пурсишу чолишҳое ру ба руст.
– Дуввум, ин ҷараён бо сабку сиёқи ҷадидаш бо озмунҳои фаровони дохилӣ ва хориҷӣ ҳам ру ба рӯст. Муқобилаи сахт бо мухолифон ва мунтақидони мазҳабиву секулор ва бурдани ҷомеъа ба вазъияти дуқутбӣ, ки то ҳадде шакл гирифтааст, яке аз ин чолишҳост.
– Саввум, чобукӣ дар арсаи амал наметавонад боиси бениёзӣ аз пухтагӣ дар арсаи назария ва тафаккур гардад. Бо ҳамаи таҳаввулоте, ки дар Туркия рух дод, ҳанӯз аз зуҳури мутафаккирон ва назарияпардозони барҷастае, ки нигаришҳои калони тамаддуниро бо пуштвонаҳои фикрӣ-фалсафӣ тарҳ кунанд, нишонае нест.
– Бархе аз муваффақиятҳои исломгароёни Туркия бархоста аз ҳамсӯии онҳо бо кишварҳои қудратманди ғарбист. Бо он ки дар зоти худ ин эрод нест, аммо ин эҳтимолро бо худ дорад, ки агар рӯзе таҳаввулоти сиёсӣ боиси фосила ва заъфи ин ҳампаймонӣ гардад, метавонад тазалзулеро дар пай биёрад, ки бархе аз кишварҳои ҷанубӣ- шарқии Осиё дар поёни даҳаи 90-ум аз сар гузарониданд.
Дар поён муваффақиятҳои исломгароёни Туркия дар тарсими чеҳраи ҷадиде аз исломгароӣ, ки аз мизони болои мақбулият дар дохилу хориҷ бархурдор бошад, таҷрибаест барои бисёре аз ҷунбишҳои исломӣ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ. Судмандии ин таҷриба барои ҷунбишҳои исломӣ замоне дучандон хоҳад шуд, ки шуҷоъати бознигарӣ дар мабонии идеологии худро низ пайдо кунанд, ҳамон гунае, ки исломгароёни Туркия карданд.
Баргардонанда, Б. Қаюмзод/colorend