Профессор Криса Анинда, Исломро пазируфт

Таваҷҷуҳи устоди
Амрикоии Донишгоҳи Канада дар Дубай, Криса Аниндаро, рӯз то рӯз дини мубини Ислом ба худ ҷалб
мекард.

Профессор Криса
Анинда, бештар ба худ меандешид, ки кадом омилҳост, ки мусалмонон то ин ҳад пойбандӣ
ба шариати Ислом ва арзишҳои онро доранд.

Крис дар утоқи
кории худ ба ҳамкорони мусалмонаш, ки оиди ҳуқуқи исломӣ тахассус доштанд, таваҷҷуҳ
зоҳир мекард. Аз ҷумла дар ҳамон донишгоҳе, ки худ машғули тадрис буд, аз профессор Марвон Ваҳиди Шаъбон, дар робита ба
масоиле ки ӯро бештар ба ҳайрат меовард суолҳо мекард.

Профессор Марвон,
дар навбати худ аз донишҷӯи 29-сола Валид Набҳан, хоҳиш мекард то ки ҳангоми муошират
бо устоди Амрикоӣ, ӯро ҳамчун тарҷумон кӯмак намояд.

Бо ин ҳол вазифаи
донишҷӯ танҳо ба як кори тарҷума маҳдуд нашуда, ӯ ба натиҷае расид, ки устоди
Амрикоиро бояд ба арзишҳои динӣ ва фазилати масоҷид ва намоз огоҳ кард.

Ҷавони донишҷӯ
барои профессор Крис Қуръони карим бо тарҷумаи англисӣ ҳадя намуда, инчунин бо
ӯ иритиботи дӯстӣ пайдо кард. Гузашта аз ин ҳамеша аз нигоҳи маъанавӣ устод
Крисро дастгирӣ мекард.

“Ҳангоме, ки дар Амрико барои ман пешниҳод
гардид, то ки дар Донишгоҳи Канада дар Дубай фаъолият намоям, эҳсосоти ҷолибе маро
фаро гирифт, то он замон, ки вориди Дубаи шудам, дарк намудам, ки ба ҳадафам
наздиктар шудам. Кӯшиш ба харҷ додам то ки бо ҳамкоронам, ки бештар рӯи масоили
ҳуқуқи исломӣ тахассус доранд, муроҷиат намоям, ки аз ҷумла доктор Марвон
Шаъбонӣ аз ҷумлаи афроде буд, ки маро ба
Валид Набҳан муаррифӣ карду, ман оҳиста-оҳиста
ба Ислом наздик шудам,”- мегӯяд, худи Крис.

“Милод Валид
Набҳан, дар донишгоҳ таҳсил мекарду, ҳамзамон ба ҳайси пулис дар Дубай фаъолият
корӣ дошт. Милод, дар бораи Ислом ва арзишҳои он бо ман зиёд суҳбат мекард,
ҳатто маро бо имоми масҷиде дар шаҳри Шарҷа
шинос кард, ки Амрикоӣ буду аз ҷумлаи ҳидоятёфтагон ба шумор мерафт. Шукргузор аз онам, ки имоми мазкур ба саволҳои
зиёде,ки маро нигарон мекарданд, посухҳои қонеъкунанда медод” илова мекунад дар
суҳбаташ Крис.

Крис аз таҷриба
ва эҳсосоти худ ҳангоми қабули Ислом ва чӣ гуна ашк рехтанҳояш аз ин ки дар
ҳаёт беҳтарин ҳадя барои ӯ насиб гардидаасст, қисса кард.

“Боре, ҳамроҳи дӯстам Милод, рӯзи ҷумъа вориди масҷид
шудем, Милод аз ман хоҳиш кард, то ки
дар ҷараёни намоз ҳаракатҳои онро анҷом диҳам. Ба рости ки чизеро намедонистам ва дар ин ҳангом дар
қалбам вуҷуди Худовандро ҳис кардам.

Пас аз адои намоз,
фурсатро ғанимат шумурдаму, калимаи шаҳодатро ба забон рондам ва дар ҳузури
ҳамагон пазириши исломро эълон кардам, сипас номи Крисро бо Идрис иваз кардам.

More From Author

You May Also Like