М. Сиддиқзода
nahzat.tj
Дарди муҳоҷир
Хонандаи азиз, фоҷиае, ки нақлаш дар зер меравад, чанде пеш дар оилаи муҳоҷире дар яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт рӯй додааст. Вале бо сабабҳои маълум мо нахостем ном (номҳои зикршуда аслӣ нестанд) ва маҳалли ҷабрдидаҳоро орем.
Насибҷон фарзанди ҳафтуми акаи Акбар буд. Фарзанде, ки падару модар тахмин бист сол интизораш буданд, зеро акаи Акбар шаш духтар дошт ва пеш аз тавлиди ҳар як фарзанд ӯ умедвор мешуд, ки Аллоҳ барояш писаре тақдим мекунад, вале танҳо дар соли бисту якуми оиладорӣ Насибҷон ба дунё омад ва зиндагии оиларо гӯё дурахше бахшид. Акнун дар ин хонавода садои хандаву бозӣ зиёдтар ба гӯш мерасид.
Акаи Акбар аз бозии писарчааш чашм наканда, шукр мекард, ки ниҳоят писардор шуд. Меандешид, ки умри панҷоҳсолааш ба ду қисмат шуда буд. Яке то таваллуди Насибҷон ва дигаре баъд аз зодрӯзи ӯ, зеро зиндагиаш акнун пурмазмунтар шуда буд. Дар якмоҳагии Насибҷон ҷашни хатнасурашро бо ҳофизони машҳури Тоҷикистон гузаронид. Ӯ хеле қарздор шуд, вале мегуфт, барои Насибҷон ҷонашро медиҳад.
Ҳамин тавр Насибҷон нозпарвардаи падар ба воя мерасид. Касе аз оила ҳақ надошт Насибҷонро ангушт занад. Мабодо чунин мешуд, Насибҷон хонаро ба сар мебардошт ва он замоне, ки падараш он апаашро ҷазо надиҳад, ором намешуд. Акаи Акбар куҷое мерафт, ҳамроҳаш мебурд. Аз ҳаракату суханҳои ширини кӯдаконаи Насибҷон ба ваҷд меомад ва ба пайвандон бо ифтихор нақл мекард ва мегуфт, ки Насибҷон инсони бузург мешавад. Дар ҳақиқат, Насибҷон дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил дошт ва чун падар мепурсид, ки кадом касбро дар оянда писараш ингихоб мекунад, мегуфт, прокурор мешавам.
Акаи Акбар ба дониши писараш эътимод дошт, вале барои эҳтиёт, ки мабодо аз имтиҳон нагузарад, пештар ба Душанбе омад ва рахна ё роҳи қабули писарашро ёфт. Дар он солҳо ҳанӯз дар факултаи ҳуқуқ ин қадар фасод набуд ва акаи Акбар бо миқдори на он қадар бисёри пул тавонист Насибҷонро ба факултаи ҳуқуқи яке аз донишгоҳҳои пойтахт қабул кунонад.
Соли дувуми хониш Насибҷон ошиқ гардид ва чун падар огаҳӣ аз ишқи фарзанд шуд, аз пайи хонадор кардани писари донишҷӯяш рафт. Бо надомат нақл мешавад, ки он духтар Насибҷонро неву дигареро дӯст медоштааст.
Насибҷон аз баҳри таҳсил гузашт ва ба хона баргашт. Рӯзҳои дароз аз манзил берун намешуд. Танҳо дар даст телефон буд. Телефоне, ки дар он акс ва садои маҳбубааш будангд.
Борҳо акаи Акбар ва ҳамсараш ба Насибҷон насиҳат карданд, ки таҳсилро идома диҳад ва боз дигар духтари аз он дӯстдоштааш ҳам зеботар арӯсаш мешавад, аммо Насибҷон танҳо мегуфт, ки ӯ дигар касеро дӯст нахоҳад дошт…
Акаи Акбар метарсид, ки писараш даст ба худкушӣ назанад, бинобарин шабҳо бо ҳамсараш бо навбат аз Насибҷон хабар мегирифтанд.
Насибҷон, ки то имрӯз ягон бор ягон хоҳишаш рад нашуда буд, намедонист, худро ба куҷо занад.
Падари бечора “Бачам зиқ нашавад” гуфта, заминашонро фурӯхта, барои Насибҷон мошини гаронбаҳоеро харид. Хайрият, Насибҷон ба он машғул шуда, андак гӯё “об кушод”. Боз дар лабонаш табассум давида, аз пагоҳ то бегоҳ дар роҳҳои шаҳраку деҳаҳо мошин медавонид.
Рӯзе чун падар аз боғ мондаву шалпар бармегашт, дид, ки дар ошхонаи сари роҳ Насибҷон бо ду – се бачаҳои авбош шароб менӯшид, вале ҳарфе нагуфт. Чун бегоҳ Насибҷон ба хона баргашт, падар андак насиҳат кард, ки майлат, дар кори хоҷагӣ мадад нарасон, мову модарат ва апаҳоят худамон брғро саришта мекунем, аммо ту писарам, ақаллан шароб нанӯш. Оқибати ин шароб танҳо фоҷиа аст, зеро дар таги поят мошин аст.
Насибҷон чизе нагуфт, вале чанд бор оҳ кашида, ба хона даромад. Боз падару модар парешон аз писари ягона. Шаб чанд бор ӯро хабар мегирифтанд.
Пайвандон маслиҳат доданд, ки ҷавон бошад ҳам (он вақт Насибҷон нав ба бисту ду қадам гузошта буд), хонадораш кунанд, зер мехӯрад ва аз он авбошон ҷудо мешавад. Апаҳояш аксҳои духтарони хушрӯйтарини шаҳракро ба Насибҷон нишон дода, мегуфтанд, ки кадомеашро интихоб кунад, арӯсаш мешавад. Вале Насибҷон ба он аксҳо ҳатто наменигарист…
Ҳафтае пас чун пагоҳӣ рӯи кати айвон барои субҳона дастархон кушоданд, акаи Акбар аз духтараш хоҳиш намуд, ки додарашро бедор кунад. Духтараш баргашт ва гуфт, Насибҷон дар хона нест. Падар зуд ба мошинсаро даромад; мошин дар ҷойаш буд. Бо дили парешон боз сари дастархон омад ва аз занаш пурсид. Ӯ гуфт, ки намедонад…
Ҳамин замон телефони ҳамроҳаш занг зад. Дид, ки шумораи Насибҷон аст. Хурсанд шуда, зуд посух дод:
“Бачам, ту дар куҷоӣ?”
“Ман дар фурудгоҳ. Пас аз даҳ дақиқа ман ба Новосибирск мепарам. Аз он ҷой ба Ёқутистон ба кор меравем. Парешон нашавед, дада.”
“Писарҷон, охир, ин боғи себу ангурзорамон ба зиндагӣ мерасад, ба ту ба муҳоҷират рафтан ҳоҷат нест. Ҳоло ҳам дер нашудааст, чиптаатро супору баргард, бачаҷонам…” – дар чашмони акаи Акбар ашк дамид.
“Дада, ман дар даруни ҳавопаймо. Ҳозир парвоз мекунем. ..” – дигар садо канда шуд.
Ақаллан як пиёла чой ҳам аз гулӯяш нагузашт. Ҳамсараш низ хомӯш мегирист ва чизе напурсид, зеро овози Насибҷонашро аз телефони шавҳараш бармало шунид ва аз асли воқеа воқиф шуд.
“Додош, зиқ нашавед. Бинед; аз шаҳраки мо зиёда аз сад нафар ҷавонон дар Русия кор мекунанд. Писари ман ҳам дар қатори онҳо… Дар намозҳоятон дар ҳаққаш дуъо кунед, ки сиҳату саломат баргардад.” – гуфт ҳамсараш, ҳарчанд худ дарун – дарун месӯхт.
Чизе ба занаш нагуфт, лекин дар чашмонаш ашк дамид…
Аз байн як сол гузашт. Аввалҳо моҳе як бор Насибҷон занг мезад, вале рафта – рафта занг зам гум шуд. Касе аз тарафи Ёқутистон меомад, акаи Акбар зуд ба манзили он баргашта мерафт ва аз писараш мепурсид. Танҳо як нафар дар давоми сол, ки аз Ёқутистон баргашта буд, гуфт, ки боре дар кадом ҷамъомади тоҷикон Насибҷонро дида будааст.
Мушкилтарин рӯзҳои зиндагӣ барои акаи Акбар, ки аз ҳафтод гузашта буд, сар шуд. Борҳо дар хоб писарашро медид ва бедор шуда, оҳ мекашид. Ба милисаи он кишвар муроҷиат кард, вале натиҷае надод.
Ниҳоят баъди ду соли гумномии писараш охири тирамоҳи соли гузашта ба ҷустуҷӯи писар ба Ёқутистон рафт. Аз як ноҳия ба дигар, аз як шаҳр ба шаҳри дигар пай мезад, вале нафаре рушан намегуфт, ки Насибҷонро дидаасту дар фалон ҷой кор мекунад.
Мӯсафеди гирёну нолонро нафаре хабар медиҳад, ки писараш Насибҷон дар фалон ноҳия дар хоҷагии ҷангалпарварӣ кор мекунад.
Акаи Акбар ба он ноҳия меравад, вале дар он хоҷагӣ писарашро намеёбад ва дар бозгашт роҳро гум мекунад…
Аввали баҳори ҳамин сол ҷасади хунукзадаи акаи Акбарро меёбанд ва ба Ватан меоранд.
Аммо Насибҷон ба хона барнагашт, дар ҷанозаи падар иштирок накард. То ҳол дараке аз ӯ нест ва модараш ҳар рӯз чашм ба дари ҳавлист, ки рӯзе писари ягонааш бармегардад…