Categories Ахбори рӯз

Путин ғалабаи Сисиро табрик гуфт

Президенти Русия дар як тамоси телефонӣ, ки худаш иқдом кардааст, генерал Сисиро барои ғалаба дар интихоботи президентӣ табрик гуфтааст.
Ҷаноби Путин сидқан президенти тоза-«интихоб»-ро бо ғалабаи калонаш муборакбодӣ карда изҳори умедворӣ кардааст, ки анъанаҳои бузурги муносибатҳои дӯстӣ миёни Русия ва Миср дар тамоми ҷанбаҳо рушд пайдо мекунанд.
А.Сисӣ аз президенти Русия нисбати табрикоташ изҳори ташаккур гуфта қайд карда, ки ба ҳамкориҳои танготанг ҳам дар масоили дуҷониба ва ҳам дар корҳои байналмиллалӣ омода аст.
Дар ин сӯҳбати телефонӣ тавофуқ ҳосил шуда, ки тақвият бахшидани равобит ва ташрифот ба кишварҳои ҳамдигарродар сатҳи олӣ тарафдоранд.

More From Author

You May Also Like