nahzat.tj
Иброимбек Ғозибеков, раиси шаҳри Хоруғи ВМКБ бо фармони Президенти кишвар аз вазифааш озод шуда, Имомбердиев Фаромуз Худомонович иҷрокунандаи вазифаи мазкур таъйин карда шуд.
Ҳамчунин Наврузшоев Амоншо аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон, озод карда шуда, Султонноёбов Юсуф Юсуфович иҷрокунандаи вазифаи мазкур таъйин карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки таъйин ё озод кардани раисони вилоятҳо ва шаҳрҳову ноҳияҳо дар Тоҷикистон аз салоҳиятҳои Президенти кишвар мебошад.