Торнамои расмии ЛДПР навиштааст, ки раиси ҳизби либерал-демократии Русия зимни боздид аз як шаҳраки назди Маскав бо муҳоҷирони тоҷик суҳбат кардааст.
Жириновский дар ин дидор гуфтааст, ки мушкили аслие, ки кишвараш ба он рӯбарӯ мешавад, ҳузури зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад ва мушкили аслии муҳоҷиринро Жириновский дар надонистани забони русӣ унвон намудааст.
«Муҳоҷирони ғайриқонунӣ хеле зиёданд, корфармоҳое, ки шароити дуруст фароҳам намекунанд, зиёданд. Муҳоҷирон дар таҳхона ва кӯчаҳо зиндагӣ ва шабу рӯз бидуни истироҳат кор мекунанд. Оддитарин ҳолати санитарӣ риоя намешавад. Ҳақмузди онҳо пурра пардохт нашуда, баъзан умуман маблағе намедиҳанд. Ва маълум аст, ки ин ҳама ба шумо бетаъсир нахоҳад буд. 22 сол мешавад, ки мо дар кишварҳои алоҳида зиндагӣ мекунем, дар бисёре аз шаҳрҳои Русия мардум намефаҳманд, ки ин қадар одаме, ки забон, фарҳанг ва динашон фарқ мекунад, кай омадаанд» – гуфтааст Жириновский.
Владимир Жириновский яке аз нафароне аст, ки намехоҳад муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия ҳузур дошта бошанд. Соли гузашта низ зимни як нишаст дар телевизиони «Мир» иброз намуда буд: «Ман тарафдори онам, ки дигар муҳоҷирини кории хориҷиро ба кор қабул накунанд. Тамоман! Ва то 1-уми июл бояд ҳамаи онҳо қаламрави Федератсияи Русияро тарк кунанд».
Ҳамчунин рӯзи 18 апрели 2013, Владимир Жириновский, дар барномаи “Поединок”-и шабакаи телевизюни давлатии “Россия-1”, гуфта буд: “Ҳоло дӯстони шумо, кумунистони тоҷик дубора қимати пойгоҳи низомии мо дар Тоҷикистонро бешармона боло мебаранд! Барои ҳамин мо мегӯем, ки мо дигар муҳоҷирони шуморо намепазирем. Он вақт Раҳмон, раҳбари давлат чӣ кор мехоҳад бикунад? Ӯ хеле хуб мефаҳмад, ки он замон вақти ӯ ба поён мерасад. Зеро исломиҳои афғон Тоҷикистонро забт ва Раҳмонро ба монанди Наҷибулло дар маркази шаҳр ба дор меовезанд.”
Баъдан 24 апрели 2013, Маҷлиси Намояндагон бо пахши мурҷиатномае ба Думаи Русия ва Вазорати хориҷаи кишвар суханони таҳқиромези Жириновскийро маҳкум карда, онро таҳқиромез, дур аз ҳақиқат ва латма ворид кардан дар муносибати ду кишвар хонданд.
Инчунин, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 22 апрел баргузор гардида буд, ҳарфҳои Жириновскийро нажодпарастона ва таҳқири миллат хонда гуфта буд: “Ин таҳқир нисбати Президентро аз тарафи ҳар касе бошад, маҳкум мекунем.”