Рози саломати ҷомеа

Таҳқиқоти махсуси равоншиносӣ ва фалсафа ва муқоисаи онҳо бо асосҳои Қуръони маҷид ба хубӣ нишон медиҳад, ки дастуроти ахлоқии ин дин чаҳордаҳ аср пеш мутобиқи ҳадафҳои дониши равоншиносӣ бино шудааст. Яъне паёмбари акрам ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам қасд доштааст, то аз оёт ва омӯзаҳои Қуръони маҷид рӯҳу ҷисми пайравони худро солим намояд. Воқеият ин аст, касоне ки то ҳадде тавонистаанд, худро бо ҳикматҳои Қуръон одат диҳанд ва ҳақиқати онро то ҳадди имкон бипазиранд ва дастуроташро иҷро намоянд, аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ солимтар ва шодкомтаранд, ё лоақал(л) умри кӯтоҳи хешро ба хушию саломатӣ ба сар мебаранд. Ман инҷо аз дӯсти азизам равоншинос Бобоҷони Қаюмзод барои мақолаҳои дарҷ намудаашон дар бораи дониши равоншиносӣ ва тарбияи ҷомеа ва махсусан таваҷҷӯҳашон ба насли ҷавон ташаккуру қадрдонӣ менамоям. Воқеан, имрӯз мо ниёзманди солим нигоҳдоштани худ ва ҷомеаи худ буда, барои расидан ба он эҳтиёҷ ба шинохти дурусти Қуръон, тиб, ахлоқ ва равоншиносӣ дорем.

Воқеан, ҷомеаҳои мисли ҷомеаи мо, ки аз бисёр ҷиҳатҳо осебпазир буда, дар шароити кунунии раванди ҷаҳонишавӣ бо мушкилоти фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсии мухталифе рӯбарӯ ҳастанд, чораҷӯйӣ амри лозимӣ ва асосии масъулон ва расонаҳои хабарӣ мебошад. Зарбулмасали «илоҷи воқеа, пеш аз вуқӯъ» дар асл ҳамин роҳи камҳарҷ ва осони пешгирӣ аз мушкилоти ҷисмию рӯҳии ҷомеа аст. Ба ҳамин манзур мо кӯшиш кардаем, то аз роҳнамоиҳои Қуръони карим барои дармони мушкилоти ҷомеаамон баҳра бигирем. Зеро фарҳанги бою ғании мо, ки саропо ҳикмати зиндагӣ карданро меомӯзад, метавонад, такягоҳи маҳкаму устувори ҷомеа қарор гирад. Дар ин хусус аз осори донишмандони шинохта, аз ҷумла аз асарҳои «равоншиносии динӣ»-и Алии Паривар истифода хоҳем кард.

Дарси муҳаббату адаб дар Қуръон

«Эй аҳли имон! Ҷуз хонаҳои худатон ҳаргиз дохили хонае машавед, магар инки бо аҳли он ошно бошед ва дар айни ҳол ба сокинони он хона салом кунед, ин барои шумо беҳтар аст, шояд мутазаккир шавед»!(сураи «Нур» ояти 27)

Мушоҳида мешавад, ки Қуръони карим бунёди ҷомеаро аз хонавода дониста аст ва дастуроте дар бораи он содир намудааст, ки аз 1400-сол муқаддам то имрӯз беҳтар аз онро наметавон ёфт. Мард аз назари Қуръон вазифадор аст, то хӯроку пӯшок ва дигар эҳтиёҷоти хонаводаро таъмин намояд ва зан бошад, масъули тарбияти фарзандон дониста шудааст, ки ҳам ҷанбаи моддию ҷисмӣ ва ҳам ҷанбаи рӯҳию маънавии онҳоро бар дӯш дорад. Таълиму тарбияи фарзандон аз назари Қуръон барои падару модар як шарти зарурӣ ба ҳисоб рафта, аз тарафи дигар эҳтироми волидайн бар гардани фарзандон фарз дониста шудааст. Ин амр ба хотири он аст, то тамоми афроди хонавода ва ин иҷтимои хурд бо фарҳанги сулҳ ва зиндагии софу бе олоиш одат намояд ва сулҳи умумӣ аз онҷо оғоз шавад. Барои ба вуҷуд овардани амнияти комил дар хона дастур додаст, ки касе ҳақ надорад, то пеш аз ошно шудани комил ба хонаи каси дигар ворид шавад. «Яъне ҳар кас дар хонаи худ дар амният аст».

Агар шахсе воқеан бо риояти эҳтиром вориди хонаи касе шавад ва бо гуфтани салом иҷозати дохил шудан бихоҳад, яқин аст, ки тамоми кинаҳо аз байн хоҳад рафт ва ё ба ҳадди ақал(л) хоҳад расид.

Қуръони карим барои тарбияи бештари инсонҳо дар ҷойи дигар чунин овардааст: «Вақте вориди хонае шудед, бар худатон (касоне ки аз худатон ҳастанд) салом кунед, ин салом таҳияти бо баракат ва покизаест, аз ҷониби Худованд».(сураи «Нур» ояти 61)

Дар рафтори рӯзмарраи мо воқеан чӣ андоза салом гуфтан ё салом кардан ривоҷ дорад? Мо чӣ қадар омода ҳастем, то бо як ҳамшаҳр ё ҳамватани худ сулҳро ҳадя намоем?

Бо як нигоҳи гузаро ҳам бошад, мулоҳиза мешавад, ки Қуръони карим бо гуфтани як салом чигуна кинаҳоро дур сохта, тухми дӯстию муҳаббатро дар дилҳои мардум ҷой мекунад. Худованд (ҷ) дар ҷойи дигаре фармудааст: «Бандагони Худованд ононе ҳастанд, ки рӯйи замин бо тавозуъ ва фурӯтанӣ роҳ мераванд ва агар нодонон онҳоро садо зананд, бадонон салом мегӯянд».(сураи «Фурқон» ояти 63)

Мулоҳиза намоед! Агар касе, ҳатто бо душмани худ ингуна рафтор кунад, ӯро табдил ба дӯст хоҳад кард. Донишмандони илми равоншиносии муосир низ пешсаломкарданро ҳамчун роҳи амнияти фард дар ҷомеа муаррифӣ карда, онро ташвиқ мекунанд.

Агар ба фалсафаи аслии зиндагӣ каме диққат намоем, ба хубӣ возеҳ мешавад, ки хушиву хушбахтӣ дар доштани пулу моли бисёр нест, балки муҳитест, ки аслу асоси он бар пояи муҳаббати воқеӣ бино ёфта, дар он улфату дӯстӣ миёни мардум ҳукмфармост. Асл дар зиндагии мо оромиши хотир аст, ки он ҳам фақат аз роҳи муҳаббат варзидан ба дигарон фароҳам мешавад. Ҳаргоҳ фариштаи муҳаббат дар ҳар муҳите ва ё ҳар хонаводае роҳ ёбад, ба ҳамроҳи он сулҳу сафо, осоишу оромиш низ роҳ хоҳад ёфт. Фарҳанги салом гуфтан, яъне фарҳанги сулҳ, дӯстёфтан, аз бекасию танҳоӣ наҷот ёфтан, мушкилотро ба осонӣ ҳал кардан ва ғайра…

More From Author

You May Also Like