Айман Завоҳирӣ, роҳбари “Алқоида” суқути Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури пешини Мисрро “тавтеа”-и Ғарб ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс хонд. Вай суқути Мурсиро “беҳтарин далел барои шикасти равиши демократӣ дар барпои давлати исломӣ” қаламдод кард.
Айман Завоҳирӣ, ҷонишини Усома бин Лодин дар паёми савтие, ки ба ӯ мансуб шудааст, аз суқути Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури интихобшудаи Миср тавассути артиши ин кишвар ба шиддат интиқод кардааст.
Бино ба гузориши хабаргузории Олмон дар таърихи 3-юми июл, роҳбари шабакаи “Алқоида” дар ин паём, ки шомгоҳи ҷумъа (2-юми июл) дар пойгоҳҳои интернетии мансуб ба онҳо мунташир шуд, мегӯяд: “Салибиҳо, секулорҳо ва артиши амрикоӣ шудаи (Миср) бо якдигар қарор гузоштанд, то бо пули кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва дасисабозиҳои амрикоӣ давлати Муҳаммад Мурсиро барканор кунанд.”
Айман Завоҳирии мисритабор, ки гумон меравад дар Покистон бошад, суқути Мурсӣ тавассути артиши Мисрро “беҳтарин далел барои шикасти равишҳои демократӣ дар барпои як ҳукумати исломӣ” хонд.
Вай гуфт, ки дар пешзаминаи барканор кардани Мурсӣ “талоши салибиҳо қарор дорад, ки мехоҳанд дар ҷануби Миср ҳукумати қибтиҳо (масеҳиҳо)- ро ба вуҷуд биоранд.”
Хатари ҳамлаҳо дар авохири моҳи Рамазон
Дурустии паёми 14- дақиқаии роҳбари “Алқоида” то кунун таъйид нашудааст. Аммо бо таваҷҷуҳи оҳанги ҷумлаҳо ва навъи баёни гӯянда ба назар мерасад, ки ин паём ба Айман Завоҳирӣ, ҷонишини Усома бин Лодин, мутааллиқ бошад.
Усома бин Лодин дар соли 2011 тавассути амрикоиҳо дар Покистон кушта шуд. Аз он пас, Айман Завоҳирӣ роҳбарии ин шабакаро бар уҳда дорад.
Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико ба далели хатар аз ҳамлаҳои эҳтимолии “Алқоида” ва дигар созмонҳои тундрави мазҳабӣ сафоратҳои худро дар авоили ҳафтаи ҷорӣ ба сурати муваққат бастанд.
Коршиносон муътақиданд, байни паёи ҷадиди мансуб ба Завоҳирӣ ва ҳушдор нисбат ба афзоиши хатари ҳамлаҳои террористӣ робитае вуҷуд дорад. Онҳо мегӯянд, роҳбари “Алқоида” дар ин паём барои ҳамла ба “масолеҳи Амрико ва дигар шариконаш” дар тамоми ҷаҳон фарохон додааст.
Ба ақидаи онҳо, ин ҳамалоти эҳтимолӣ қарор аст, ба талофи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар Покистон ва Яман ва дар кул дар интиқоми дахолати низомии Амрико ва муттаҳидонаш дар Ҷаҳони Ислом анҷом шавад.
Авзоъи Миср
Дар ҳамин ҳол, давлати интиқолии Миср аз ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ хостааст, маконҳоеро, ки дар онҳо ба муддати дароз таҷаммуъ кардаанд, тарк кунанд.
Ҳазорон тан аз тарафдорони “Ихвонулмуслимин”, аз ҷумла дар наздикии масҷиди “Робеъаи Адавия” ва майдони “Наҳзат” дар Қоҳира, пойтахти Миср гирд омада, дар он ҷо хаймаҳо заданд. Онҳо хостори бозгашти Мурсӣ ба қудрат шудаанд. Хориҷ кардани онҳо аз ин маконҳо мумкин аст, ба даргирии хунине бианҷомад.
Артиши Миср ба дунболи эътирозоти густурда алайҳи Мурсӣ, ӯро сеюми июли соли ҷорӣ аз мақоми худ барканор ва дастгир кард. Баъд аз он давлати интиқолӣ ҷойгузини давлати Мурсӣ шуд.
Манбаъ: Хабаргузории Олмон бо ихтисор