Categories СИЁСАТ

Сафари Лавров ба Тоҷикистон аз нигоҳи коршиносон

Мижгона Ҳалимова

25.04.2012, 10:30

И. Фирӯз: Бо қариб шудани интихоботи президентӣ, Тоҷикистон ночор ба гузаштҳо розӣ мешавад

Сайфуллозода: Баъди мулоқоти Лавров бо Президент мавқеъҳо то ҷое равшан хоҳад шуд

А. Маҳмадазимов: Тоҷикистон омодааст, ки то даҳсол пойгоҳ тамдид шавад, аммо на бемузд

Сафари кории Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ба Тоҷикистон дар муносибати бе ин ҳам сарди Русия ва Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки кишвараш ба вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва дигар иншооти бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон алоқаманд аст. Тоҷикистон мегуяд, ки бар замми ин, ки Русия дар Тоҷикистон имтиёзҳои зиёде дорад, вале якумӣ аз шарики стротегияш ба шакли зарурӣ дифоъ намекунад. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин сафар норушаниҳо ва дурнамои муносибати Тоҷикистон ва Русияро то ҳадде равшанӣ меандозад. Хабарнигори сомона назари баъзе аз коршиносони кишварро дар ин маврид гирифтааст, ки пешкаши Шумо менамоем.

И. Фирӯз: Бо қариб шудани интихоботи президентӣ, Тоҷикистон ночор ба гузаштҳо розӣ мешавад

Искандари Фирӯз, иқтисодшинос дар ин бора мегуяд: «Аз суханоне, ки оқои Лавров ба ҷамъи хабарнигорон гуфт, чунин бардошт мешавад, ки истифода аз фурудгоҳи Айнӣ ва марзи боҷи гумрукӣ барои молҳои воридотӣ ва содиротӣ ба Тоҷикистон, ҳеҷ тавофуқе ҳосил нашудааст. Ба ин далел гуфтан мумкин аст, ки ҳарду кишвар ба мавқеи қаблии худ ҳамчунон қарор доранд ва барои тағйири мавқеъ, онҳо ҳанӯз заминаи фароҳам набахшидаанд. Дар мавриди идомаи ҳудуди пойгоҳи низомии Русия, оқои Лавров гуфт, ки Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дастур додааст, ки таҳияи санад идома дода шавад. Дар ҳоле, ки моҳи октябри соли гузашта раиси ҷумуҳрии Русия эълон дошта буд, ки санад таҳия аст ва бояд, ки то охири марти соли 2012 имзо шавад, вале имзо нашуд. Гузашта аз ин, вазорати хориҷаи Русия гуфта буд, ки ин санад омода аст ва дар дасти баррасии ҷониби Тоҷикистон аст. Ҳаминтавр борҳо ҷониби Русия гуфта буд, ки мо тавофуқ карда будем, вале амале ба назар нарасид.»

Аз дурнамои муносибати ду кишвар ва омодагии тарафи Душанбе ба гузаштҳо сухан карда, иқтисодшиноси тоҷик меафзояд: «Вале фикр мекунам, ки бо наздик шудани замону баргузории интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, риштае аз ин масоил ҳалли худро пайдо хоҳад кард, чун фишорҳое, ки ҷониби Тоҷикисон эҳсос мекунад ночор месозад, ки ба гузаштҳо омода бошад.»

Сайфуллозода: Баъди мулоқоти Лавров бо Президент мавқеъҳо то ҷое равшан хоҳад шуд

Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгар мегуяд: «Барои мо маълум аст, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, то ҷое дар баъзе мавридҳо норӯшан боқӣ мондааст. Бояд сари онҳо муколама сурат бигираду баррасӣ шавад, то дар раванди коргузорӣ ва муносибатҳои дуҷониба дигар халале ворид нашавад ва ё ингуна мушкилот аз байн биравад.»

Ӯ меафзояд: «Ду созишнома миёни вазорати корҳои хориҷии ду кишвар дар мавриди ҳамкориҳо ба имзо расидааст. Инҳо албатта созишномаҳое нестанд, ки мушкилоти дуҷонибро аз байн бибарад ва паҳлӯҳои норӯшани муносибатҳои моро равшантар бисозад. Зеро масъалаҳое ҳастанд, ки бояд онҳоро пайгирӣ кард ва атрофи он мавқеъгирии шафоф дошт. Аз ин рӯ ҳоло гумон мекунам, ки мулоқот дар пеш асту ҷаноби Лавров бо президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон суҳбат хоҳад кард. Аз он суҳбатҳо ва гиллагузориҳову интиқодҳое, ки ҷаноби Раҳмон нисбати Русия изҳор дошт ва он суҳбате, ки чанд рӯз пеш дошт ба инҳо ишора шуд. Пас бояд ин масъала дар ин мулоқот матраҳ шавад ва то ҷое мавқеъҳо равшан шавад.»

Дар бораи чи гуна беҳтар шудани муносибати ин ду кишвар, ҷаноби Сайфуллозода мегуяд: «Агар ин корҳо он тавре, ки ҷонибҳо мехоҳанд, барои мисол Тоҷикистон ниёзманди сармоягузориҳои муассир аз ҷониби Русия аст, амалӣ шаванд ва он дархостҳое, ки аз ҷониби Русия барои густариш бахшидани манофеи хеш дар Тоҷикистон дорад, онҳоро дарёфт кунад – манзурам он масоили баҳсие, ки пойгоҳу нерӯгоҳӯ заводи алюмин ва дигар масъалаҳое, ки ҳастанд ба манфиати Русия ҳал шавад – мо метавонем гӯем он ду ҳамшарикие, ки аз қабл эълон доштанд ҳамчун шарикони стратегӣ онҳо боз аз нав роҳандозӣ мешаванду пеш мераванд.»

А. Муҳаммадазимов: Тоҷикистон омодааст, ки то даҳсол пойгоҳ тамдид шавад, аммо на бемузд

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос бар ин назараст, ки муносибати Тоҷикистону Русия, бисёр масъалаҳое мисли пойгоҳи ҳарбӣ, аэродроми Айнӣ, сарҳад, қарзе, ки аллакай ба 50 млн $ расид, истифодаи Сангтуда-1 ва дигар масъалаҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва илмӣ ҳастанд, ки баҳси худро интизор аст.»

Дар қазияи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммадазимов мегуяд: «Аммо баҳси аввал оиди пойгоҳи ҳарбии 201-ум мешавад, ки онҳо мехоҳанд, ки муддати 49 сол бепул гиранд. Албатта Тоҷикистон ба ин розӣ намешавад, чунки ин ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон рост намеояд. Аз ин рӯ мо омодаем, ки ҳадди ақал то 10 сол пойгоҳ дода шавад, вале на бемузд. Як маблағи муайянро бояд пардохт кунанд, зеро ин маблағ барои пешбурди иқтисодиёти миллии мо зарур аст.»

«Дуюм масъала, мо барои истифодаи барқи Сангтуда-1 аллакай 50 млн $, яъне 255 млн сомонӣ қарздор шудем ва бояд Барқи тоҷик як график созмон диҳаду онро дар моҳҳои наздик васл кунад. Савум масъалаи ҳарбӣ – техникӣ мебошад, ки мо розӣ шуда наметавонем, ки сарҳадчиёни Русия баргарданд, зеро он вақт истиқлолияти Тоҷикистон коста мешавад. Чунки дар дохил то сарҳад мо мустақил ҳастем, аммо дар сарҳад онҳо ҳастанд, ки ин ба истқлолияти пурраи мо халал ворид мекунад. Ҳамчун мушовир бошанд ва лавозим техникӣ кумак кунанд, аммо сарҳади Тоҷикистонро бояд тоҷикон ҳифз кунанд. Масъалаи донишгоҳҳо хуб аст, ки кушода шуда истодааст ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аст. Ин масъала ва дигар масъалаҳо ҳастанд, ки дар ин ду рӯз мавқеи худро дутарафа ошкор мекунанд. Умед дорам, ки ҷонибҳо дар ин сафар ба ягон қарордод мерасанд.»- меафзояд оқои А. Маҳмадазимов.

More From Author

You May Also Like