Як генерали дигари Сурия гурехтааст, дар ҳамин ҳол артиши Туркия аз пайдо шудани аҷсоди ду халабони ҳавопаймо хабар дод, ки тавассути нерӯҳои Сурия сарнагун шудааст.
Ба гузориши “voanews”, бо фарори генерали сурӣ ба Туркия дар рӯзи чоршанбе шумори низомиёни баландпояе, ки ба мухолифон пайвастаанд ба 15 нафар афзоиш ёфт. Анкара айни замон мизбони ҳудуи 250 афсари сурӣ аст, ки ба артиши озоди Сурия дар ҷануби Туркия пайвастаанд.
Рӯзи чоршанбе ҳамчунин гурӯҳи нозир бар ҳуқуқи башар дар Сурия ба “Садои Амрико”гуфт, ки дар идомаи задухурд дар саросари Сурия 21 тан, аз ҷумла 11 тан дар шаҳри Дайруззур, 8 тан дар вилояти Адлеб ва 5 тан дар Ҳумаи Димишқ кушта шуданд.