Categories Uncategorized

Р. Зоиров: Конфронсро дар Боғи Рудакӣ доир мекунем

nahzat.tj

Баъди ду рӯз аз талошҳои пайиҳами Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиуми юридикии кишвар,  барои доир кардани конфонс ба ӯ толор дода нашуд. Қарор аст, ки дар ин конфронс аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байналмилаллӣ ширкат варзанд.

Раҳматилло Зоиров, ки ҳамзамон раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, ба мо гуфт: “Мақомот аз доир кардани конфронси мо тарсиданд, вагарна дар кишвари демокартӣ ва обод, ба иҷора додани толор барои як чеҳраи сиёсӣ ҳам бошад, набояд “инқилоб” бошад.”

“Ба ҳар сурат мо чорабинии худро рӯзи шанбе дар яке аз боғҳои пойтахт доир мекунем. Мавзӯъи он матраҳ намудани қонун дар бораи интихоботи президентӣ аст.

Ҳамзамон барои маҳдуд кардани толорҳое, ки барои доир кардани конфронс гирифта будем, нишасти матбуотӣ доир мекунем.”- афзуд раиси Консорсиуми юридикии кишвар.

Ба гуфти ҷаноби Зоиров, 13 сентябри соли ҷорӣ толори Маркази тадқиқотии стратегиро бо пардохти 150 доллар ва 400 сомонӣ барои истифодаи микрофонҳо пардохт карда буданд. Инчунин, онҳо дар меҳмонхонаи «Каён-1» ҳам ҳамин миқдорро пардохт карданд, аммо, ба қавли Зоиров, «чун дар вақти пешбинишуда расидем, кормандони «Барқи тоҷик» ва эпидемологӣ дари меҳмонхонаро баста, корҳои назоратӣ мегузарониданд.»

Бинобар ин, Зоиров мегӯяд, онҳо тасмим гирифтаанд, ки конфронс оид ба қонуни интихоботи президентиро дар Боғи Рудакӣ дар таърихи  22 сентябри соли равон доир хоҳанд кард.

More From Author

You May Also Like