Categories Uncategorized

Риёзидони амрикоӣ: “Ислом дини ҳақ аст”

Муҳаққиқ ва донишманди риёзиёти амрикоӣ, мутахассис дар улуми компютер дар донишгоҳи Ле Ҳой, Девид Лиюлӣ изҳор дошт, ки Ислом дар ҳақиқат дини ҳақ аст.

Ба гузориши “islamworldnews”, ӯ мегӯяд, ҳаргиз натавонистааст, ки ақидаи “таслис”, масеҳият, ки бо он парвариш ёфтаастро бипазирад чун бо ақл созгор нест.

Вай мегӯяд, тасмим гирифтам ба ҷустуҷӯи ақидае тоза бипардозам, ки маро аз инҳироф ва нобудӣ ҳифз бидорад ва ташвиши рӯҳӣ, ки аз он ранҷ мебарам онро бароям пур кунад.

Ӯ афзуд, бо дӯсте амрикоӣ, ки пеш аз ман мусалмон шуда буд, ошно шудам, ки тарҷумаи англисӣ аз Қуръон дошт, онро аз ӯ гирифтам, то ба маҷмуаи китобҳои диниям биафзоям.

Пас аз он ки ман Қуръонро гирифтам ва мутолиа кардам, қалбамро оромише фаро гирифт ва ҳарчанд ки дар хонаводаи масеҳӣ парвариш ёфта будам, аммо ҳанӯз як ҳафта нагузашта буд, ки Ислом дар қалбам ҷой гирифт.

Бо ин тартиб ӯ таъкид медорад, ки бо оғози мутолиаи Қуръон, дини Ислом дар дилам реша давонд ва ақламро ҳақонияте фаро гирифту рӯҳам, ки ҳамеша дар азоб буд оромиш пайдо кард ва мақсади кӣ буданамро дар дунё дарк кардам.

Донишманди амрикоӣ, ки номи Довуд Абдуллоҳ Аттавҳидиро баргузида мегӯяд, айни замон бештар кӯшиш дорад, то таълими дини Исломро бештар биёмӯзад, то битавонад дар тарбияти наслҳои ояндаи мусалмонон дар Амрико ва фаъолияти даъват ғайримусалмонон ба Ислом саҳим гардад.

More From Author

You May Also Like