Варон Бофт, саввумин марди сарватманди ҷаҳон, ки як амрикоӣ аст, ахиран эълом кардааст, ки қасд дорад 99% аз дороиҳои худро ба созмонҳои хайрия бубахшад.
Ба гузориши “Аларабия”, вай ки бо радиои “Бавария” – Олмон гуфтугӯ мекард, тасреҳ кард, ки бо вуҷуди доштани 44 милиард доллар зиндагии комилан табиъӣ дорад.
Милиардери амрикоӣ гуфтааст, ки рӯзона 6 соат мутолиъа мекунад, 2 соатро бо мудирони корҳояш ба гуфтугӯ мешинад ва дар шаб бо компютер бозӣ мекунад.
Ӯ пеш аз ин дар номае ба сиҳомдорони ширкаташ гуфта буд, ки ба саратон, ки ҳанӯз дар мароҳили аввалия аст, мубтало шудааст.
Вай дар айни ҳол дар номааш гуфта буд, ки ҳлаш хеле хуб аст ва ба ҳеҷ ваҷҳ эҳсоси беморӣ намекунад.