Categories Ахбори рӯз

Садои Амрико: вақташ расида, ки Исроил ҳуқуқи Фаластинро бишносад

Фараҳманд Алипур: арабҳо дасти дӯстӣ ба симати Исроил дароз карданд ва дар 10 соли гузашта гуфтанд, ки агар Исроил ба пушти марзҳои 1967 баргардад, ба сулҳ мерасем. Аммо Исроил инро ҳеҷ қаблу надорад ва намехоҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Ҷомниюз”, Фараҳманд Алипур, рӯноманигор дар ҳошияи гуфтугӯ перомуни фаъолияти интернетии иддае аз фаъолони чапгаро дар мухолифат бо ҳамлаи Исроил ба Эрон, ба телевизиони давлатии Садои Амрико “VOA” гуфт, ки сулҳталаб будани мардуми Эрон ва кишвари Эрон ягон ҷои пинҳонӣ надорад. Зеро тақрибан 200 соли ахир кишвари Эрон оғозгари ҷанге алайҳи ҳамсоягонаш набуда, вале аз тарафи Исроил мо чунин чизеро шоҳид нестем.

Ин рӯзноманигор дар идома афзуд, ки кишварҳои арабӣ 20 сол пеш бо номи музокироти сулҳ дасти дӯстӣ ба симати Исроил дароз карданд ва дар 10 соли гузашта бо тарҳи сулҳи арабӣ гуфтанд, ки агар Исроил ба пушти марзҳои 1967 баргардад, яъне ҷое ки СММ таъйин карда ва Амрикову Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам аз он ҳимоят карда буданд, ба сулҳ мерасем. Аммо гӯё Исроил сулҳ намехоҳад. Аз тарафи дигар давлати фаластинӣ, яъне Абумозин, раиси Ташкилоти худгардон, тарҳи сулҳи Иттиҳодияи Арабро дар тамоми рӯзномаҳои пуртиражи исроилӣ ба забонҳои русӣ, ибарӣ ва англисӣ ба намоиш гузоштанд, то шаҳрвандони исроилӣ дар ҷараёни ин тарҳи арабҳо қарор бигиранд. Аммо тақрибан 10 соли гузаша Исроил ҳеҷ ҷавобе ба ин тарҳи сулҳ надодааст.

Вай гуфт, ки Исроил бояд ҳуқуқи ҳамсояҳо ва ҳуқуқи соҳибони аслии сарзаминҳоеро, ки ишғол кардаанд, ба расмият бишносанд ва қатъномаҳои СММ – ро бипазирад. Ман фикр мекунам, баъд аз 64 соли ҳузури Исроил дар Ховари Миёна, айни замон вақташ расидааст, ки ҳуқуқи Фаластинро ба расмият бишносад ва ингуна сулҳталаб будани худашро нишон диҳад.

More From Author

You May Also Like