(таваллуд 532-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1137-и мелодӣ, вафот 589-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1193-и мелодӣ. Ниг: Аъломи Заркалӣ)
Сохтани мардон бузургтарин санъат ба ҳисоб меояд ва бино намудани инсони комил аз бинои кӯҳҳои осмонбӯс дида душвортар аст. Дар дунё мардоне ҳастанд, ки як нафарашон ба ҳазор нафар баробар аст ва ҳамчунин гоҳо ҳазор мард ба як мард баробар шуда наметавонад.
Баъзан ҳангоми фаро расидани торикии сахт, рӯзҳои пурдаҳшат ва шабҳои сип-сиёҳ барои наҷоти инсоният аз ҷониби Аллоҳ таоло нуре медурахшад, Худованд барои ин уммат шахсеро мефиристад, ки динашро таъмир ва бозсозӣ мекунад, тамоми умури дунёи онҳоро ба салоҳ медарорад. Аллоҳ таоло дар чунин ҳолатҳои вазнин барои уммати ислом мардонеро мефиристад, ки тамоми дарду ғамро ба дӯшашон мегиранд, зинату зарқу барқи дунёро тарк мекунанд ва онро паси пушт меандозанд.
Салоҳиддини Аюбӣ аз ҷумлаи чунин мардон дониста мешавад. Ба танҳоӣ ҳукми як умматро дошт. Ба ҳақ, Салоҳиддин яке аз муъҷизаҳои ошкорои ислом ба шумор меояд. Аммо саволи асосӣ ин аст, ки чаро мо дар бораи Салоҳиддин менависему баҳс меороем?! Оё мақсад аз ин сатрҳо танҳо ифтихор аз гузашта аст?! Ё мақсад аз он бо дасту пойи баста нишаста гиря кардан аст?! Ва ё ҳадаф аз воқеияти талхи имрӯза ҳасрат хӯрдан аст?!
Дар ҳақиқат имрӯз сухан гуфтан ва баҳс атрофи ҳаёт ва фаъолияти Салоҳиддини Аюбӣ (р) кори хеле писандида ва ҳатто метавонӣ бо далоили зерин ин амалро зарурати исломӣ ва фаризаи шаръӣ бигӯӣ:
1. Масҷиди Ақсо айнан ба ҳамон ҳолати пеш аз омадани Салоҳиддини Аюбӣ дар ҳолати озмоишии сахт қарор дорад.
2. Имрӯз уммати исломӣ роҳи ҳидоятро гум карда аст ва тамоми роҳҳои салоҳ дарҳаму барҳам гаштаанд.
3. Имрӯз уммати исломии мо ба пайравии шахсони намунавӣ эҳтиёҷи зиёд дорад, зеро дар ин аср мардони намунавӣ ва ҳақиқӣ хеле кампайдо ҳастанд.
4. Имрӯз уммати исломӣ ба шахсе монанди Салоҳиддини Аюбӣ ниёзманд аст, то каромат ва иззати аз дастрафтаашро бори дигар баргардонад.
5. Омӯзиши таърих амри ниҳоят зарурӣ дониста мешавад, то пасомадагон бо роҳи рафтаи гузаштагон (салафи солеҳ) ошно гарданд ва айнан бо ҳамон роҳ қадам монанд, то ин ки аввалан роҳҳои озодсозии Байту-л-муқаддасро шиносанд ва сониян барои озодии он ҳамон роҳи пешиниёнро интихоб кунанд ва дар асоси он ҳаракат намоянд.
6. Умед доштан ба пирӯзӣ талаботи шаръист. Давомнокии давлати ботил ҳарчанд қудратманд ҳам бошад, чанд соат, аммо давомнокии давлати ҳақ то қиёми соат (рӯзи қиёмат) аст. Аз ин сабаб набояд ноумедӣ ва хастагӣ дар мо роҳ ёбад, балки бояд фаъолият кунем, фаъолият кунем.
Имрӯз мо ба саховатмандии тавонгарон, дониши аҳли дониш, ҷиҳоду муборизаи бандагони ботақво, даъвати пур аз ҳикмати даъватгарон ва иродаи шикастнопазири мардони воқеъӣ ниёзи мубрам дорем. Оре, мо дар асри ҳозир ба ҷамъсозии парокандагӣ, боло бурдани ҳимматҳо, китф ба китф гузоштани тамоми нерӯҳо, тарки ихтилофот, ваҳдати саф ва таваккули саҳеҳ ба Аллоҳ таоло ниёзманд ҳастем
Салоҳиддин, насаб ва нашъунамо
Дар ҳақиқат Салоҳиддини Аюбӣ, читавре баъзе қавмгароҳо аз хушҳолӣ табл мезананд, арабиасл набуд, балки вай дар шаҳри қадимаи Текрити Ироқ, воқеъ миёни Бағдод ва Мавсил, дар оилаи курдиасл ва шариф ба дунё омада аст. Он замон падари бузургвораш ҳокими қалъаи Текрит буд.
Дар асл насабу ҳасаби шариф ва олӣ доштан ҳаргиз ба шахси бадахлоқ шафоат карда наметавонад ва заъфи имонӣ ва динии касро ҷуброн намекунад. Оё ҳақиқат ғайри ин аст, ки аксари бузургони ин уммат ва таъсисдиҳандагони тамаддуни исломӣ мусалмонони ғайри араб ҳастанд?! Дар ин бобат метавонӣ аз сафаҳоти таърих пурсон шавӣ, бароят номгӯи ситорагони тобоне, монанди имом Бухорӣ, имом Муслим, имом Тирмизӣ ва садҳо пешвоёну донишмандонро пешкаш месозад.
Аз ҷумлаи ҳодисаҳои шигифтангези вилодати Салоҳиддин дар он аст, ки падараш Наҷмиддин Аюб ибни Шодӣ баъди таваллуди писараш Салоҳиддин Юсуф ба тарки шаҳри Текрит маҷбур гардид ва аз ин ҳодиса фоли бад гирифт. Яке аз ҳозирини маҷлис хитоб ба падари Салоҳиддин (р) чунин гуфт: “Аз куҷо медонӣ?! Шояд писаратро подшоҳии бузурге мунтазир аст.”
Вақте падари Салоҳиддин (р) аз шаҳри Текрит ҳиҷрат намуд, дар шаҳри Мавсил назди Имодиддини Зангӣ (падари Нуриддини Зангӣ) фуруд омад ва мавриди иззату эҳтироми хеле зиёд қарор гирифт. Дар чунин муҳити муборизон ва донишмандону шахсони ботақво Салоҳиддини Аюбӣ нашъу намои хеле пурбаракат ёфт. Вай бо касби ҳунари аспсаворӣ, тирпарронӣ, истифодаи силоҳ ва муҳаббати зиёд ба ҷиҳод парвариш ва рушд намуд. Қуръони карим ва қисмате аз аҳодиси набавиро аз худ кард ва ба қадри лозимӣ забони арабиро омӯхт.
Салоҳиддин, вазир ва Миср
Миср пеш аз омадани Салоҳиддин қароргоҳи давлати Фотимиҳо буд. Халифаи фотимӣ дар идораи давлат, ҷуз аз болои минбар ҷуз дуо кардан, ҳеҷ саҳме надошт. Тамоми умури давлатдорӣ ба дасти вазирон ҳавола гашта буд. Соҳиби фармони асосӣ вазири давлат шинохта мешуд. Аз ин сабаб Миср ҳамеша аз тарафи қавмиятҳои мухталифи туркнажод, судониҳо ва аҳли Мағриб гирифтори шӯришҳои зиёд мегардид. Вақте султони некном ва муборизу ботақво, Нуриддин Маҳмуд тамоми ин ихтилофотро мушоҳида намуд ва аз тарафи дигар тамаъи ҳуҷуми салибиҳо ба хоки Мисрро эҳсос кард, фавран артишеро аз Димишқ бо сардории Асадуддин Шеркӯҳ (амаки Салоҳиддин) ба самти Миср равон кард. Салоҳиддини Аюбӣ низ дар ин сафар амаки худро ҳамчун ёрдамчӣ ҳамроҳӣ мекард. Вақте салибиҳо аз омадани Асадуддини Шеркӯҳ огоҳ шуданд, дар ҳол Мисрро тарк карданд ва ба ҷойи худ баргаштанд. Халифаи фотимӣ аз чунин ранг гирифтани кор хушҳол гардид ва Асадуддини Шеркӯҳро мавриди иззату эҳтироми зиёд қарор дод. Чанде нагузашта Халифаи давлати Фотимиён Асадуддини Шеркӯҳро вазири худ таъйин намуд, аммо баъд аз сипаришавии ду моҳ Асадуддин аз олам чашм пӯшид. Баъди реҳлати Асадуддини Шеркӯҳ Халифаи Фотимиён бародарзодаи вай Салоҳиддин Аюбиро ҷойгузини амакаш намуда, вазираш гузошт.
Баъди таъйин гардидани Салоҳиддини Аюбӣ ба мақоми вазирӣ, аз ҷониби шахсони муғриз ва тамаъкор ҳар гуна дасисаву ҳиллаҳо алайҳи вай сохта мешуд, аммо Салоҳиддин бо ҳикмати том тавонист ба тамоми ин дасисаҳо ғолиб ояд. Ҳамчунин аз уҳдаи нобуд кардани фитнаҳои дохилӣ низ ба хубӣ баромад. Салоҳиддин эҳсос намуд, ки мазҳбаи ташаюъ дар Миср дар ҳолати ривоҷ гирифтан ва рушд аст. Дар ҳол ду мадрасаи калон-Мадрасаи Носирия ва Мадрасаи Комилия-ро таъсис намуд, то мардумро ба эътиқоди асил ва саҳеҳи Аҳли Суннат ва Ҷамоат баргардонад. Ин амали вай заминаи тағйироти мавриди назараш буд, ки мехост бо ҳамин роҳ ва услуби ҳакимона пеши роҳи нашри шиагароӣ гирифта шавад.
Волии Димашқ Нуриддин Маҳмуд ҳамеша бо ирсоли нома аз Салоҳиддини Аюбӣ тақозо мекард, то дар намозҳои ҷумъа дар ивази дуо барои Халифаи Фотимиён дар ҳаққи халифаи Аббосиҳо ал-Мустазиъ дуо кунад. Ин тақозо танҳо аз тарафи Нуриддин Маҳмуд набуда, балки он талаби тамоми уммати ислом дар он давр буд. Аммо Салоҳиддин Аюбӣ бо заковат ва ҳикмати ба худ хос барои иҷрои ин амал вақти муносиб меҷуст. Билохира, вақте Халифаи Фотимиён бемор гардид ва қудрати болои минбар рафтан надошт, Салоҳиддин рӯзи ҷумъа болои минбар баромад ва хутбаро бо номи Халифаи Аббосӣ ал-Мустазиъ ироа намуд. Аз ин ба баъд тамоми умури давлат дар ихтиёри Салоҳиддин гардид ва хоҷаи кулли Миср гашт.
Салоҳиддин ва Байтулмуқаддас
Салоҳиддини Аюбӣ (р) бо тамоми ҳастӣ ва аз умқи қалб ҷиҳодро дӯст медошт ва он тамоми вуҷудашро фаро гирифта буд. Вай ба хотири ҷиҳод тамоми аҳли байт, фарзандон ва ватанашро тарк кард. Танҳо ба ҷиҳод ва муҷоҳидон майлу рағбат дошт.
Қозӣ Баҳоуддин ибни Шаддод (р) мегӯяд: “Агар ҳар кас қасди наздикӣ ба Салоҳиддинро мекард, дар ҳол Салоҳиддини Аюбӣ ӯро ба ҷиҳод ташвиқ медод. Агар касе қасам ёд кунад, ки Салоҳиддин баъди берун рафтан дар роҳи ҷиҳод тамоми тангаву дирҳамашро дар ҳамин роҳ сарф карда аст, қасамшикаста намешавад.”
Воқеан ҳар кас ғаму дарди худро дорад ва ғаму дарди ҳар шахс вобаста ба ҳиммати ӯст. Ин лаҳзаҳо гӯиё ман Ибни Қайими Ҷавзиро мебинам, ки бо ин ҷумлаҳояш Салоҳиддинро васф мекунад: “Неъмат бо неъмат ёфта намешавад. Хушҳолӣ ва лаззат ба андозаи таҳаммули машаққатҳо ва ворид гаштан ба сахтиҳост. Ҳар кас ғаму дард надорад, хушҳолиро ҳам дидан наметавонад ва ҳар шахсе сабр надорад, ба лаззат намерасад ва ҳар ки бадбахтиро паси сар накарда бошад, ба неъмату роҳат расиданаш гумон аст ва шахсе, ки машаққат надида аст, ҳеҷ гоҳ ба роҳати ҳақиқӣ намерасад.”
Ҳамин тавр ҳаёти Салоҳиддин аз аввал то ба охир бо ҷиҳод сипарӣ гашта аст. Вай аз як майдони ҷанг ба майдони дигар бармегашт.
Ҷанги Ҳиттин дар ҳаёти Салоҳиддини Аюбӣ аз ҷумлаи размҳоест, ки дар саҳифаҳои таърих бо қаламҳои нуронӣ навишта шуда ва ҳамчун шоҳиди олитарин дараҷаи ҷиҳоду фидокорӣ ба номи вай дар ҷабини таърих сабт гардида аст. Аз ҷумлаи суханони таърихии вай ин буд: “Чи гуна таом бароям ошӣ мекунад ва чи гуна аз он лаззат мебарам ва читавр хушҳолӣ мекунам, дар ҳоле, ки Байту-л-муқаддас дар асорати салибиҳост?!”
Қозӣ Баҳоуддин ибни Шаддод ҳолат ва алоқаи Салоҳиддинро бо қазияи Байту-л-муқаддас чунин васф карда аст: “Салоҳиддин он қадар гирифтори ғаму дарди Масҷиди Ақсо буд, ки ҳатто кӯҳҳо тавони бардоштани ғамашро надоштанд.”
Ҳамчунин дар ҷойи дигар гуфта аст: “Салоҳиддин вобаста ба қазияи Байту-л-муқаддас ҳукми зани фарзандгумкардаро дошт. Аз ин майдон ба майдони дигар ҷавлон мезад, мардумро ба ҷиҳоду мубориза даъват мекард, шахсан худаш байни ҷанговарон гардиш менамуд ва бо чашмони пур аз ашк нидо медод: “Ба кӯмаки Ислом бишитобед! Ҳар боре ба шаҳри Акко (шаҳри воқеъ дар қисмати Шимолу ғарбии Фаластин) назар меандӯхт, ки чигуна гирифтори балову офат аст, суръаташ дар ҷиҳоду мубориза бештар мегашт. Гоҳо аслан таом тановул намекард, танҳо доруҳои тавсиякардаи табибонро истеъмол менамуд. Баъзе аз табибонаш ба ман хабар додаанд, ки рӯзе аз рӯзҳо Салоҳиддин аз шиддати ғаму дард ва шефтагиаш ба озодсозии Байту-л-муқаддас ба андозае расид, ки шурӯъ аз рӯзи ҷумъа то рӯзи якшанбе ба ҷуз андак таом дигар чизе тановул накард аст.”
Хонандаи гиромӣ! Оё мебинӣ, ки Салоҳиддин чӣ қадар ғаму дард ва ҳиммати баланд дошт?! Аз рӯзи ҷумъа то якшанбе ба ҷуз андак таом чизе тановул накарда аст.
Салоҳиддини Аюбӣ ҳадафи олие дошт, ки ғайр аз расидан ба он чизи дигареро намехост.
Салоҳиддини Аюбӣ ҷаннатро дар ивази дунё барои худ қароргоҳи абадӣ писандид ва ба ҳамин хотир маҳри онро ҳам хеле гарон пардохт кард.
Аллоҳ таоло Байту-л-муқаддасро бо Салоҳиддин ва Салоҳиддинро бо Байту-л-муқаддас иззат бахшид. 27-уми моҳи Раҷаби соли 583-и ҳиҷрӣ Байту-л-муқаддас аз ҷониби Салоҳиддини Аюбӣ фатҳ ва озод гардид.
Баъд аз озодшавии Байту-л-муқаддас хатиб Муҳйиддин ибни Закиюддин аввалин хутбаи худро, тақрибан баъд аз гузашти сад сол, ки ин макон дар асорати салибиҳо қарор дошт, эрод намуд ва дар зимни он низомиёни Артиши Салоҳиддинро чунин васф кард: “Хушо ба ҳоли шумо, эй размандагони Артиши Салоҳиддин! Маҳз тавассути дастони тиллоии шумо муъҷизаҳои набавӣ, ҳодисаҳои ҷанги Бадр, азму иродаҳои сиддиқӣ (ишора ба ҳазрати Абубакр (р)), футуҳот ва кишваркушоиҳои Умарӣ, корнамоиҳои артишҳои Усмонӣ, зарбаҳои кушандаи Алавӣ (ишора ба зарбаҳои шадид ва паҳлавононаи ҳазрати Алӣ (р) сурат гирифт. Шумо бори дигар тавонистед, рӯзҳои таърихии ҷанги Қодисия, воқеаҳои Ярмук, муборизаҳои ҷанги Хайбар ва ҳуҷумҳои Холидиро аз нав дар сафаҳоти таърих баргардонед. Пас бароятон аз номи Паёмбаратон (с) аз Аллоҳ таоло беҳтарин мукофотро хоҳонам.”
Чаро Салоҳиддин дар озодии Байтул – муқаддас комёб гардид?
Салоҳиддин аз ҷумлаи ашхосе набуд, ки дар андешаи касби ному лақабҳои сохта ва дунёи бевафо бошад. Балки вай даъватгари воқеъӣ, марди майдони набард ва соҳиби эътиқоди саҳеҳ ва қавӣ буд. Аз ин сабаб пирӯзии Салоҳиддин як амри тасодуфӣ ва насибаи бидуни азоб ба даст омада намебошад, балки он баъди тақдири илоҳӣ дар натиҷаи истифода аз асбоби зерин касб гардида аст:
1. Тақво ва дурӣ аз гуноҳ
Таърихнигорон дар васфи Салоҳиддин чунин овардаанд: “Салоҳиддин қалби пур аз хушӯъ ва чашмони пур аз оби дида дошт. Вақте Қуръонро мешунид, дар ҳол дилаш ба тапиш меомад ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ мегашт. Ҳамеша аз имону тавҳиду эътиқод пуштибонӣ мекард ва бо хурофоту бидъат мубориза мебурд. Ҳаргиз намозҳои худро ба таъхир намегузошт. Вақте ба вай хабари ҳуҷуми душманон ба саффи мусалмонон мерасид, дар ҳол сар ба саҷда мегузошт ва ин дуоро мегуфт: “Бор Илоҳо! Тамоми асбоби заминӣ бароям қатъ гардида аст ва танҳо ба ту паноҳ бурдан бароям, ба ресмони ту чанг задан ва такя ба фазлу раҳматат бароям боқӣ монда аст. Ту барои ман басанда ва чӣ вакили хубе ҳастӣ.”
Аз ҷумлаи сифоти зебои вай, ки дар таърих нақл шуда аст, ин аст, ки ба гӯш кардани аҳодиси набавӣ рағбати зиёд дошт ва ҳатто рӯзе дар миёни ду саффи муҷоҳидон истода ҳадисеро гӯш кард ва ин ҷумлаи худро гуфт: “То ҳол касе дар чунин макон ҳадис гӯш накарда аст.”
2. Омодагии комил ва таваҷҷӯҳи зиёд ба озодсозии Байту-л-муқаддас
Салоҳиддин ба озодии Байту-л-муқаддас он қадар шефта гашта буд, ки ҳатто барои худ хонае намесохт, балки хаймае дошт ва онро аз ин майдон дар он майдон мезаду мубориза мебурд. Тавре боло ишора кардем, вай ба андозае гирифтори ғами озодии ин макони муқаддас буд, ки ҳатто кӯҳҳо тавони бардоштани ғамашро надоштанд. Инчунин дар бобати сохтани ҳама навъи аслиҳаи он давра бисёр ҷиддӣ муносибат мекард.
3. Талош барои ваҳдати уммати исломӣ
Салоҳиддин аз ҳамон рӯзҳои ба Миср қадам гузоштанаш барои ба вуҷуд овардани ваҳдати уммати исломӣ талош мекард.
4. Ҳадафи Салоҳиддин аз ин мубориза
Ҳеҷ гоҳ ҳадафи вай аз ин мубориза касби шуҳрат ва расидан ба мақом набуд, балки танҳо қасди волоият бахшидан ба ҳукми илоҳӣ дар рӯйи заминро дошт. Аз забони худи ӯ гӯш кун, чӣ мегӯяд: “Орзӯи ман ин аст, ки агар Аллоҳ таоло бароям фатҳи боқимондаи соҳилро муяссар гардонад, коре мекунам, то дар рӯйи замин касе ба Аллоҳ таоло куфр наварзад ва ё дар ҳамин роҳ мемирам.”
Вафоти Салоҳиддин Аюбӣ
Билохира, Салоҳиддин Аюбӣ низ монанди дигар инсонҳои гузашта шарбати маргро чашид. Вай 16-уми моҳи Сафари соли 589-и ҳиҷрӣ бемор гашта, 27-уми ҳамин моҳ ва ҳамин сол дунёи фониро падруд гуфт.
Агарчи руҳи поки Салоҳиддин тарки ҷисмаш кард ва имрӯз худи ӯ дар миёни мо нест, аммо амалҳо ва муборизаҳои ҷовидонааш ӯро ҳамеша зинда нигоҳ медорад ва мардум доим бо некӣ ёдаш карда ва орзӯ мекунанд, то айнан мисли Салоҳиддин амал кунанд.
Имрӯз… Оё вазъият ҳамон вазъият нест ва оё ҳолати уммат ҳамон ҳолат нест?!
Қасам ба номи Аллоҳ, чӣ қадар имрӯз ба дирӯз шабоҳат дорад! Уммати исломӣ ба порчаҳо ҷудо шуда ва аз як уммату давлат садҳо уммат ва давлат сохтаанд ва дар ҳар давлат ҳокиму султони алоҳида, парчаму байрақ насб гашта, дар ҳар зовия ва минтақа соҳибраъй ва фақеҳи мустақил умр ба сар мебарад. Илова ба ин мусибати парокандагӣ ҳар шахс куллан ба раъйи худ такя мекунад ва мафтуни андешаи худ гашта аст. Ин ҳама дар ҳолатест, ки Байту-л-муқаддас имрӯзҳо аз дасти мо зоеъ гашта, Фаластин ба тороҷ рафта, пардаҳои номуси модарону хоҳарони мо дарида, тифлакони маъсум кушташуда ва хонаҳои мусалмонон (дар Фаластин) ба харобаҳо табдил шуда аст. Оё дар миёни мусалмонон Салоҳиддини дигаре ҳаст, то дунёи онҳоро бо кӯмак аз дин ислоҳ намояд ва динашро таъмиру бозсозӣ кунад?!?!?! Аз Аллоҳ таоло ин дархостро дорем!
Манбаъ: Сомонаи расмии доктор Роғиб Сирҷонӣ
Мутарҷим: Абудллоҳ Оқилзода