Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра ба иҷро расид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, феълан сарбозони тозадаъват ба қисмҳои низомӣ сафарбар шуда, барои онҳо муддати се моҳи аввал давраҳои омӯзиши ҳарбӣ баргузор мегардад ва онҳо савганди ҳарбӣ қабул мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, имрӯз, 30-юми ноябр ба итмом мерасад. Тибқи қонун ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд. Ва ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд