Categories Uncategorized

Тамоили нишондиҳандаҳои пулӣ дар ҳашт моҳ

Ба иттилоъи Хадамоти матбуоти Бонки миллии кишвар, вазъи иқтисодиёти кишвар дар ҳашт моҳи соли 2012 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ тавсиф ёфта истодааст. Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми ММД ба 20,4 млрд сомонӣ расида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,5 фоизро ташкил намуд.

Аз ҷумла вусъати бахши гардиши савдои чакана 18,9 фоиз, хизматрасонӣ 14,0 фоиз, саноатӣ 11,7 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10,2 фоиз афзуд. Сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам аст.

Асосан он аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 13,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 фоиз ва маҳсулоти озуқа 2,0 фоиз ба вуқӯъ омад. Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 1,8 фоизро ташкил дод.

Татбиқи мутавозунии сиёсати пулию қарзӣ тайи ду соли охир дар доираи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Ҳукумати ҶТ оид ба сиёсати пулию қарзӣ ба роҳ монда шуда, барои нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳо, таъмини фаъолияти устувории низоми бонкии кишвар ва дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои пулӣ равона гардид.

More From Author

You May Also Like