Орзуи Мирзо
nahzat.tj
Дирӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Туркманистон сафар кард.
Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, Оқил Оқилов, сарвазири ҷумҳурӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар президентро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати хориҷӣ, Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ, Мамадшо Илолов, президенти академияи илмҳои Тоҷикистон, ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
Ин сафари сардори давлат дар ҳоле сурат гирифт, ки вазъ дар Хоруғ ноором буда, тазоҳуротгарон дахолати сардори давлатро дар амнияти шаҳри Хоруғ талаб доранд.