Сафари роҳбари ҲНИТ ба Швецария, Олмон ва Белгия

Сафари роҳбари ҲНИТ ба Швецария, Олмон ва Белгия

М. Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ барои ширкат дар конфронсе бахшида ба пешгирии рушди ифротгароӣ дар Ховари миёна ба Шветсария сафар намуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки зимни ин сафар роҳбари ҲНИТ бо мақомоти Вазорати умури хориҷаи Олмон дар шаҳри Берлин мулоқот намояд. Дар ҳошияи ин сафар дирӯз роҳбари ҲНИТ ба шаҳри Дортмунди Олмон барои дидору мулоқот бо тоҷикони муқими ин кишвар рафт, ки онҳо дар як фазои бозу самимӣ баргузор гаштанд. Дар идома қарор аст, роҳбари ҲНИТ бо масъулони Иттиҳодияи Аврупо оид ба Осиёи марказӣ дар шаҳри Брюссел мулоқот намояд. 

Қобили зикр аст, ки новобаста аз фишорҳои рузафзун болои ҲНИТ дар дохили кишвар, ин ҳизб ҳамчун як созмони сиёсии мӯътадил дар саросари ҷаҳон эътироф шуда, аксари кишварҳои пешрафта ва соҳибнуфузи демократӣ хоҳиши истифода аз таҷрибаи онро доранд ва нақши онро дар ояндаи минтақа низ хеле муҳим медонанд. Ба ҳамин хотир чанд рӯз пештар сухангӯи раиси ҲНИТ Маҳмудҷони Файзраҳмон низ дар як конфронси дигар ба ҳамин монанд дар шаҳри Вена ширкат намуда буд.

More From Author

You May Also Like