Абдулатифи Ҳаммод
nahzat.tj
Раёсати корҳои динии Туркия зимни як баёнияи расмӣ эълон намудааст, ки дар кишвари Бирма, ки машҳур ба Ҷумҳурии иттиҳодияи Миянма мебошад, тақрибан ду ҳазор мусалмон кушта ва бештар аз 90 ҳазори дигар аз ин сарзамин берун карда шудааст.
Ин баёния аз Созмони байналмилал ва Созмони ҳамкориҳои исломиву ниҳодҳои ҳуқуқи башар дархост кардааст, ки пеши роҳи ин зулмро бигиранд, ҳамчунин ишора намудааст, ки дар кишвар мусалмонҳо кушта ва ба таври иҷборӣ аз ин кишвар ронда мешаванд, хонаҳо ва масҷидҳои онҳоро месузонанд.
Аз ҷониби дигар ҳайати уламои Азҳар дар Ҷумҳурии Миср, аз ҳама кишварҳои ҷаҳон дахост кардааст, ки сафоратхонаҳои Бирмаро муҳосара намоянд, то аз ин куштор даст бикашанд.
Ҳайати мазкур ишора намудааст, ки мусалмонҳои Бирма солҳои тулонӣ аз дасти ин ҳукумати феълӣ ранҷу азийят мекашанд ва бар сари онҳо аз мусалмонҳои Фаластин ҳам зиёдтар зулму ситам мешавад.
Дар Бирма аз 60 миллон аҳолӣ, ҳудуди 5 то 8 миллион онро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, ки ҳукумати ин кишвар онҳоро ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ мешуморад, дар ҳоле ки СММ онҳоро яке аз ақаллиятҳои динӣ ва забонӣ дар ғарби ин кишвар меҳисобад, ки қабл аз чанд аср дар он ҷо зиндагонӣ мекарданд.
Аммо ҳукумати Бирма соли 1982 қонуне қабул намуд, ки қавми Роҳинро, ки аксарияти мусалмонҳоро ташкил медиҳанд, аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум сохт.
Ин кишвар аз мусалмонон ба таври иҷборӣ андози зиёд меситонад ва онҳоро аз таълим дар донишгоҳҳои олӣ маҳрум сохтааст ва пайваста онҳоро гурӯҳ – гурӯҳ аз ин кишвар ихроҷ мекунад.
Роҳинҳо дар ин сарзамин 350 сол ҳукмронӣ кардаанд ва дар соли 1430 барои бори аввал подшоҳ Сулаймон ҳукумати исломиро ташкил дод, ки баъд аз он 48 подшоҳи мусалмон пайдарҳам ҳукмронӣ карда буданд ва аз худ сиккаҳои исломӣ доштанд, ки дар он калимаи тавҳид навишта шуда буд, ҳукумати онҳо аз соли 1430 то 1748 милодӣ идома ёфт.
Дар соли 1824 Бритониё ин сарзаминро зери истеъмори худ даровард ва онро бо Ҳиндустон, ки он вақт ҳам зери истеъмори Бритониё буд , якҷоя намуд ва дар соли 1937 онро аз Ҳиндустон ҷудо кард ва як давлати мустаъмараи ҷудогона эътироф гардид ва ба номи Ҳукумати Миянмаи Бритонӣ номида шуд.
Раисҷумҳури Бирма мегӯяд, ягона роҳи баромадан аз ин буҳрон, ихроҷ кардани ақаллияти Роҳин аз ин кишвар мебошад ё онҳоро дар урдугоҳҳои муҳоҷирин ҷойгузин кунем.
Ӯ афзуд, мо ҳаргиз наметавонем, ки роҳиниҳоро қабул кунем, зеро онҳо ба тариқи ғайриқонунӣ вориди ин сарзамин шудаанд.
Ногуфта намонад, ки дар ин кишвар ҳолати изтирорӣ эълон шуда ва мусалмонҳои Роҳин аз ин кишвар роҳи халосӣ ҷуста ба кишвари Бангладеш паноҳ мебаранд.