Categories Uncategorized

Хадамоти муҳоҷират 650 ҳазор рубли муҳоҷиронро аз корфармо ситонид Вижа

650 000 рубли русии музди меҳнати пардохтнашудаи як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик баргардонида шудааст.

Бо дархости кӯмак барои баргардонидани музди меҳнат аз номи гурӯҳи сохтмончиёни тоҷик як шаҳрванди Тоыикистон, Умед Қадамов – 3 июни соли равон ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда буд, ки бригадаи онҳо иборат аз 14 нафар дар ҳайати ҶММ «СМ-Строй» -и шаҳри Москва ба сифати танзимгар, васлгар, барқчӣ ва челонгар аз 4 декабри соли 2012 то 5 марти 2013 фаъолият намуда, дар як чанд иншооти сохтмонӣ корҳои гуногуни таъмиру сохтмониро иҷро кардаанд.

Аммо бо сабабҳои номаълум ду моҳи охир музди меҳнати онҳо нопурра пардохт шуда, қарздории корфармо дар назди муҳоҷирон 650 ҳазорро ташкил медиҳад.

Зимни баррасии ариза корманди Намояндагӣ Имматшо Қадамов бо роҳбари корхонаи «СМ_Строй» – Владимир Смагин вохӯрӣ намудааст.

Хадамоти муҳоҷират мегӯяд сарфи назар аз мавҷуд набудани шартномаи меҳнатӣ тарафҳо оид ба пардохти пурраи музди меҳнати коргарон ба мувофиқа расидаанд.

Бо ин тартиб, 19 – июн ба бригадаи сохтмончиёни тоҷик ба пуррагӣ музди меҳнаташон пардохта шудааст.

More From Author

You May Also Like