Categories Uncategorized

«Сахтгирӣ»-и Путин: ислоҳи муҳоҷират ё ҳубби раёсат?

nahzat.tj

28.01.2012, 06:20

Ваъдаҳои пешазинтихоботии Путин

Баъди Чеченистон, акнун навбати қартаи муҳоҷирон

Муҳоҷирони беовоз қурбони овози миллатгароён

Чаро муҳоҷирони тоҷик мазлуманд, на эркаи номзадҳо?

Охирсухан

Ваъдаҳои пешазинтихоботии Путин

Владимир Путин, сарвазири Русия ва номзади аслӣ ба мақоми раисҷумҳури ин кишвар гуфтааст, сарҳадро барои муҳоҷирини қонуншикан хоҳад баст. Ӯ зимни сӯҳбат бо Константин Ромодановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки  барои он муҳоҷирине, ки чандин бор қавоиди муҳоҷирати ин кишварро поймол карда ва аз тариқи суд аз кишвар берун карда шудаанд, барои бозгашт ба Русия аз 5 то 10 сол ё аз он ҳам зиёд ҳуқуқи вуруд дода нашавад.

Ромодановский низ дар робита ба ин масъала пешниҳод кардааст, ки масъулини коргоҳҳое, ки ба муҳоҷирин ғайриқонунӣ кор медиҳанд ва афроде низ барои чунин ашхос ҷойи зист таъмин мекунанд, тибқи қонун 5 сол муҷозоти маҳрумият аз озодӣ дар қонуни ҷиноии ин кишвар пешбинӣ карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш дар нашрияи «Известия» Путин зимни нашри як мақолае низ пешниҳод карда буд, ки тамоми муҳоҷирини корӣ бояд аз фанни забону таърихи русӣ имтиҳон супоранд, ки боиси сару садоҳое зиёде дар ҷомеаи Русия ва таҳлилгарону сиёсатмадорони дигар кишварҳо гаштааст. Аксари коршиносон ин иқдоми ҷаноби Путинро як холгирии пешазинтихоботии ӯ дар маъракаи қарибулвуқӯъи интихоботи раисиҷумҳури ин кишвар баҳодиҳӣ карда буданд.

Ин таъкиду пешниҳодҳои Путин, магар боз дохтани равғани нав дар оташи миллатгароён нест? Ва ё ӯ боз мехоҳад барои нишастан ба курсии давлат ин дафъа аз қартаи ночортарин мардум истифода кунад?

Баъди Чеченистон, акнун навбати қартаи муҳоҷирон

Бобоҷони Қаюмзод, раиси Шӯъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ дар ин хусус мегуяд: «Дуруст аст, ки бисёриҳо ин қазияро ба як барномаи таблиғотии пешазинтихоботии Путин рабт медиҳанд, вале бояд зикр кард, ки ин фаротар аз он аст. Зеро муҳоҷират барои Русия як мушкилии ҷиддӣ гаштааст ва табиист, ки онҳо дар фикри ба низом овардани ин раванд мебошанд. Аз тарафи дигар шояд дар пушти ин иқдом ҳадафҳои нуҳуфтае низ бошад, ки дар оянда равшан шаванд. Ба таври мисол, ин шояд як роҳи фишор барои кишварҳое гардад, ки шаҳрвандонашон дар Русия ҳамчун муҳоҷир кор мекунанд ва Тоҷикистон яке аз онҳост.»

Ҳамчунин ба назари ҷаноби Қаюмзод: «Путин бо чунин барномарезиҳои қатъӣ як дафъа тавонист сари қудрат биёяд. Тавре маълум аст, дар барномаи пешазинтихоботии собиқи хеш қартаи ҷанги Чеченистонро истифода карда буд ва дар он муваффақ ҳам шуд ва оташи ҷангро дар Қафқоз паст кард, ки барои баъзеҳо «қаҳрамон» гашт. Имрӯзҳо ки муҳоҷират яке аз мушкилоти асосии ин кишвар мебошад, ӯ мехоҳад бо ҳал кардани ин масъала бори дигар худро «қаҳрамон»- и миллати худ  нишон бидиҳад».

Бархе аз коршиносони масоили сиёсӣ ин тасмими Путинро саривақтӣ медонанд, вале мегӯянд, ки дар ин шабу рӯз ба зарари Русия тамом мешавад.  Зеро ин кишвар имрӯз дар ҳолати рушд қарор гирифтаву ба коргарони оддӣ сахт эҳтёҷ дорад. Нерӯи кории дохили ин кишвар қудрат ва тавони онро ба танҳоӣ надорад. Тибқи омор аҳолии Русия дар ҳолати кам шудан қарор дорад ва ҳамасола наздик ба 800 ҳазор нафар ҷамъияташ кам мешавад. Изофа бар ин, беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Русия ҳамасола ба Аврупо ҳиҷрат мекунанд. Такя ба назарҳо метавон гуфт, ки ин сахтгириҳои Путин ба манфиати Русия нахоҳад буд.

Муҳоҷирони беовоз қурбони овози миллатгароён

Пас пушти пардаи ин пешниҳодҳо чӣ сирре ниҳон аст? Рўзноманигор Ҳарамгули Қодир мегӯяд: «Ӯ мехоҳад, ки бо ин тасмимҳо ҷомеаи Русияро ба худ ҷалб кунад. Бо ин гуфтаҳо, ӯ зеҳни ҷавонони русро, ки нерӯи қавӣ ва ҷамъияти бузурги кишварро ташкил медиҳанд, ба худ гарм карданист. Баъди интихоботи Думаи давлатии Русия дидем, ки сари он чи вазъи гайримунтазире омад. Интихоботи президентӣ аз ин ҳам бадтар хоҳад омад. Яъне Путин бо ин усул мехоҳад доираҳои ба ном миллатгарову русгароро машғул созад».

«Паҳлӯи дигари ин суханон инаст, ки донистани фарҳангу забон ва қавонини Русия хуб аст, аммо табиист ки ҳар як муҳоҷир имкони донистану фаҳмиданро надорад, зеро онҳо танҳо аз дипломдорон ва таҳсилкардаҳо иборат нестанд», иброз дошт ӯ. Хонум Ҳарамгул чунин иқдомотро як навъ фишанги фишор ва ҳарос болои хатҳои сиёсии шарикони стратегии Русия хонд.

Чаро муҳоҷирони тоҷик мазлуманд, на эркаи номзадҳо?

Дар тамоми рӯи дунё, ақаллиятҳо бахусус дар замони маъракаҳои пешазинтихоботӣ нозпарварҳо ва эркаҳои номзадҳо мешаванд ва номзадҳо тамоми саъйяшонро мекунанд, то дили ақалиятҳоро дарёбанд. Чӣ фикр мекунед, ки чаро Никола Саркозӣ маҳз дар ҳамин рӯзҳо қазияи «қатли омми Арманҳо»- ро на танҳо матраҳ кард, балки инкори ин қазия қонунан амали ҷиноӣ ба ҳисоб меравад? Ҳатто барои ин қазия алоқаашро бо Туркия хароб кард, чаро? Оё ақаллияти арманӣ дар Фаронса, ки ададашон ба 350 000 нафар мерасад, сазовори чунин қурбониҳо ҳастанд? Барои Саркозӣ, бале. Зеро интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар таърихи 22-юми апрели соли ҷорӣ дар Фаронса баргузор хоҳад гашт ва ӯ мехоҳад бори дуввум ва ахир раиси ҷумҳӯр шавад. Барои расидан ба ин мақсад, овози арманиҳо барояш хело қиммат аст. Дар ин росто, мешавад мисолҳои зиёд аз Амрико ва дигар кишварҳо биёрем.

Охирсухан

Суол инаст, тоҷикон дар Русия зиёда аз як миллион нафар ҳастанд, вале на фақат эрка ва нозпарварҳои номзадҳои раёсати ҷумҳур дар маъракаҳои пешазинтихоботии Русия нестанд, балки онҳо қурбони таблиғотии номзадҳо барои гирифтани овози дигарҳо қарор гирифтаанд ва ҳар навъ эълони фишор ва сахтгирӣ нисбати онҳо ваъдаҳои интихоботист, чаро?

More From Author

You May Also Like