Умед Сиддиқ
nahzat.tj
Бонки ҷаҳонӣ барои амалигардонии марҳилаи дуюми лоиҳаи «Бо об таъмин кардани шаҳри Душанбе» 16 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи бебозгашт ҷудо хоҳад кард.
Ин масъала зимни мулоқоти раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон, хонум Марша Макгро Олив шоми 7-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид, дар ин бора аз Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки ин лоиҳа дар тӯли панҷ сол ба нақша гирифта шудааст. Ва инчунин 3 миллиони ин лоиҳаро ҳукумати шаҳри Душанбе пардохт мекунад.
Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми лоиҳа барои ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76.5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар мегирад.
Дар робита ба ин масъала, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз масъулини Бонки Умумиҷаҳонӣ бо дарназардошти он ки ин тадбирҳои иловагӣ барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии сокинони шаҳр нигаронида шудааст, хоҳиш ба миён овард, ки масъалаи мазкурро мавриди пажўҳиш қарор дода, барои амалисозии он пешниҳодоташонро ирсол доранд.