Баъд аз танаффуси чандрӯза мурофиъаи судии Саъодатшоҳ Адолатов оғоз мешавад.
Тавре аз ноҳияи Ванҷ иттилоъ расид, имрӯз, 30-уми июл соъати 9-00 суди ноҳияи мазкур мурофиъаи судии хешро нисбати раиси шуъбаи ҲНИТ дар ВМКБ идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки суд маҳз дар ҳамин рӯз ҳукми худро эълон медорад, ҳукмеро, ки наздикону ҳаводорони Саъодатшоҳ чанд моҳ боз интизор доранд, ки он бо чӣ тарзе содир хоҳад шуд?!
Худованд дар қалби масъулини зи рабти қазияи Саъодатшоҳ бо баракати моҳи шарифи Рамазон раҳму шафқатро ҷо карда бошад, то бо лутфи Худованд нисбати ин марди озода тавре ҳукм намоянд, ки халос шудани ӯ аз туҳмати сангин қарор бигирад.
Categories
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ