Рӯзе Луқмон ба писараш гуфт, ки имрӯз ба ту се панд медиҳам, ки комраво шавӣ:
Аввал ин ки саъй кӯшиш кун, то дар зиндагӣ беҳтарин ғизои ҷаҳонро бихӯрӣ.
Дуввум ин ки дар беҳтарин бистару рахти хоби ҷаҳон бихобӣ.
Саввум ин ки дар беҳтарин кохҳо ва хонаҳои ҷаҳон зиндагӣ кунӣ.
Писари Луқмон гуфт, эй падар, мо як хонаводаи бисёр фақир ҳастем чигуна ман метавонам ин корҳоро анҷом диҳам?
Луқмон дар посух гуфт:
Агар каме дертару камтар ғизо бихӯрӣ, ҳар ғизое, ки мехӯрӣ таъми беҳтарин ғизои ҷаҳонро медиҳад.
Агар бештар кор кунӣ ва каме дертар бихобӣ, дар ҳар ҷо ки хобидаӣ эҳсос мекунӣ, ки беҳтарин хобгоҳи ҷаҳон аст.
Агар бо мардум дӯстӣ кунӣ, дар қалби онҳо ҷой мегирӣ ва он вақт беҳтарин хонаҳои ҷаҳон моли тӯст.