Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистонро барои қабули қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” аҳсан хондааст ва гуфтааст, ки бо таҳияи ин қонун роҳ барои ниҳодҳои давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқи башар боз шудааст.
СММ гуфтааст, қабули қонуни мазкур роҳро барои талошҳои ниҳодҳои расмӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи башар барои пешгирӣ кардани мавридҳои зӯроварӣ дар оила мекушояд.
Ин ниҳод ба нашри як баёния иқдоми Тоҷикистонро як қадами устувор дар содиқ будани кишвар ба усулҳои демократӣ, риояи ҳуқуқи башар ва ҳимояи қишрҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ кардааст.
Александр Зуев, намояндаи СММ дар Тоҷикистон гуфтааст, СММ ва ниҳодҳои он дар оянда низ кумаки худро дар бахши беҳбуди вазъияти ҳуқуқи башар, мубориза бо амалҳои намуди зӯроварӣ ба Тоҷикистон хотима нахоҳад дод. Тасвиби ин қонун ва иҷрои он нишонаи иҷрои тавсияҳои СММ дар бахши ҳуқуқи башар аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳангоми баррасии гузориши Тоҷикистон дар СММ оид ба аз миён бурдани хушунат алайҳи зан дар соли 2013 ҷиддан қадрдонӣ хоҳад шуд.
Дар ҳоле СММ Тоҷикистонро бо қабули ин қонун ситоиш мекунад, Сайдумар Ҳусайн, вакили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ВВС гуфтааст, ки дар ҷараёни баррасии ин тарҳ дар кумитаҳои порлумон мо гуфта будем, ки ба далели фарҳанг ва урфу одоти миллӣ дар Тоҷикистон ба қабули чунин қонун зарурате нест.
Зеро дар Кодекси оила ва қавонини дигар ин масоил вуҷуд дорад. Ба ҳамин далел, Амирқул Азимов, раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва дифоъ низ ба ин қонун мухолифати ҷиддӣ дошт.
Ҳуринисо Ғаффорзода, роҳбари созмони “Оштии Миллӣ” , қабули қонуни мазкурро рӯйи сарнавишти занон муҳим донистааст.
Ба гуфти вай қонун барои ҷомеъаи мо хеле муҳим аст. То чи ҳад муаассир будани ин қонун ба наҳваи иҷрои он бастагӣ дорад. Зеро фарҳанг ва урфу одати миллӣ имкон намедиҳад, ки мушкили хонавода ба берун барояд.
Насрулло Маҳмудов, вакили Маҷлиси намояндагон, дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ташкилотҳои байналмилалӣ ва СММ саҳмгузор аст.
Вакилон Хайриниссо Мавлонова, Сабоҳат Муқимова ва Насрулло Маҳмудов муаллифони лоиҳаи қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” будаанд. Қонуни мазкурро парлумон 19 декабр бо аксарияти орои вакилон қабул кард.