Categories ҶОМЕА

Соле, ки бо нигаронӣ аз муллову масҷид оғоз шавад…

Ҷамоли Камол, махсус барои «nahzat.tj»

21.03.2012, 20:15

«Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост»

Ҳадаф аз ин нигаронӣ гурехтан аз масъулиятҳои хеш аст

Диндорӣ сабаби ин ҳама қафомондагист, ё мушкил дар дигар ҷост?

Фосила байни мардум ва ҳукумат

Охирсухан

«Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост»

Иддае аз зиёиёни кишвар, ки 20- уми марти соли равон дар мулоқот бо президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштанд, баъд аз анҷоми мулоқот бори дигар нигаронии худро аз муллову масҷид аз тариқи расонаҳои хабарӣ иброз доштанд. Таъкид ҳам карданд, ки аз масҷид рафтан чӣ фоида? Ин паёми эшон баёнгари он аст, ки имсол низ борони мушкилот бар сари масҷиду мулло ва дар маҷмӯъ исломгароён мерезад. Мақоли халқ дорем, ки гуфтаанд: «Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост». Ба ин хотир, чун дар оғози сол нигарониҳо аз асҳоби масҷиду мулло ва дар маҷмӯъ аз исломгароён шурӯъ шуд, пайдост, ки мушкилзоёне дар қиболи эшон камин гирифтаанд.

Ба баёни дигар, ин нигарониҳо эъломи омодабошӣ ҷиҳати пазириши мушкилотест ки аҳли имонро интизор хоҳад буд. Аз ин ҷиҳат, фаромӯш набояд кард, ки чунин камин гирифтан суннати илоҳиест, ки барои бармало сохтани садоқати аҳли имон вуҷуд дошт ва дар оянда низ мубтало шудан ба он амри табиъие хоҳад буд. Яъне, боз сатҳи баҳсҳо то муллову масҷид расид, боз дари чанд масҷид баста хоҳад шуд ва боз фишорҳо зиёд хоҳанд шуд. Ҳазрати Юсуф (а) дар ҳаққи зиндон чунин гуфта буд: “Писандидатар аз он чи манро ба сӯяш мехонанд..” Ва ҳамон кулфатҳое, ки Имом Аъзам (р) дар замони худ талхии онро чашида буд.

Ҳадаф аз ин нигаронӣ гурехтан аз масъулиятҳои хеш аст

Бо ин вуҷуд, ҳукуматдорони кишвар вақте дониста роҳро аз болои мушкилоти мардум “моневр” карда, мехоҳанд, ки аз масҷиду мулло “девори чинӣ” бисозанд ва онҳоро монеаи аслӣ дар пешрафти давлатдории худ ҷилва намоянд, маънои онро дорад, ки соҳибони ин ҳарфҳо аз уҳдаи вазифаҳои аслии худ баромада натавонистанд ва аз ин рӯ номбар кардани муллову масҷид як навъ гурез аз асли воқеият аст, ки бо ин усул, фикри мардумро боз барои чанд муддат ба сӯи дигар равон кардан мехоҳанд.

Ин дар ҳолест, ки зимомдорони ҳукумат хуб медонанд, ки роҳҳо мошинхӯр шудаанд ва акнун дар чунин ҳолат “моневр” кардан, на ҳамеша ба нафъи ронанда анҷом мепазирад, яъне чуқуриҳое вуҷуд дорад, ки камари ронандаро мешикананд! Вақте ҳукуматдорон аз уҳдаи кори худ баромада наметавонанд, дар баробари ин, муваффақияти исломиҳоро бо чашми сар дида, роҳи наҷоти худро аз ин буҳрон дар тағйир афкори омма мебинанд. Баҳонаи осонеро дар ихтиёри худ доранд ва чун аксари курсинишинони ҳукумати кишвар парвардаи ҳукумати шӯравианд, гумон мекунанд, ки шиори “дин афюни миллат аст” то ҳол коромад аст.

Диндорӣ сабаби ин ҳама қафомондагист, ё мушкил дар дигар ҷост?

Эшон, ки масъулияти дунёву давлатдории худро дуруст, сари вақт ва бар тибқи ваъдаҳои додашуда иҷро карда наметавонанд, аз ин рӯ баҳонаи зикршударо дар даст доранд, он ҳам дин. Диндории мардумро сабабгори қафомонии худ дар амри давлатдорӣ мебинанд. На он харҷҳои ҳангуфту беохир, ки ҳар рӯз дар ҷашну маросимҳои наву куҳна сарф мешаванд, ба ёди эшон мерасанд.

Дур не, Вазорати молияи кишвар фақат барои бозсозии ҳамин наврӯзгоҳи Душанбе беш аз чору ним миллион сомонӣ ҷудо кард ва барои дигар чорабиниҳояш, аз ҷумла, хароҷоти саҳнасозии ҳофизу раққосаҳо, ки ҳама аз кисаи мардум харҷ мешаванд. Худо медонад, ки чи қадар маблағ ҷудо шуда бошад ва пули мардум садқаи сари ҳофизу раққосаҳо бод. Фикр мекунам агар ба ҷои он нисфе аз ин хароҷотро ҳадди ақалл дар 0,5 қитъаи роҳ сарф мекарданд, роҳҳои марказӣ таъмири “косметикӣ” не, таъмири “копиталӣ”- ро медиданд, мулк ободтар ва зиндагии мардум беҳтар мешуд. Вале чӣ илоҷ, ки савту наво ва рақсу харҷҳоро дар чунин ҷашнҳо, аз таъмири роҳҳо авлотар медонанд.

Фосила байни мардум ва ҳукумат

Вақте сатҳи таълимро дуруст ба роҳ монда наметавонанд, афзоиши масҷид ва пӯшишҳои исломиро пеши назар меоранд. Гӯё ки боз мушкилоти наве дар интизори эшон камин гирифта бошанд. Ин курсинишинони муҳтарами мо шояд то ҳол аз худ напурсида бошанд, ки чаро диндорон ҳар лаҳза пешрафте доранд ва дар баробар худи онҳо ҳар лаҳза як донишманд ва ё соҳибфикрро аз даст медиҳанд. Ҳар рӯз садҳо тан аз ҷавонон ва мутахассисону донишмандон, ки ҳама қувваи корӣ мебошанду метавонанд хидмате ба ҷомеаи худ бикунанд, ин кишварро тарк карда, муҳоҷир мешаванд. Бо ин усул фирори мағзҳо ҳар лаҳза ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷ он бар зарари миллату давлатдории мост.

Замоне, ки сари вақт ба мушкилоти мардум расидагӣ карда наметавонанд, солҳои ҷанг ва рӯзҳои пурмашаққатро ба хотир меоранд, дар ҳоле, ки мардум аз чунин тарзи масъалагузорӣ хаста шудаанд. Ҷаҳони имрӯзро насли нав деҳкадае беш намедонад, эшон ҳар лаҳза дар ҳар куҷое иттифоқе биуфтад аз он хабардор мешавад. Вақте ҳукумат ваъда медиҳанд, ки баъд аз ду ва ё се соли дигар мушкили бебарқӣ рафъ хоҳад шуд, гумон мекунанд, ки мардум ҳанӯз ба чунин ваъдаҳои солҳои 2000- ум бовар доранд.

Охирсухан

Ба ҳар сурат, хушо ба ҳоли онҳое, ки то ҳол ба ин ваъдаҳо бовар мекунанд ва орзу доранд, ки аз шамъҳо ва чароғҳои бобоӣ зарфи ду ё се соли дигар халос мешаванд. Хулоса дар асри 21 зиндагӣ карданро шурӯъ хоҳанд кард, вале ман ба чунин ваъдаҳо дигар бовар карда наметавонам. Ва аммо аз пайомадҳои он нигарониҳое, ки дар садри матлаб номбар кардам шубҳае надорам. Чун, ки Худованди ҳакиму доно дар садри сураи “Анкабут” мефармояд: “Ҳамоно мардумони (бо имон)- ро пеш аз инҳо низ мо имтиҳон (ба чунин балоҳо гирифтор) карда будем…”

Бо умеди шукуфоии кишвари азизамон.

More From Author

You May Also Like