Categories Uncategorized

Таҳлил: Оё Исломи сиёсӣ шикаст хурдааст?

Ё 9 далел оиди  пурқувват шудани исломи сиёсӣ

Коршиносони ғарбӣ, ки раванди ҳаракатҳои исломиро пайгирӣ мекунанд, одат кардаанд, ҳамин ки исломиҳо дар як нуктаи ҷаҳон ба шикасте ё ҳатто ба муҷарради ақибнишинӣ дар интихобот, агарчи хело хурд ҳам бошад, рӯбарӯ шаванд, ба ҷаҳониён бо тамоми қувват эълон кунанд, ки исломи сиёсӣ ноком ва шикаст хурдаасту аз байн меравад. Ин чизро метавон дар маҳофили ишон ва дар суҳбатҳояшон бо расонаҳо, ки онҳоро ҳамчун коршиносони номвар, ки хато намекунанд, мешуморанд, мушоҳида кард.

Ин иддаъоро ҳамнавоёни онҳо дар ҷаҳони ислом ва ҳамчунин кормандони расонаҳо ба ҳайси ҳақиқате, ки дар он шакку шубҳае нест, қабул мекунанд.

Қазияи Миср дар моҳҳои ахир материали пурборе барои чунин конфронсҳову таҳқиқот ба ҳисоб меравад, ки бозораш равнақ ёфтаасту матоъаш харидор.

Оё ин иддаъоҳо то чи ҳад дуруст ҳастанд? Оё он чизе, ки исломи сиёсӣ меноманд, дар остонаи ақибмонӣ ва нокомии бузургест, ки онро яқинан ба нобудӣ мерасонад? Ё ин ки масъала аз чанд қадаме ба ақиб барои омодагӣ ба шуруъи ҷадиде беш нест? Аммо воқеъият ин аст, ки ҳатто ин чанд қадаме ба ақиб ба зудӣ ба он хатти умумӣ, ки ба сӯи боло меравад, бо далелҳои зерин мепайвандад:

Якум. Ҳаракати исломӣ вожае, ки исломиҳо онро ба ҷои “исломи сиёсӣ” истифода мебаранд ва маънои вожаи ҳаракати исломӣ ин аст: Ҳамаи фаъолиятҳое, ки ба Ислом ҳамчун каломи ахири Худованд ба мардум ва ба ҳайси низоми шомил барои ҳаёт, ки мухотабаш ҳамаи ҷаҳониён аст, даъват мекунад. Ин Ислом чуноне, ки тамоми таҳқиқоти оморӣ таъкид мекунад, ин дин имрӯз аз тамоми динҳо ва низомҳои идеалогӣ дида, бештар дар ҳоли интишору тавсеъа аст ва аз ҳама дида ақлҳо ва иродаҳоро ба худ ҷалб мекунад. Инчунин, пайравони ин дин ба хотири он, дифоъ аз он ва барои пойбандӣ ба он аз ҳама дида бештар омодаи қурбонӣ бо қимматарин ва пурарзиштарин чизашон ҳастанд.

Он чизе, ки “исломи сиёсӣ” номида мешавад (ҳаракати исломӣ) бо характери диниаш, ки имрӯз бузургтарин ҳаракати динӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ба пеш қадам мезанад. Ин ҳаракат бо истифода аз технологияи муосир бо суръати баланд ба қуллаҳое расидааст, ки дар таърих беназир аст. Ба вижа, дар ҳолате, ки инсони муосир аз халои ақидатӣ, ноамнии вуҷудӣ ва нобудшавии доманҳои гарм мисли хонавода азият мекашад, ҳаракати исломӣ дар тавсеъаи нуфузаш тақрибан муқовимати ҷиддиеро рӯбарӯ намешавад.

Ин дар ҳоле рух медиҳад, ҳукуматҳо ба хотири камбуд дар масъалаи вазифаҳояшон оиди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки дар онҳо ҳолатҳои нигаронӣ, танҳоӣ ва надоштани ҳамдарде, ки аз нишонаҳои секулоризм ҳастанд, рӯз то рӯз меафзояд, бо суръат истеъфо медиҳанд. Ин ҳолатҳо афродро маҷбур мекунанд, ки доманҳои гарм ва низомҳоеро, ки хоҳишоти ҳар ду; ҷасаду рӯҳ, фарду ҷамъият, дину дунё ва арзишҳои ватаниву ҷаҳонӣ дар он якҷоя мешаванд, ҷустуҷӯ кунанд. Ҷӯянда ин гумкардаашро пурра дар Ислом бо меҳварҳои шумулиашу васатияти маъруфаш пайдо мекунад.

Бо вуҷуди ҷанги густурдаи бадномкунӣ ва сиёкуние, ки алайҳи Ислом ва ҳаракатҳову ақаллиятҳои он идома дорад, гаравидани нухбагони мумтози ҳамаи динҳову фарҳанг ба ин дин, далели ин гуфтаҳост.

Дуюм. Сарфи назар аз он ҳаракатҳои хурди ифротие, ки ҳеч миллат ва идеалогияе аз он эмин нест, ҳаракати исломӣ дар умум, Исломро ҳамчун идомадиҳандаи дастовардҳо ва арзишҳои тамаддунҳои инсонӣ нишон додааст, на ба ҳайси душмани ҳама гуна пешравиҳои модернизм, мисли таълим барои ҳама; бачагону духтарон ва на ба ҳайси душмани арзишҳои адолат, баробарии ҳуқуқ ва озодиҳо бидуни фарқгузорӣ бар асоси эътиқод, ҷинсият (зану мард) ва ранг, ки барои ҳама ҳуқуқи шаҳрвандӣ, инсонӣ ва озодии динӣ ва сиёсиро кафолат медиҳад, ҳамчуноне, ки дар демократияи муосир маъруф аст. Ҳаракати исломӣ ин баробарии ҳуқуқ ва озодиҳоро ҷузъи зарурии асли эҳтиромгузории Худованд бар башарият медонад, ки дар сураи Исро ояи 70-ум омадааст: “Ва лақад каррамно бани одам”, яъне мо башариятро мӯҳтарам ва мукаррам гардонидаем.

Сеюм. Ҳаракати исломӣ аз манбаъи Ислом, ки дини фитрат аст, сарчашма гирифта, бо истифода аз тамоми таҷрибаҳои тамаддунҳои ҷаҳон, ки бо арзишҳо ва рӯҳи Ислом дар расидан ба манофеъи инсон мувофиқат мекунад, дар ҷустуҷӯи роҳҳалҳое барои мушкилоти ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти башарият мебошад. Ин ҳаракат ба замиру виҷдони миллатҳо қариб буда, онҳоро бо арзишҳо, мафҳумҳо ва забонҳое, ки ба онҳо ошно ҳастанд, мухотаб қарор медиҳад. Ҳаракати исломиро аз нигоҳи нуфузи мардумӣ намешавад рақобат кард, ба шарте, ки фаъолони он мушкилоти мардумро дарк кунанду онро мутобиқи заминаи зеҳнӣ ва ақидатии онҳо бисозанд.

Чорум. Ҳаракат исломӣ беш аз нисф аср аст, ки ба саркубкарданҳои зиёде мувоҷеҳ шудааст ва аз як саркубие халос нашуда, бо дигараш рӯбарӯ мешавад, ки аз пештарааш шояд сахттару шадидтар будааст.

Ин саркубкарданҳои пайдарпай натоиҷи мусбии бисёреро ба ҳаракати исломӣ ба мирос гузоштааст. Аз ҷумла, ин саркуб карданҳо мироси муборизавие, ки аз як насл ба насли дигар мегузарад ва таърихи муштарак, ки ҳадди ақал 3 насл бар он тарбия ёфтанд, дар исломиҳо гузоштааст.

Ин саркубкарданҳои пайдарпайи ваҳшиёна ҳамдардии мардум нисбати исломиҳоро барои мазлум буданашон ба бор овард, ки холи изофие ба исломиҳо дод ва мисли он дар ягон рақиби сиёсии дигар дида намешавад. Чи тавре, ки мегӯянд, ҳар қадар азимату ирода қавӣ бошад, мушкилот ҳам ба ҳамон қадр меояд. Инчунин, миллатҳо ба афроди мубориз ҷойгоҳ ва манзалати хоссе қоил ҳастанд.

Панҷум. Исломиҳо имрӯз мавқеъгирии шарофатмандона ва устувор бештар аз ҳама вақт доранд ва мавқеъгирии ишон аз нигоҳи ақида ва мафҳуми фарҳангӣ ба мардум қариб аст. Ба таври мисол, исломиҳо дар Миср беҳтарин шиорҳо, мисли дифоъ аз хости мардум ва пофишорӣ ба сандуқҳои раъйгириро дар даст дошта, инқилоби мусолиматомези қашангеро пеш мебаранд. Онҳо аз арзишҳои инқилоб, мисли озодии расонаҳо, ки дар даврони ҳукмрониашон онро ҳифз карданд, аммо инқилобчиёни низомӣ онро поймол карданд, ҳимоят мекунанд. Ҳамчунин, онҳо аз дигарандешии сиёсӣ ва қазияҳои бузурги уммат, мисли масъалаи Фаластин дифоъ мекунанд.

Аммо дар муқобил, либералҳои мисрии асил, бо шумули ҳизби “Вафд” алайҳи инқилоби мардумӣ истодаанд, ки аз табаддулоти низомӣ ҳимоят карда, дар он об шуданду бо тонкҳои артиш бар ҳарими сандуқҳои раъйгирӣ таҷовуз карда, болои иродаи мардум, ҳатто ҷасадҳои онҳо мегузаранд. Ин либералҳо дастҳои хешро бар даҳони расонаҳо барои набаромадани овозҳояшон гузоштанду маҳбасхонаҳоро барои тудаҳои маъсум кушоданд.

Аммо ба қазияи бузурги уммат – масъалаи Фаластин туҳмати бузургеро раво диданд. Оё алайҳи раисҷумҳури интихобшуда туҳмати табодули маълумот (сиррӣ) бо созмони “Ҳамос”, далеле барои барканор кардани нахустин раисҷумҳури мунтахаб ва барои хушнуд кардани режими сеҳюнистӣ, накарданд?

Оё он чизе, ки нухбагони “модернизм”-и мисрӣ ва ҳамнавоҳои арабиашон, ки аз омадани табаддулот истиқбол карданд, навъе аз худкушии ҷамоъӣ нест? Ин ҳам дар муқобили мавқеъгирии шарофатмандонаи ҳаракати исломӣ дар баробари зулму ситам бо синаҳои холӣ, магар пур аз имон, нест?

Оё мумкин аст, аз нигоҳи таърихӣ, стратегӣ ва рӯҳияи ватандустӣ ин ҳамкорӣ бо табаддулотро пирӯзии либералҳои пешрафта ё қавмгароҳо ва ё пирӯзии секулорҳо номиду онро нокомии исломи сиёсӣ ва нобудиаш хонд?

Шашум. Мо шак надорем, ки он чизе ки дар Миср рух дод, на танҳо шикасти исломи сиёсӣ набуда, балки шикасти либералҳост, ки агар онҳо аз ин мавқеъгириашон даст накашанду ба рушд барнагарданд, он чи аз дастовардҳои либералҳову қавмгароҳои арабии секулор мондааст, аз байн мебарад.

Дар муқобили ин, табаддулот барои ҳаракати исломӣ фурсатҳоеро муҳайё мекунад, ки ба аъмоли худ таҷдиди назар кунад, то он хатоҳоеро, ки дар даврони ҳукмрониашон роҳ дода буд, ислоҳ кунад ва бо нирӯҳои мухолифаш – чи дар Миср ва чи дар дигар кишварҳо васеътар ва бештар ҳамкорӣ намояд, ба вижа дар марҳилаи интиқолӣ, ки дар он як ҳизб ва ё як ҷараён наметавонад, ба танҳоӣ ҳукмронӣ намояд ва ё Қонуни асосие, ки онро як ҷараён навиштааст, қобили қабул нахоҳад буд.

Ҳаракати исломӣ ин воқеъиятро – чи дар Миср ва дар ғайри он дарк хоҳад кард ва бо ҳамаи нирӯҳои ватандуст ҳамкории зич карда, барои ин нирӯҳо на танҳо фурсати мушорикати васеъ ва эътилоф бо онҳоро муҳайё хоҳад кард, балки ҳатто ба он шахсиятҳои ватандуст мансабҳои роҳбарикунанда дар ҳизбҳои исломӣ (дар аксари кишварҳои арабӣ байни ҳизб ва ҳаракат фарқият вуҷуд дорад, ки ҳизб фарогиртар аст ва инҷо ҳизбҳои исломӣ мабнӣ бар ин воқеъият истифода шудааст, мутарҷим) дода шавад. Зеро Ислом мироси муштарак барои ҳамаи уммат аст.

Ҳафтум. Ҳарчанд ихвониҳои Миср саркубиҳои пайдарпайро ба дасти ҳукмронони Миср, аз даврони подшоҳӣ то ба вижа дар даврони ҳукумати Ҷамол Абдуносир дидаанд, аммо он чизеро, ки алъон ба дасти генерал Сисӣ мебинанд, бо саркубиҳои гузашта қобили қиёс нест. Ҳамаи қурбоншудагон дар 60 сол аз 60 шаҳиде беш нест, аммо ин 60 қурбониро дар аввалин бархурди Сисӣ бо онҳо дар назди бинои горди раёсати ҷумҳурӣ доданд, ки баъдтар сухан аз ҳазорҳо куштаву маҷруҳ ва боздоштшуда меравад. Ин нишонаи рӯшани заъфи машруъияти табаддулот ва иқдоми табаддулотчиён ба саркуб кардани муқовимати мусолиматомези қаҳрамонсоз, ки рӯз то рӯз қавитар мегардад, мебошад.

Ҳаштум. Миёни саркубкардани ихвониҳо дар даврони Ҷамол Абдуносир ва саркубии кунунӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ фарқи зиёд аст. Ҷамол Абдуносир ихвониҳоро на танҳо бо тиру тонки давлат, балки бо барномаҳои калоне (сарфи назар аз то чи ҳад ҷиддӣ будани баъзе аз ин барномаҳо, ҳадди ақал), ки ба миллати Миср ва уммат ваъда дода буд, саркуб кард.

Ҷамол Абдуносир барои ин саркубиҳои амниятӣ ва сиёсиаш сафедкуниҳои зиёде аз қабили барномаҳо ва лоиҳаҳои пешрафтаи ҷаззоб, мисли барномаи ислоҳоти соҳаи зироат, нашри таълим, тавсеъаи Азҳари шариф, озод кардани Фаластин, иттиҳоди арабҳо ва мубориза алайҳи империализимро сохта буд. Аммо Сисӣ чи лоиҳае барои мардумаш ва барои уммат ба ғайр аз саркуб кардани ваҳшиёна, ки аҳмақона будани он то ҳадде расидааст, ки раисҷумҳури мунтахаби боздоштшударо ба табодули маълумот бо Ҳамос муттаҳам кардааст, дорад.

Нуҳум. Дар замони моҳвораҳои озод, ки ҷиноятҳои диктаторҳо зери қавитарин дурбинҳо ва равшантарин нурҳо ифшо мешаванд, ки ин ва ҳатто бархе аз он ба фиръавнҳои замони қадим, ки ҷиноятҳояшон махфӣ нигоҳ дошта мешуд, муҳайё набуд. Фиръавни Мусо то ҳадде қудрат дошт, ки мегуфт: “Мо урикум илло мо аро”, яъне он чизеро мебинам, бароятон амр мекунам (сурати Ғофир, ояи 29). Ӯ қудрати мутлақи худро болои мардумаш аз тариқи контроли маълумот таҳмил мекард.

Он замон гузашт. Ҷиноятҳои золимон зери шишаи дурбин мегузаранд. Пас, ояндае барои Сисӣ ва амсоли ӯ дар замони моҳвараҳои озод вуҷуд надорад.

Хулоса

Он чизе, ки гузашт, мехоҳам бо кулли итмиънон таъкид кунам, ки исломи сиёсӣ на дар Миср ва на дар дигар ҷой шикаст нахурдааст, зеро дунёи фикру андеша ба шакли бесобиқа пур аз арзишҳои исломист. Аз замоне, ки модернизм бо тонкҳояш болои мо ҳамлавар шуду бар болои нухбагонамон нуфуз пайдо карда, мехост Исломро ба ҳошия биронаду аз барномаҳои бузурге суҳбат кард, аммо аксари ин хостаҳо дар ҷодаҳои озодӣ ё тавсеъа ё адолат ва ё таҳрири Фаластин амалӣ нашуданд. Инсон ниёзашро дар Ислом ёфт ва дар он барномаи эҳёгарӣ ва бедориро ҷустуҷӯ кард, то бо дастовардҳои модернизм на ба ҳайси душман, балки ҳамчун ҳамкор бошад.

Он чизе, ки исломи сиёсӣ номида мешавад, дар ҳолати шикаст набуда, балки дар садади ислоҳи хатоҳояш буда, ба марҳилаи ҷадиди ғайрибаъиди ҳукмронии беҳтар омодагӣ мегирад.

Исломи сиёсӣ дар замони моҳвораҳои ахбории озод  ва дар мубориза алайҳи барномаҳои табаддулоте, ки аз пушиши арзишӣ, тамаддунӣ ва сиёсӣ орӣ аст, ба даҳҳо сол ниёз надорад, то фурсатҳои бузургеро, ки дар интизораш ҳастанд, истифода барад.

Балки ҳаракатҳои исломӣ дар қаъри ҷомеъаҳояшон реша дошта, бардорандаи ирзишҳои инқилобҳои мусолиматомези демократӣ ва арзишҳои мушорикат аст.

Худованд дар сураи Юсуф, ояи 21 мегӯяд: “Валлоҳу ғолибун ъало амриҳӣ ва локин аксаран-носи ло яъламун”, яъне Худованд ба ҳар чизе, ки хоҳад, ғолиб аст, вале аксари мардум инро дарк намекунанд.  

Шайх Рошид Ал-Ғаннушӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тунис

Мутарҷим: Маҳмудҷон Файзраҳмонов

More From Author

You May Also Like