Тибқи омори расмӣ дар Фаронса солона чаҳор ҳазор нафар дини мубини Исломро қабул мекунад.
Расонаи хабарии “Форс” такя ба гузориши вазорати ин кишвар навиштааст, ки дини мубини Ислом дар Фаронса гароиши бештареро миёни дигар адён дошта, солона 4 ҳазор нафар ба ин дин мегаравад.
Бино ба иттилои манбаъ, пас аз Ислом масеҳияти котоликӣ бештарин гароишро дошта, солона 2900 нафар пайрави ин мазҳаб мегарданд ва ҷойи сеюмро бошад дини яҳудӣ ишғол кардааст, ки дар як сол қариб 300 нафар онро қабул менамоянд.
Ҷомеашиносон эълон намудаанд, ки 15 ё 20-сол муқаддам далели аслии ба Ислом гаравидани фаронсавиҳо холигии рӯҳие буд, ки онҳо эҳсос мекарданд. Аммо омили асосӣ имрӯз вазъияти иҷтимоии ин кишвар мебошад.