Муассиса таҳқиқотӣ “faith matters” дар Англия аз рушди 80 дарсадии ташрифи шаҳрвандони бритониёӣ ба Ислом дар 10 соли ахир хабар дод.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, ба нақл аз “thenational”, бар асоси охирин гузориши мунташир шуда аз тарафи гурӯҳи таҳқиқотии “faith matters” дар Англия, дар тӯли як даҳҳаи ахир беш аз 40 ҳазор шаҳрванди бритониёӣ ба дини мубини Ислом мушарраф шудаанд.
Ин гузориш таъкид дорад, ки нархи гароиш англисҳо ба дини Ислом 10 соли ахир 80 дарсадӣ доштааст. Бар асоси таҳқиқи ин гузориш, ҳамасола ба таври миёна ҳудуи 5 ҳазору 200 англис дар ин кишвар мусалмон мешаванд.
Дар ин гузориш омадааст, ки беш аз ниме аз тозамусалмонҳо дар Британия сафедпустон ва ҷавонони Англия ташкил медиҳад.
Ҷавонони Англия, ки ба дини Ислом гароиш пайдо мекунанд, дар синни 27 то 30 қарор доранд. Дар баробари ин шумори занони тозамусалмон ҳам бештар ба назар мерасад.
Дар гузориш омадааст, ки таблиғоти манфӣ алайҳи Ислом ва мусалмонон дар Англия аз тарафи расонаҳо метавонад яке аз далелҳои гароиши ғайримусалмонон ба дини Ислом ва мутолиаи ин дин бошад.