Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва узви порлумони кишвар, бо таъкид бар ин ки ман худам яке аз ҷонибдорони сарсахти баргаштан ба хатти порсӣ ҳастам, тасреҳ кард: “Вале дар наҳва ва чигунагии баргаштан – на асли он – ва ҳамчунин дар робита бо ояндаи хатти сириллик бо бархе аз бародарон ихтилофи назар дорам.”
Вай назари худро дар ин бора чунин баён дошт: “Банда тарафдори ин ҳастам, ки омӯзиш ва таълими хатти порсӣ бояд дар кишварамон тақвият шавад ва омӯхтани хатти порсӣ, яке аз авлавиятҳои низоми таълиму тарбият дар Тоҷикистон дониста шавад; мо бояд як барномаи ҳисобшудаи давлатӣ дошта бошем мабнӣ бар ин ки баъд аз 10 сол тамоми мактаббачаҳо ва хатмкунандагони мадориси умумии кишвар бояд тасаллути комил ба хатти порсӣ дошта бошанд, ва ҳатто дар яке аз мароҳили мутавассита, яке аз имтиҳоноти аслӣ барои муайян кардани сатҳи дониши донишомӯзон, ин имтиҳони хатти порсӣ бошад.”
Кабирӣ афзуд: “Миллати тоҷик, бо он қудрати зеҳние, ки дорад, қатъан метавонад ҳамзамон, ҳам аз хатти порсӣ ва ҳам хатти сириллик, истифода бибарад, ва ба назари ман, дар ин росто ҳеч душворӣ ва мушкилие болои мактаббачаҳои мо пеш нахоҳад омад. Ва аммо баъд аз он – яъне баъд аз тасаллут пайдо кардани ҳама бо хатти порсӣ – бо хатти сириллик чӣ бикунем? Назари ман ин аст, ки мо дар як марҳилаи то ҳадди имкон дарозмуддат байни 15 – 20 сол, бояд тарафдори мавҷудияти ҳар ду хат дар кишвар бошем, яъне ин марҳила (15-20 сол), баъд аз марҳилаи омӯхтани забони порсӣ, ки арз шуд ҳудуди 10 сол аст хоҳад буд. Дар ин муддат (15-20 сол), ҳар ду хат, дар Тоҷикистон роиҷ бошад, ва танҳо баъд аз ин марҳила (15-20 сол) аст, ки бояд тасмим гирифта шавад.”
Инак, машрӯҳи гуфтугӯ бо Муҳиддин Кабирӣ:
– Матлабе, ки мехоҳам имшаб бо шумо пиромуни он баҳс ба амал оварам ин аст ҷаноби устод, ки изҳори назари ҷаноби шумо ба яке аз дӯстони гиромиямон дар робита бо гузор аз сириллик ба хатти модарӣ яъне порсӣ, имрӯзҳо дар гурӯҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи маҷозии Facebook баҳсу ҷадали дуру дарозеро барангехтааст, ки барои худ мувофиқон ва мухолифонеро ҳам ба вуҷуд овардааст. Албатта, пеш аз ҳама бояд инро ёдовар бишавам, ки гурӯҳи номбурда гурӯҳе аст, ки беш аз чаҳор ҳазор узв дорад ва шояд аз беҳтарин гурӯҳҳо дар шабакаи маҷозӣ ба шумор равад. Талоши гурӯҳ ин аст, ки мардум бо забони ниёкони худ ошно шаванд ва ҷомеаи мо ба тадриҷ ба хатти модар, ки ҳамон порсӣ аст баргарданд. Дар ин гурӯҳ тарҳҳои мухталифе барои чигунагӣ ва кайфияти гузор ва интиқол ба хатти модар матраҳ ва мавриди табодули назари аъзо қарор мегиранд. Яке аз тарҳҳо ин аст ҷаноби устод, ки мо дар як муддати муайян, ҳоло 5 ё 7 ё 10 сол ду хатта бошем ва дар ин муддат мардум бо хатти модар комилан ошно ва баъд ҳам, бо хатти сириллик худоҳофизӣ шавад ва он гоҳ дигар баргардем ба порсӣ. Шумо дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо рӯзноманигори маъруф ҷаноби оқои Дориюши Раҷабиён, зоҳиран матлабе фармудаед, ки барои тарафдорони гузор ба хатти модар андаке ноумедкунанда менумояд. Аз ҷаноби олӣ хоҳиш ба амал меояд, ки назари худро бо тафсили бештар бозгӯ бифармоед, то матлаб барои хонанда рӯшан бишавад.
– Бисмиллоҳир Раҳамонир Раҳим. Пеш аз ҳама, ташаккури худро аз ин ки дӯстон мавзӯъи муҳиммеро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд, иброз медорам, ва боракаллоҳ мегӯям ба дӯстоне, ки заҳмат кашиданд ва ин гурӯҳро, ки шумо аз он ном бурдед ва ё гурӯҳҳое шабеҳи онро – чи дар Facebook ва ё шабакаҳои иҷтимоии дигар – роҳ андохтанд, ва хаста набошед мегӯям ба ин дӯстон ба хотири заҳамоте, ки барои эҳёи арзишҳои миллӣ чун эҳёи хат мекашанд; чун хат ҷузъе асосӣ аз фарҳанг аст ва шояд яке аз аркони аслии он бошад. Ва чун заҳмати зиёд мекашанд, эҳсос мешавад, ки сарфи назар аз назарот ва дидгоҳҳои мухолифу мувофиқ, ин гурӯҳ воқеан ҳам ба дунболи худшиносии воқеии мо тоҷикон ҳастанд.
Албатта баҳсҳо дар робита бо гузор ба хатти порсӣ зиёданд. Ман худам яке аз ҷонибдорони сарсахти баргаштан ба хатти порсӣ ҳастам, вале дар наҳва ва чигунагии баргаштан – на асли он – ва ҳамчунин дар робита бо ояндаи хатти сириллик дар Тоҷикистон, бо бархе аз бародарон ихтилофи назар дорам. Ёдам нест, ки ман дақиқан ба эшон чӣ гуфта будам ва он ҷумалоту иборот ба сурати дақиқ чӣ буданд, вале ҳоло метавонам андеша ва фикри худро ин ҷо баён бикунам.
Банда тарафдори ин ҳастам, ки омӯзиш ва таълими хатти порсӣ бояд дар кишварамон тақвият шавад ва омӯхтани хатти порсӣ, яке аз авлавиятҳои низоми таълиму тарбият дар Тоҷикистон дониста шавад; мо бояд як барномаи ҳисобшудаи давлатӣ дошта бошем мабнӣ бар ин ки баъд аз 10 сол тамоми мактаббачаҳо ва хатмкунандагони мадориси умумии кишвар бояд тасаллути комил ба хатти порсӣ дошта бошанд, ва ҳатто дар яке аз мароҳили мутавассита, яке аз имтиҳоноти аслӣ барои муайян кардани сатҳи дониши донишомӯзон, ин имтиҳони хатти порсӣ бошад.
Миллати тоҷик, бо он қудрати зеҳние, ки дорад, қатъан метавонад ҳамзамон, ҳам аз хатти порсӣ ва ҳам хатти сириллик, истифода бибарад, ва ба назари ман, дар ин росто ҳеч душворӣ ва мушкилие болои мактаббачаҳои мо пеш нахоҳад омад.
Ва аммо баъд аз он – яъне баъд аз тасаллут пайдо кардани ҳама бо хатти порсӣ – бо хатти сириллик чӣ бикунем? Назари ман ин аст, ки мо дар як марҳилаи то ҳадди имкон дарозмуддат байни 15 – 20 сол, бояд тарафдори мавҷудияти ҳар ду хат дар кишвар бошем, яъне ин марҳила (15-20 сол), баъд аз марҳилаи омӯхтани забони порсӣ, ки арз шуд ҳудуди 10 сол аст хоҳад буд. Дар ин муддат (15-20 сол), ҳар ду хат, дар Тоҷикистон роиҷ бошад, ва танҳо баъд аз ин марҳила (15-20 сол) аст, ки бояд тасмим гирифта шавад. Албатта мо тарафдори он ҳастем, ки хатти сириллик аз коргузории дохилии кишвар берун бароварда нашавад.
– Чаро?
– Бибинед, шояд дар Тоҷикистони мо бошанд касоне ки бо хатти сириллик мушкил доранд; ҳол ба лиҳози фикрӣ ва ё фарҳангӣ, вале мо бояд фикри аксарияти мардумро бикунем. Дар сатҳи кишвар ва миллат, ҳар касе барои худ фикр ва ақидаи хоссе дорад, вале дар ҳангоми тасмимгирӣ, андешаҳои шахсии худро канор бигузорем ва миллӣ фикр бикунем. Имрӯз ҳудуди ду миллион аз ҳамватанони мо дар Русия кор мекунанд, ва таҷриба нишон додааст, ки ҳар кӣ тасаллути бештар ба забони русӣ ва хатти сириллик дошта бошад, дар шароити муҳоҷират дар Русия шароити беҳтару бештаре дорад ва донистани забони русӣ яке аз имтиёзҳои муҳоҷирони мо дар Русия ба шумр меравад ва ҳатто ахиран ҳукумати Русия қонуне қабул кардааст, ки аз муҳоҷирин имтиҳони забони русӣ гирифта шавад. Ва бинобар ин, агар мо дар Тоҷикистон хатти сирилликро бардорем, табиист, ки дастрасӣ ба забони русӣ ва фарогирии он душворатар ва дар натиҷа шароит барои касоне ки дар Русия ҳастанд саъттар ва душворатар хоҳад шуд.
– Хуб ин роҳи ҳал дорад, ва он ин ки хат ва забони расмӣ дар кишвар ҳамон хат ва забони порсӣ бошад, вале русӣ (сириллик) фақат ба унвони як зарурат омӯхта бишавад; он ҳам на барои ҳамагон, балки барои касоне ки онро барои худ зарур мешуморанд; мисли баъзе аз кишварҳои офриқоӣ, ки хат ва забони расмиашон бумӣ аст, вале масалан англисӣ ва ё фаронсавиро ба ҷиҳати зарурат меомӯзанд, зеро сару корашон бештар бо кишварҳои англисизабон ва ё фаронсавизабон аст. Аммо бо ин ҳол, англисӣ ва ё фаронсавӣ забони давлатӣ ва омӯзиши иҷборӣ нест, мардум аз рӯи зарурат онро меомӯзанд. Мардуми мо ҳам метавонанд ҳамин корро бикунанд, лизо зарурате барои бақои ин хат намемонад.
– Бибинед, забони русӣ ва хатти сириллик барои мо яке аз заруратҳост, ва мо набояд ҷойгоҳи забони русиро мисли ҷойгоҳи забони англисӣ барои баъзе аз кишварҳои офриқоӣ бидонем, забони русӣ барои Тоҷикистони имрӯзаи мо, ҷойгоҳаш як каме бештар аз мақому ҷойгоҳи забони англисӣ барои бархе кишварҳои африқоӣ аст. Ин танҳо масъалаи муҳоҷират нест. Ҳанӯз ҳам дар дохили Тоҷикистон қишрҳое аз мардум ба забони русӣ роҳаттар сӯҳбат мекунанд ва андешаи худро ба забони русӣ баён мекунанд.
Мо метавонистем бо хатти порсӣ бо торихи худ ошно бишавем, метавонистем бо ин хат ба илми ҷаҳонӣ роҳ пайдо бикунем, зеро хатти порсӣ ин зарфиятро дорад. Ҳаракати тарҷума ё ба истилоҳи дигар, наҳзати тарҷума дар Эрон, ба ҳадде қавӣ аст, ки шояд ҳатто дар Русия ин гуна набошад. Дар Русия шояд ба ин андоза тарҷумаи зиёд аз адабиёти ҷаҳонӣ ва илмӣ ва бадеъӣ, ки дар Эрон дида мешавад, вуҷуд надошта бошад. Вале чун мардуми мо аз хатти порсӣ маҳрум ҳастанд, дастрасӣ ба ин ҷаҳони маънӣ ва илмро надоранд. Ва лизо танҳо равзана барои мо ба сӯи ҷаҳон, ҳанӯз хат ва забони русӣ мемонад. Тасаллути комил ба забони англисӣ ҳам надорем, ба забони арабӣ ҳам надорем.
Мо дар як ҳолате қарор дорем, ки бо забони порсӣ сӯҳбат мекунем, вале бо хатте менависем, ки онро танҳо 7 миллион мардум мефаҳманд. Ҳавзаи гуфтугӯи мо фақат 7 миллион аст, на бештар; ҳол он ки мо ин имконро доштем, ки аз роҳи хатти порсӣ мухотаби мо беш аз 100 миллион инсон дар Афғонистон, Эрон ва гурӯҳе бузург аз порсидонони ҷаҳон бошанд.
Ва ҳамчунин агар мо комилан ба хатту забони русӣ мегузаштем, шояд наздики 300 миллион мухотабу ҳамсӯҳбат доштем. Ҳамаи русзабонҳо, ки шуморашон аз 300 миллион бештар бошад ҳам кам нест. Вале мушкили мо ин аст, ки мо бо забони порсӣ сӯҳбат мекунем, вале бо хатти сириллик менависем. На олами порсизабонон моро мефаҳманд ва на олами русизабонҳо.
Касоне ки пофишорӣ мекунанд, ки мо дар оянда ҳам танҳо бо ҳамин шакл бимонем, яъне забони порсӣ ва хатти сириллик, инҳо дониста ё надониста Тоҷикистонро дар як бунбаст ва ҳошияи равандҳои ҷаҳонӣ қарор медиҳанд ва ин барои миллати мо як фоҷеа хоҳад буд.
Ҳол, роҳи ҳалро мо дар чӣ мебинем? Дар ин ки мо бояд ҳарчи зудтар барномаи давлатӣ ва бо пуштибонии ҳамаи рӯшанфикрон, таълими хатти порсиро бояд роҳандозӣ кунем.
Ман бисёр мехостам, ки дӯстони мо, хусусан дӯстдорони хатти порсӣ, маро дуруст дарк кунанд, Худой нокарда фикр накунанд, ки мо хоҳони бақои ҳамин вазъе ки имрӯз ҳаст бошем. На ин тавр нест.
Агар воқеан бар ин бовар ҳастем, ки зеҳни тоҷик ва ақли тоҷик ин қудратро дорад, ки ҳамзамон ду хатро фаро бигирад, мо аз нигаҳ доштани хати сириллик дар канори хатти порсӣ зарар нахоҳем кард, баръакс, имкониятҳои бештареро дар ихтиёр хоҳем дошт, ки донистани худи хат, як омодагӣ ва муқаддимаи фарогирии як забон аст. Шумо масалан метавонед бо як забон сӯҳбат бикунед бидуни он ки хатташро бидонед, вале агар шумо хаттро ҳам бидонед, қатъан омӯхтани забон осонтар мешавад, аз ҷумла забони русӣ ҳам. Ман фикр намекунам, ки дар даҳсолаҳои оянда ҳатто то 40 – 50 соли оянда, зарурат ба забони русӣ аз байн биравад.
– 40 – 50 сол хеле зиёд нест?
– На. Бибинед ҳамсоягони мо аксарият бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд, забони русӣ на танҳо забони муошират ва муколама байни мо ва русҳост, балки байни мо ва ӯзбекҳост, байни мо ва қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо ва куллан кишварҳои Шӯравии собиқ аст. Чаро мо худро аз ин имконияти бузург маҳрум кунем, агар воқеан миллатдӯст ва патриот ҳастем? Оё вуҷуди хатту забони русӣ монеъи омӯзиши хат ва забони порсӣ мегардад?
– Дар ин шак нест, ки мо дар як муддат чорае ҷуз ин ки духатта бошем надорем, аммо на ин ки ин ҳолати зарурат барои ҳамеша бар сари мо боқӣ бимонад. Ончи шумо мефармоед, на ин ки убур аз ҳолати ночорӣ аст, балки навъе эҷоди ҳамин ҳолат ҳам ҳаст. Асосан, чаро мо маҷбур ҳастем, ки хештанро дар ин ҳисор қарор бидиҳем? Тамоми дунё, ки Русия ва ин чанд кишвар, ки мефармоед нест? Дунё мошоаллоҳ паҳновар аст.
– Бибинед, мо дар бораи забони давлатӣ қонун қабул кардем ва забони тоҷикиро забони давлатӣ эътироф кардем, ва ин як воқеият аст, ва забони русиро ҳам ба унвони забони расмӣ ва забони муошират байни миллатҳо ҳифз кардем. Назари ман ин аст, ки мо дар ин ҷо чизеро аз даст надодем.
Хат ҳам ҷузъе аз забон аст, шарт нест, ки мо ба хатти русӣ мақоми расмӣ бидиҳем, ба забон додем кофӣ аст, чун хат ҷузъе аз забон аст. Вақте ки забони русӣ дар системаи давлатии мо мақоми расмӣ дорад, ин табиатан ба хат ҳам дахл дорад. Муҳим он аст, ки мо сатҳи омӯзиш ва таълими хат ва забони русиро поин набарем. Агар мо омӯзишу таълими забони порсӣ ё ҳар забони дигаре – масалан англисӣ ва арабӣ, ки шояд дар оянда зарурат иқтизо бикунад – ро боло бибарем, ин набояд аз ҳисоби забони русӣ бошад, чун мо дар ин ояндаҳо ниёз ба забони русӣ хоҳем дошт.
Агар мо воқеан миллатдӯст ва ба фикри ояндаи миллат бошем, хостаҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро канор ниҳем. Вақте зарурат ва маслиҳати кишвар чизеро иқтизо мекунад, мо бояд гароишҳои шахсӣ ва гурӯҳии худро канор гузорем. Агар фардо барои донистани забони арабӣ ва ё туркӣ ва ё ҳар забоне дигар зарурат пайдо бишавад, оё мантиқӣ аст касоне ки бо ин забонҳо мушкил доранд, монеъи омӯзиши он бишаванд? Масалан, гурӯҳе аз забони арабӣ хушашон намеояд ва забони арабиро ҳаммаънои ислому дину эсктримизму фарҳанги арабӣ медонад, ё гурӯҳе дигар аз забони туркӣ хушашон намеояд ва онро барои руҳияи миллии мо хатарнок медонад, оё дуруст аст ба ин хотир мо аз омӯзиши онҳо сарфи назар кунем? Дар ҳоле ки заруратҳо бар мо онро таҳмил мекунад.
Агар мо воқен ҳам дунболи манфиатҳои миллӣ ҳастем, бояд ин заруратҳоро дар назар бигирем. Фардо агар зарурат пеш ояд, ки мо дар ҳамаи кишварҳои арабӣ сафорат дошта бошем ва иртибототи тиҷорӣ бо арбаҳо қавӣ бишавад, пас зарурати таълими бештари забони арабӣ ба вуҷуд меояд. Ин таълим набояд аз ҳисоби забонҳои дигар бошад, пеш аз ҳама аз ҳисоби забони тоҷикӣ ва хатти порсӣ, набояд аз ҳисоби забони русӣ ва англисӣ бошад.
Бинобар ин, умедворам, ки дӯстони мо ва дӯстдорони хатти порсӣ моро дуруст дарк кунанд. Тақвияти таълими хатти порсӣ як масъалаи зарурӣ аст, ки мо комилан тарафдори он ҳастем, ва додани авлавият ба ин хат, матлуб аст, вале мо шадидан мухолифи он ҳастем, ки ин бояд аз ҳисоби хат ва забони русӣ бошад.
Имруз мову шумо дар Теҳрон сӯҳбат карда истодаем, шумо зарурати бештар ба хатти порсӣ доред ва нафароне ҳам дар Ландану Порис ҳастанд ва зарурате ба забони русӣ намебинанд, вале бояд фикри 2 миллион муҳоҷири мо дар Русияро бикунем ва ҳамчунин мардумоне дар дохили Тоҷикистонро, ки забони муошират ва забони кору зиндагиашон забони русӣ аст.
– Устод! Ҷаноби шумо зоҳиран ба ин масъала фақат аз равзани масолеҳу манофеъи сиёсӣ нигоҳ мекунед. Ин масоил, ки фармудед, ҳама масолеҳу манофеъи сиёсист, ки собит нестанд, инҳо масоили мутағайир ҳастанд, яъне бо тағйири шароит тағйир пайдо мекунанд, дар ҳоле ки хат, як масъалаи собит ва фарҳангӣ аст, тобеъи ин қабил масолеҳу манофеъ нест. Масъалаи собит ва фарҳангӣ бояд таҳмил шавад, агарчи аксарият хоҳони он набошад, зеро марбут ба ҳувияти миллӣ аст. Ва ҳар вақт ки як масъалаи инчунинӣ тобеи масолеҳи сиёсӣ бишавад, бадбахтӣ ба сари миллат хоҳад омад. Мо як бор ин мусибатро таҷриба кардаем ва ҳанӯз авоқиби шуми он гиребонгири миллат аст, яъне вақте болшевикон омаданд ва ду бор хат тағйир гардид. Агар он замон фарҳехтаҳои мо ҳам дар баробари сиёсатмадорон муқовимат мекарданд мисли гурҷиҳо ё арманиҳо ва хатро тағйир намедоданд ба сириллу лотин, ин балоҳое ки баъдан омад, намеомад. Шумо алъон ба масъала дақиқан аз ҳамон равзана нигоҳ мекунед. Ин ки хат бимонад ё намонад, вазифаи сиёсатмадор нест, балки вазифаи фарҳехтагон ва фарҳангиён аст.
– Бибинед оқои Сайидюнус, мо бояд чанд масъаларо аз ҳам ҷудо кунем. Аввалан, мо ҳаргиз масъаларо сиёсӣ накардаем, аз мо суол карданд, мо назари худро дар ин мавзӯъ баён кардем, ки лузуман сиёсӣ нест. Шумо гуфтед, сиёсатмадорҳо замоне хатти моро тағйир ва хатте дигарро бар мо таҳмил карданд, он ҳам на як бор балки ду бор, ва гуфтед, ки ин иштибоҳ буд, ман мегӯям, ин кор як ҷиноят буд. Як гурӯҳи хурд назари худро бар аксарият таҳмил карданд. Ҳол, фориғ аз ин ки мо бурд кардем ё бохт доштем, ки як баҳси дигар аст, вале чаро ҳамон коре ки дар авоили асри 20 аз сӯи як гурӯҳи қалил ва андак бар миллати мо таҳмил шуд, мо айни ҳамон иштибоҳро дар авоили асри 21 нисбати миллатамон бикунем? Чаро иҷозат диҳем, ки як гурӯҳи андак назари худро бар гурӯҳи аксарият бо ҳар далелу нияте – ки шак надорам нек аст – бар миллат ва бар аксарият таҳмил кунад?
Оё мо назарсанҷие кардем, ки мардуми мо дар ҳамин шабу рӯз бо кадом хат зиндагӣ кардан мехоҳад ва барояш кадом хат осонтар аст? Бале мову шумо, ки дӯстдори хатти порсӣ ҳастем ва мехоҳем ҷойгоҳи хатти порсӣ дар ҷомеа қавитар бошад, бояд заҳмат кашем ва кор бикунем. Ин масъала як масъалаи рӯшангарои аст, масъалаи сиёсат ва масъалаи таҳмил нест. Мо тарафдори он нестем, ки арзишҳои фарҳангӣ болои мардум таҳмил шавад. Агар воқеан эътиқод дорем, ки хат ҷузъе аз фарҳангу арзиш аст, набояд он болои мардум таҳмил шавад. Ҳар чи қадар шумо эътиқодатон баланд бошад, ки фарҳанги шумо дуруст аст ва эътиқодатон дуруст ва шумо беҳтар медонед аз оммаи мардум, ки чӣ гуна бояд зиндагӣ кунад, вале ҳақ надоред, ки эътиқод ва арзишҳо ва хостаҳои худро ба мардум таҳмил кунед. Ба мардум иҷозат диҳед, ки худаш интихоб кунад.
Агар имрӯз хатти сириллик барои мардуми тоҷик роҳаттар аст, бигузор бо ҳамин хат ба кори худ идома диҳанд, ҳарчанд медонем, ки бо ин хат мо худ ва миллатамонро маҳдуд кардаем мутаассифона. Ҳамон тавр ки дар аввали сӯҳбат гуфтам, мо ҳамагӣ 7 миллион мухотаб дорем, фақат бо худамон сӯҳбат мекунем, ҷаҳон моро на хонда метавонад на шунида метавонад на мефаҳмад, аслан, ин мусибат аст. Аммо роҳи бурунрафт аз мусибат чӣ аст? Набояд мо ин иштибоҳро бо иштибоҳи дигар ислоҳ кунем. Агарчи замон мехоҳад, бигузор 10 сол бошад, 15 сол бошад, бояд аз ҳоло шурӯъ кунем ба омӯхтану таълими ҷиддии хатти порсӣ.
Ин ҷо ҷои сиёсат нест. Дӯстон фикр накунанд, ки мо инро танҳо ба хотири манфиати 2 миллион муҳоҷир мекунем, ман ангезаи дӯстонро хуб дарк мекунам ва шояд 90 дарсад бо дӯстон шарик ҳастам, вале дар наҳваи расидан ба ҳадаф бо дӯстон ихтилофи назар дорам ва маро бибахшанд ба хотири ин ихтилофи назаре, ки дорем. Ин ҷо сиёсат нест, ин ҷо комилан роҳу равиши расидан ба ҳадаф аст. Бибинед, асалан вақте мегӯем забону хатти мо масоили фарҳанги ҳастанд, ҳувияти миллӣ ҳастанд, инҳо ба хотири миллат ҳастанд, ба хотири инсон аст. Мо имруз бибинем, ки бо кадом роҳ, бо кадом хат, бо кадом забон ба миллат хидмати бештар карда метавонем. Ман назарам ин аст, ки бояд фикри миллатро ҳам бикунем дар ин масъала.
– Саломат бошед устод, ташаккур аз ин ки аз барои сӯҳбат бо мо вақт ҷудо кардед.
– Муваффақ бошед!
“Кимиёи саодат”